Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо”
6 – уми сентябри соли 2016 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо” баргузор гардид.
Конфронсро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукуҳи Истиқлолият самимона шодбош гуфт.
Дар оғози конфронс Маҳмадшариф Бобошоҳзода – мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа матни Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи мукофотонидани ду нафар кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Валӣ Самад бо медали “Хизмати шоиста” ва ходими калони илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ Абдуғаффор Шариповро бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои фаъолияти самарабахши касбиашон қироат намуда, мукофотро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Сипас, директори Маркази таҳқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир ва Сардори раёсати таҳлилӣ ва ояндабинии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризоиён Шералӣ Шукруллозода дар хусуси ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, иштирокчиёни конфронсро ба муносибати ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику наҳният намуданд.
Дар рафти конфронс нотиқон оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун, меҳвари манфиатҳои миллӣ, рушди босуботи Тоҷикистон ва шароити геополитикии Осиёи Марказӣ: заминаҳо, таҳдидҳо ва дурнамо, терроризм ва экстремиз ҳамчун хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолият, роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо, манфиатҳои илмӣ дар пешорӯи хатарҳои геополитикӣ, ҳамроҳ шудани ҷавонон аз тарафи ташкилотҳои террористию эстеремистӣ истифодаи ғайримақсаднок аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчун хатарҳои муосири геополитикӣ суханронӣ намуданд.


