joomla
free templates joomla

Рўйнамои китоби Тағай Раҳмонов дар АИ ҶТ

18-марти соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби «Осори мунтахаб» (Маҷмўи мақолаҳо ва хотироти дўстон) – и шодравон Тағай Раҳмонов баргузор шуд.  Ҷаласаро президенти Академияи илмҳо академик Фарҳод Раҳимї ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ин даргоҳи муқаддас хайрамақдам гуфт. Баъдан дар бораи ҳаёт ва фаолияти Т. Раҳмонов Абдураҳмон Қурбонов, академик Кароматулло Олимов, Шодӣ Шабдолов ва дигар шарикдарсону дўстону бародарони қадршиноси ў суханрониҳои пурмуҳтаво карданд. Бояд гуфт, ки асари мазкур бо қарори Шўрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардида, ба ҳаёт ва фаолияти илмию педагогӣ, давлативу ҷамъиятии файласуф ва сиёсатшинос Тағай Раҳмонов бахшида шудааст. Ин марди ватандўст тўли фаъолияти кориаш дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ бо дасту дили пок барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азиз заҳмати зиёд кашидааст. Хусусан, хизматҳои ў дар давраи сулҳу субот ва таъмини амният дар ин кишварамон хеле бузурганд.

Тағай Раҳмонов солҳои охири ҳаёташро дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ намуда, зимни фаъолият дар ин муассиса тадқиқотҳои арзишмандро ба анҷом расондааст. Дар китоби «Осори мунтахаб» асару мақолаҳои Т. Раҳмонов, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон таълиф гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Дар ин китоб ҳамчунин масоили гуногуни раванди демократия, ташаккули фарҳанги сиёсӣ, амнияти кишвар, ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мавриди таҳлил ва пажуҳиш қарор дода шудаанд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан