КОНФЕРЕНСИЯИ РУШДИ ИЛМИ ВАТАНӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
5 – уми сентябри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конференсияи илмӣ – назариявии “Рушди илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид.
Дар Маҷлиси тантанавӣ аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони муассисаҳои илмӣ, ҷонишинони директорон, котибони илмӣ, сарходимон ва ходимони пешбари илмии Академияи илмҳо иштирок намуданд.
Маҷлиси тантанавиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандони Академияи илмҳоро бо фарорасии 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, иброз дошт, ки Академияи илмҳо дар 25 соли Истиқлолият давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид. Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии тоҷикистон сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик Академияи илмҳо равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёстаи дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.
Сипас кори Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Рушди илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” оғоз гардид. Дар кори Конференсия гузоришҳои илмии директори Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ, академик Мамадшо Илолов дар мавзӯи “Рушди илм ва технология дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ноиби президенти Академияи илмҳо, раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ, академик Муҳиба Якубова оид ба дастоварҳо дар соҳаи илмҳои биологӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Иститути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, доктори илмҳои филология Олимҷон Қосимов дар мавзӯи “Нақши Истиқлолият дар рушди забони миллӣ” шунида ва муҳокима гардид, ки паҳлуҳои гуногуни рушди илмро дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтанд.
Дар Маҷлиси тантанавӣ озмуни беҳтарин муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии АИ ҶТ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмуни “Пурмаҳсултарин олими Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун ба Иститутҳои зерини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломҳо супорида шуданд: 1) Иститути физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ – барои зиёдтарин миқдори шаҳодатномаҳо оид ба қайди маҳсулоти зеҳнӣ ва захираҳои иттилоотӣ, 2) Институти астрофизикаи АИ ҶТ – барои зиёдтарин мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар, 3) Институти химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶТ – барои зиёдтарин миқдори патент, барои ихтироот ва коркардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқшуда, 4) Иститути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ – барои зиёдтарин миқдори монография, китоб, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – оммавӣ, 5) Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ – барои зиёдтарин миқдори пешниҳод, маълумотнома ва тавсияҳо ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, 6) Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ – барои зиёдтарин миқдори тайёр кардани кадрҳои илмӣ.
Ҳамчунин дар Маҷлиси тантанавӣ озмуни пурмаҳсултарин “Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардида, ба олимони зерин дипломҳои ин озмун супорида шуд:
1. Дар соҳаи физика:
Шукуров Турсунбой – доктори илми химия, мудири Озмоишгоҳи спектроскопияи молекулии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров;
Абдуманнонов Абдуалӣ – доктори илмҳои физикаю математика, директори Маркази илмии Хуҷанд.
2. Дар соҳаи астрофизика:
Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна – доктори илмҳои физикаю математика, директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ.
3. Дар соҳаи химия:
Ѓаниев Изатулло Наврўзович – академики АИ ҶТ, доктори илми химия, мудири Озмоишгоҳи маводҳои ба коррозия устувори Институти химия ба номи В.И.Никитин.
4. Дар соҳаи геология:
Файзиев Абдулҳақ Раҷабович – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои геология ва минерология, профессор, мудири Озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология.
5. Дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар:
Низомов Ҷаҳонгир – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, мудири Озмоишгоҳи назарияи ба заминҷунбӣ тобоварӣ ва моделмозии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология.
6. Дар соҳаи таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия:
Ахмедов Ҳакимҷон Мунавварович – академики АИ ҶТ, доктори илми химия, муовини директори Маркази инноватсионии рушди илм ва технология нави АИ ҶТ.
7. Дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ:
Мирсаидов Илҳом Улмасович – доктори илмҳои техникӣ, мудири Шуъбаи иттилоот ва робитаҳои байналмилалии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ.
8. Дар соҳаи маводшиносӣ:
Эшов Бахтиёр Бадалович – доктори илмҳои техникӣ, директори Муассисаи давлатии илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИ ҶТ.
9. Дар соҳаи биохимия:
Якубова Муҳиба Мўҳсиновна – академики АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор, ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шуъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии АИ ҶТ.
10. Дар соҳаи биотехнология
Алиев Қурбон – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ, мудири Озмоишгоҳи биологияи молекулӣ ва биотехнологияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ.
11. Дар соҳаи ботаника:
Наврўзшоев Довудшо – доктори илмҳои биологӣ, директори Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков
12. Дар соҳаи паразитология:
Манилова Елена Афанасевна – номзади илмҳои биологӣ, мудири шуъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский.
13. Дар соҳаи забон:
Саймиддинов Додихудо – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ.
14. Дар соҳаи адабиёт:
Муллоаҳмад Мирзо – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ, муовини саркотиби илмии АИ ҶТ;
Сатторзода Абдунабӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи адабиёти классикии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ.
15. Дар соҳаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ:
Муҳаммадиев Алӣ – номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ.
16. Дар соҳаи таърих:
Раҷабов Аскаралӣ – доктори илми таърих, мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш
17. Дар соҳаи фалсафа:
Ҳазратқулов Муҳаммадқул – доктори илми фалсафа, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов.
18. Дар соҳаи ҳуқуқ:
Тоҳиров Фозил – академики АИ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов
19. Дар соҳаи иқтисодиёт:
Раҳимов Рашид Каримович – академики АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва таърихи афкори иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демография.
20. Дар соҳаи демография:
Исломов Саъдулло Ибодович – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи демографияи Институти иқтисодиёт ва демография.
21. Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ:
Юсуфбеков Шодихон – доктори илмҳои филологӣ, директори институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров.
Дар охири маҷлиси тантанавӣ барои натиҷаҳои назараси илмӣ, таҳияи монография ва мақолаҳои илмӣ саҳми босазо дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ 25 нафар кормандони АИ ҶТ ба Ифтихорномаи АИ ҶТ сарфароз гардонида шуд.


