joomla
free templates joomla

Олимпиадаи донишҷўён дар Академияи илмҳо

     Рўзи 11 марти соли 2015 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шурўъ намуд. Олимпиадаи мазкур дар Академияи илмҳо  соли дуюм доир карда мешавад. 

    Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ Олимпиадаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки  мақсади асосии гузаронидани Олимпиада баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омўзиши илмҳои муосир, шиносоии бештари донишҷўён бо кашфиёти нави илмӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии донишҷўён, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, баёни озодонаи фикр, аз худ намудани технологияи информатсионӣ, ҳамчунин  муайян намудани донишҷўёни  болаёқат ба мақсади минбаъд тавассути таҳсил дар аспирантура ва магистратура ба соҳаи илм ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ҷалб намудани онҳо мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи Олимпиада олимони маъруфи Академияи илмҳо академикҳо  Раҳим Масов, Мусо Диноршоев, Мўҳиба Якубова ва дигарон суханҳои шодбошӣ намуда, донишҷўёнро ба омўзиши илмҳои муосир даъват карданд.

Сипас вохўрии ғолибони даври якуми Олимпиада бо адибони маъруфи ҷумҳурӣ Меҳмон Бахтӣ, Саидалӣ Маъмур ва Абдулҳамид Самадов доир гардид, ки хеле хотирмон буд.

 Олимпиада аз рўйи соҳаҳои зерини илм гузаронида мешавад: математика, физика, астрономия, химия, геология, технологияи иттилоотӣ, биология, иқтисодиёт, забон ва адабиёт, таърих, ҳуқуқ ва фалсафа.

Тибқи Низомнома даври якуми Олимпиада дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар даври дуюми он, ки дар Академияи илмҳо гузаронида мешавад, ғолибони ҷойи якум аз рўйи соҳаҳои зикршудаи илм иштирок менамоянд.

Барои ғолибони Олимпиада  дар ҳар як соҳаи илм 3 ҷой муқаррар карда шудааст. Ба ғолибони  ҷойи якуми Олимпиада  дар ҳар як соҳаи илм диплом ва  «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба ғолибони ҷойҳои 2 ва 3 дипломҳо  супорида мешаванд.

Даври дуюми Олимпиада рўзҳои 11-13 марти соли 2015 доир мегардад. Рўзи 12 марти соли 2015 олимпиада аз рўйи соҳаҳои илм дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳо гузаронида шуда, рўзи 13 марти соли 2015 натиҷаҳои он ҷамъбаст карда мешавад.

Дар даври дуюми Олимпиада  аз 25 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 300 нафар ғолибони даври якуми он иштирок доранд.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан