joomla
free templates joomla

ҶАҲОЛАТГАРОӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ – ДУШМАНИ ТАРАҚҚИЁТУ АҚЛИ СОЛИМ

Бонги изтироб                                                                                                       Дар ҳошияи як мақола

    Дар санаи 13-уми майи соли 2015 дар рӯзномаи «Озодагон» мақолае бо унвони «Дарёфти санге бо «навиштаи Аллоҳу Муҳаммад дар Ҳисор» ба нашр расид.

Мувофиқи он сокини ноҳияи Ҳисор – Бадриддин Сафаралиев 12-апрели соли равон дар доманакӯхи Ҳалқаруд (собиқ Ҷартеппа) ҳангоми замбуруғчинӣ сангеро ба андозаи як мушти инсон пайдо намудааст, ки гӯё дар он навиштаи «Аллоҳ» ва «Муҳаммад» (дар шакли арабиашон) сабт шудааст.

Барои ҳалли қазияи мазкур ва барои пешгирии роҳи ҳар гуна садоҳо ва ҷаҳолатгароию хурофотпарастиҳо як гурӯҳи олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Хадамоти матбуотии он бо Бадриддин Сафаралиев вохӯрданд.

Бадриддин Сафаралиев як шаҳрванди бисёр оддию хоксор ва дилсофу беғараз буда, аз дилу нияти нек хостааст, ки ба донишмандони соҳаи илму дин вуҷуди чунин як «муъҷиза»-еро ошкор намояд ва бо ин роҳ саҳме дар кори хайр гузорад. Бехабар аз он ки шахсони муғриз аз ин санг воситаи бисёр хуби бизнес ва шахсони ноогоҳ василаи ҷаҳолатгароию хурофотпарастӣ ташкил карда метавонанд.

Номбурда ҳини сӯҳбат арз дошт, ки: «Ман дар аввал ин сангро дар масҷиди худамон ба домуллои деҳаамон ва чанд нафари дигар нишон додам. Онҳо ба Шӯрои уламо ва ба дигар мақомоти дахлдор бурдани онро тавсия карданд. Дар Шӯрои уламо сангро аз назар гузаронида, воқеият доштани навиштаҷоти «Аллоҳу Муҳаммад»-ро ба ман баён намуданд. Баъд онро барои ташхис ба Саридораи геология бурдам. Дар он ҷо як олими тоҷик бо як олими руси дигар зери асбобҳои махсус сангро гузошта, синни онро 270 млн. сол ва навиштаҷоти онро 5000 сол арзёбӣ карданд…».

Мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ намуда, ба чунин хулоса омаданд, ки:     

Санги «мӯъҷизадор”-и мазкур як қайроқсанги оддист, ки монанди онро дар кӯҳсори Тоҷикистони азизамон бешумор пайдо кардан мумкин аст. Санги суфта маҳсули равандҳои геологӣ мебошад, ки бо фаъолияти обҳои равон – дарёҳо вобаста аст.  Санг чун ба маҷрои дарё меафтад, бо мурури замон аз зарби обу санг ва сангрезаҳои дигар оҳиста­–оҳиста, тадриҷан хурда, яъне суфта мешавад.

Санги «мӯъҷизадор” санги якҷинса набуда, аз санги сиёҳранг ва пайи сафедча иборат аст. Ин пай дар натиҷаи бо санги дигар ё минерале пур кардани тарқише, ки қаблан дар ин санг будааст, чунин шакл гирифта аст.

Яъне, дар маҷмӯъ, санги «мӯъҷизадор” ягон мӯъҷизаи осмонӣ ё маҳсули гӯё 5000 сол қаблан эҷодшуда нест. Он ба мантиқи оддӣ ҳам рост намеояд.

Доир ба синну соли санги «мӯъҷизадор” танҳо ҳаминро қайд карданием, ки 270 миллионсола будани он ҳам илман алҳол асоснок нест. Барои муайянкунии синну соли мутлақи он бояд аз дохил баъзе минералҳоро ҷудо карда, баъд онҳоро аз ташхиси махсус гузаронидан зарур аст. Аз дигар тараф, эҳтимолияти он, ки ин сангро ташхиси синнусолӣ (онро мутахассисон ташхиси радиохронологӣ мегӯянд) кардан мумкин аст, хело паст аст. Зеро бино ба аксу тасвири видеоии санг дар он мавҷудияти минералҳои зарурӣ ғайриимкон аст. Агар онро аз ташхиси, ба истилоҳ калий–аргонӣ гузаронем, он ҳам бо сабаби заифии саҳеҳият рақами эътимоднок намедиҳад. Бо ҳамин сабаб ҳам, усули радиохронологии калий–аргониро солҳои охир геологҳо барои ташхиси синнусолӣ истифода намекунанд.

Ҳаминро зикр карданием, ки теъдоди сангҳои шаклу намуд ва ороишҳои табиидошта дар кишвари мо беохир аст. Дар сурати тассавуроти бою тахаюлоти ғанӣ дар санг тасвири дилхоҳро ёфтан ё пайдо кардан мумкин аст. Шахси закию босавод  дар таҳқиқи сабаби чунин шакл гирифтани санг талош меварзад. Аммо чун хурофоту заифии дониш ғалаба кунад, аз чунин тасвирот шахсони ноогоҳ ҳар чиз ки хоҳанд аз он дуруст карда метавонанд.

Чунин як ҳодиса чанд сол қабл низ дар ин ноҳия рух дода буд. Он дам дар пӯсти бадани баррачае навиштае ба шакли “Аллоҳ” ва “Муҳаммад” зуҳур карда буд. Соҳибони он баррачаро дар хонаи истиқоматии худ роҳ дода, обу иззати зиёде барояш қоил буданд. Сурати баррача тамоми васоити ахбори умумро фаро гирифта буд. Гӯё ки онҳо ба ҷуз зеб додани рӯзномаву маҷаллоти худ, рекламу бозоргир кардани онҳо кори дигаре надоранд. Ба ҷои ин ки мақолоти илмиву оммавӣ нашр созанд ва аҳли ҷомеаро ба илму маърифат ва равшаноӣ, барои рушду равнақи кишвари азизамон даъват намоянд, даст ба тарғиби ҷаҳолатгароию хурофотпарастӣ задаанд.

Рӯзномаи “Озодагон” низ бо нашри мақолаи мазкур саҳми бузург дар ривоҷу равнақи ҷаҳолатгароию хурофотпарастӣ гузошта истодааст.

Аз тариқи интернет ин гуна сурату видеоҳои сохтаву бофтаро фаровон метавон пайдо кард, ки муаллифони онҳоро метавон ба чанд гурӯҳ тақсим намуд:

1)    Шахсоне, ки мисли Бадриддин Сафаралиев дилу нияти соф доранд ва азбаски имони комил ба вуҷуди Худо доранд, зуҳури чунин ҳодисот онҳоро ба ваҷд меорад ва дар тарғиби он самимона ҷаҳд менамоянд, ҳарчанд ғаразе аз ин кор надоранд.

2)    Шахсоне, ки ба ин васила колоҳои худро бозоргир кардан мехоҳанд (ба мисли рӯзномаву маҷаллот, сайтҳои интернетӣ ва ғ.).

3)    Шахсон ва ё гурӯҳҳое, ки бо ғаразу ниятҳои нопоки худ мехоҳанд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус дар кишварҳои мусулмонӣ ва ё кишварҳое, ки аксарияташон мусулмонанд (аз он ҷумла дар Тоҷикистони азизамон), як шӯру валвала, сару садоҳои пучу бепоя, низоъу нифоқ ва ҷаҳлу хурофот ҷорӣ намоянд. Зеро ҳасудону душманони тараққиёт ва шукуфоии ин кишварҳо аз ривоҷу равнақи илм дида, инкишофи ҷаҳлу хурофотро дар ин кишварҳо бартару беҳтар медонанд ва барои амалисозии ҳадафу ниятҳои нопоки худ маблағгузориҳои ҳангуфт низ ба роҳ мемонанд. Онҳо мехоҳанд ҷомеаи мусулмонон ҳамеша дар ҷаҳлу хурофот ғӯтавар бошанд ва ҳаргиз ба илму фарҳанги пешрафта чанг назананд ва роҳи абарқудратҳо дар ин самт озод бошад ва рақибе дар кашфу забти кайҳон ва олам надошта бошанд.

Бояд ба чунин як ҷаҳолатгароиву хурофотпарастӣ хотима бахшем. Роҳи ягонаи халосӣ аз он ривоҷи илму маърифат аст ва аз гаҳвора то гӯр дониш бояд биҷӯем. Вагарна ин гуна ҷаҳолатгароию хурофотпарастӣ мо ва ҷомеаи моро ба вартаи ҳалокат мекашонаду бас. Бояд ба ин ҷаҳон ва ба ҳар як зуҳуроту ҳодисаҳои он бо чашми хирад бингарем. Чуноне ки Рӯдакии бузургвор мефармояд:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не ба-д-он чашм, к-андар-ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз то ба-д-он гузарӣ.

         Ниёзов А., Камолов У., Кенҷаев М. ­– кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон           

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан