МАҶЛИСҲОИ УМУМИИ СОЛОНАИ ШУЪБАҲОИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
15 – уми декабри соли 2016 бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон ва муовинони директорҳо, котибони илмӣ ва кормандони илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлисҳои умумии солонаи Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ, Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ ва Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ баргузор гардид.
Дар Маҷлисҳои умумии солона оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии муассисаҳои илмии Шуъбаҳои АИ ҶТ раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Саидмуҳаммад Одинаев; раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тиби АИ ҶТ, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Якубова; раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов баромад намуданд.
Дар Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ, президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуда, иброз дошт ки дар замони муосир татбиқи коркарду дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот аҳамияти хоса дорад.
Дар маърӯзаҳои ҳисоботии раисони Шуъбаҳо роҳандозӣ шудани лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва муҳокимаи мушкилоти муассисаҳои илмии АИ ҶТ баён гардид.


