Конфронс бахшида ба Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945
6-уми май бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» баргузор гардид.
Конфронсро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 70-умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона шодбош гуфт.
Дар конфронс олимони таърихшинос академик Раҳим Масов, номзадҳои илми таърих Абдулло Ғафуров, Намоз Ҳотамов, Рақиб Абдулҳаев, Ваҳҳоб Набиев, Баҳринисо Қобилова, Насрулло Убайдуллоев, намояндаи Сафорати Россия дар Тоҷикистон ва дигарон бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд.
Дар анҷоми конфронс рўнамои филми ҳуҷҷатии «Сарбозони бесилоҳ», ки бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, баргузор гардид. Филми мазкур ба корнамоии халқи тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бахшида шудааст. Конфронс дар сатҳи баланд ва хеле хотирмон сурат гирифт.