joomla
free templates joomla

Таҷлили ҷашни Наврўз дар АИ ҶТ

     28-уми марти соли 2015 дар осоишгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит маросими Ҷашни Наврўз таҷлил карда шуд. Дар оғоз президенти Академияи илмҳо ҳамаи ҷамъомадагонро ба муносибати Наврўзи хуҷастапай табрик намуда, ҳамчунин бо пешниҳоди олимон номи минбадаи осоишгоҳи мазкурро «Наврўзгоҳи илм» номгузорӣ карданд. Новобоста аз вазъи номусоиди боду ҳово тамоми кормандони Раёсати Академияи илмҳо ва кормандони ҳамаи институтҳову марказҳои илмӣ – тадқиқотии зертобеи Академияи илмҳо ҷамъ омада, дар ин «Наврўзгоҳи илм» базми бошукўҳе оростанд.  Аз ҷумла дар ин базм ҳар як муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дастархонҳои наврўзии ҳафт сину ҳафт шин ороста, ҳамзамон таъоми рамзии наврўзӣ – Суманак низ омода карда шуд. Инчунин дар ин маросим бозиҳои мусобиқавии наврўзӣ низ аз қабили бандкашӣ, камонварӣ ва ғайраҳо гузаронида шуда, ғолибаон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҷашн бисёр бо як шукўҳу шаҳомати хоса ва хотирмон баргузор гардид.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан