Соли 2015 барои кормандони соҳаи илм соли бобарору соли комёбиҳои беназир буд
“Фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамчунин беҳтар кардани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҷустуҷӯ ва истифодаи манъбаҳои ғайрибуҷетии маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва равнақ додани робитаҳои илмии байналмилалӣ равона шуда буд”,-гуфт Президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ таъкид намуд, ки илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф шудааст.
“Соли 2015 новобаста аз таъсири бӯҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои ғайричашмдошт барои ҷомеаи Тоҷикистон махсусан кормандони соҳаи илм соли бобарору соли комёбиҳои беназир буд”,-илова намуд Марҳабо Ҷабборӣ.
Бояд зикр намуд, ки дар маҷлиси умумии солонаи АИ ҶТ ба шуъбаҳои академияи мазкур як зумра дастуру супориш барои амалӣ гардонидан дар соли 2016 дода шуд, ки яке аз онҳо ин омодагӣ ва дар сатҳи баланди илмиву ташкилӣ баргузор намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ буд.