Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 24-уми майи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Мактаби байналмилаии президентии шаҳри Душанбе Сессияи хурд (баҳорӣ)-и Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Мақсад аз доир намудани чунин чорабинӣ натиҷагирӣ кардани фаъолияти бахшҳои Академияи хурди илмҳо ва филиалҳои онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон мебошад. Дар кори сессия Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ф.Раҳимӣ, президенти Академияи хурди илмҳо, академик Д.Н.Почоҷонов, раиси Маркази фарҳангии Россия дар Тоҷикистон В.О.Курнушко, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Холназаров, омӯзгорони Академияи хурди илмҳо, бештар аз 100 нафар хонандагон Академияи хурди илмҳо, директорони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар сессия хонандагони бахшҳои математика, химия, физика, астрофизика, биология, иқтисод, геоэкология, тиб, геохимия, забон ва адабиёт, равоншиносӣ ва педагогика дар мавзӯъҳои муҳим, мисли истифодаи самараноки об ва ҳифзи об, аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ, ифлосшавии муҳити зист, хусусиятҳои табобатии растаниҳо, бемории норасогии қанд, муҳоҷирати меҳнатӣ, осори адабию хаттии мутафаккирони тоҷик, масъалаҳои таърих ва бостоншиносии тоҷик ва ғайра маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар сессия фаъолияти Академияи хурди илмҳо дар соли таҳсили 2014-2015 ҷамъбаст карда шуда, ба бештар аз 50 нафар хонандагони фаъоли академия унвони узви пайваста (академик), унвони узви вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, ҳамчунин ифтихорномаҳои Академияи хурди илмҳо дода шуданд.