Конференсияи байналмилалӣ
Рӯзҳои 27 ва 28-уми майи соли 2015 бахшида ба Рӯзи кимиёгарон бо ибтикори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Институти мазкур Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 1150-солагии олим, қомусшинос, табиб, файласуф ва кимиёшиноси бузурги форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ доир гардид.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ифтитоҳ бахшида, мухтасар аз ҳаёту фаъолияти Закариёи Розӣ ҳарф зад.Дар кори конфронс ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Саидмуҳаммад Одинаев ва Муҳиба Яқубова ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърӯзаҳои олимони тоҷик Умаралӣ Раҷабов, Ҳоҷиён Мирзошокири Қосимпур ва Сабоҳат Ҳайдарова дар мавзӯъҳои «Корҳои илмии Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи кимиё, тиб ва дорушиносӣ», «Нақши Закариёи Розӣ дар инкишофи илми кимиё ва илмҳои вобаста ба он», «Одоби роҳбарӣ ва идоракунӣ аз нигоҳи Абӯбакри Розӣ» баромад карданд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён ба бахшҳои мухталиф тақсим шуда аз осори гаронбаҳои Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи кимиё, фалсафа, тиб ва дорушиносӣ ошно гардиданд.
Кори конференсия дар 3 бахш идома ёфта дар он масъалаҳои мавқеи осори Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи илмҳои кимиё, фалсафа, тиб ва дорушиносӣ баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд.