joomla
free templates joomla

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ– АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАҲАВУВУЛОТИ 25– СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН” ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     15 – уми сентябри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Таҳаввулоти 25 – соли Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон” доир гардид.

     Дар оғози Конференсия президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзишу сайёҳӣ Фурқат Пиров, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов, раиси Шӯрои олимони ҷавонони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мену Мамадюсуфова ва раиси Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Давлатов сухан гуфта, дар такия ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат маънидод намуданд.

     Дар Рафти Конференсия олимону муҳаққиқон атрофи мавзуҳои “Истиқлолияти энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имрӯзи Тоҷикистон”, “Таърихи рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҷавонон ва истиқлолият”, “Бунёдгузори Ваҳдати миллӣ”, “Нақши ташкилотҳои давлатӣ дар рушди амнияти озуқаворӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ”, “Рӯй ба сӯи Истиқлолият”, “Инкишоф ва амалишавии принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият” ва “Масъалаҳои ҳуқуқии тамини Истиқлолияти энергетики дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза карданд.

     Дар маърӯзаҳои олимони ҷавон таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз солҳои аввал ба даст овардани Истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар заминаи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ ба баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, таълиму тарбия, илму ҳунаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ шароити арзандаро фароҳам овард, ки барои амалӣ гардидани ташаббусҳои ҷавонон мусоидат намуд.

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан