joomla
free templates joomla

Ҷаласаи навбатии “Клуби коршиносони масоили Афғонистони муосир”

     29-уми марти соли 2016 бо дастгирии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа дар толори Ганҷинаи дасхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии “Клуби коршиносони масоили Афғонистони муосир” баргузор мегардад.

     Дар ҷаласаи навбатӣ мавзӯи “Омилҳои геополитикӣ дар низоъи Афғонистон” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад.

     Гузоришгарони маҳфил Худойбердӣ Холиқназарзода, доктори илмҳои таърих, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дубовитский Виктор Василевич, доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи илми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

     Иштирок дар ҷаласаи навбатии “Омилҳои геополитикӣ дар низоъи Афғонистон” озод аст.

     Макон: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, кӯчаи Ҳусейнзода, толори Ганҷинаи дасхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ.

                                 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан