Баррасии таҳқиқотҳои бостоншиносӣ
7 майи соли 2015 дар қабулгоҳи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муҳаққиқони соҳаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар мулоқот рафти корҳои бостоншиносӣ дар ноҳияҳои Ҳисор, Балҷувон, Данғара, Фархор ва Панҷакент мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Олимони соҳаи бостоншиносӣ вазифадор карда шуданд, ки корҳои ҳарфиётиро дар қалъаи Ҳисор тақвият бахшида, оид ба таърих ва фарҳанги қадимаи Ҳисор маълумотҳои муътамади илмӣ ба даст оваранд ва онҳоро дар арафаи ҷашни 3000-солагии фарҳанги Ҳисор ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба омӯзиши ҳаматарафаи мавзеъҳои дигари таърихии Тоҷикистон вазифаҳо мушаххас карда шуданд.