Мизи мудаввар бахшида ба фаъолияти илмии номзади илмҳои таърих Ғолиб Ғоибов
27-уми майи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ бахшида ба фаъолияти илмии олими шинохта, номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии институти номбурда Ғолиб Ғоибов мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро ба ин муносибат директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Сахидод Хоркашев ифтитоҳ намуд.
Сипас, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов аз номи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғолиб Ғоибовро барои саҳми назаррасаш дар рушди илми бунёдии ватанӣ бо «Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфарз гардонида, барояш умри дароз ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиаш комёбиҳо таманно намуд.
Амирхӯҷа Абдураҳимов – муовини директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бисёрсолаи Ғолиб Ғоибов назди ҳозирин маърӯза кард.
Лозим ба тазаккур аст, ки Ғолиб Ғоибов, аз зумраи олимони шинохта маҳсуб ёфта, зиёда аз 140 мақолаи илмӣ-оммавӣ интишор ва муаллифи беш аз 18 китобҳо оид ба таърихи пайдоиши шаҳру вилоятҳои мухталифи кишварамон мебошад. Бо қалами мавсуф асарҳои зиёде аз қабили «Таърихи Хатлон», «Таърихи Бадахшон», «Таърихи Бухоро», «Чағониён ва пайдоиши онҳо», «Таърихи динҳо» (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), «Панҷшер-сарзамини мардхез», «К вопросу о локализации Панджшера», «Таърихи Ҳисор», «Имом Ҷаъфари Содиқ», «Мазори Мавлоно Тоҷиддин», «Завоевание Хоросана», «Мӯъминобод», «Походы арабов в Средней Азии», «Шаҳри Кӯлоб дар асри ХVI», «Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ», «Исмоили Сомонӣ-марди хираду сиёсат» ва ғайра мебошад.
Дар рафти маҷлис ҳамсабақон, ҳамкорон ва шогирдони устод Ғолиб Ғоибов файласуф Комил Бекзода, Сайнуриддин Шаҳобиддинов, Нурмаҳмади Амиршоҳӣ, Абдураҳмон Маҳмадов, Ғиёсиддин Қодиров, Маҳмудҷон Холов, Абдуқодир Одинаев ба сухан баромада, доир ба ҳаёту фаъолияти пурсамари соҳибҷашн хотирот ва ёддоштҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷом Ғолиб Ғоибов арзи сипоси худро ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни мизи мудаввар баён намуда, хотирнишон кард, ки ӯ ҳоло машғули таълифи се китоби дигар аст.