Таҷлили Рўзи модар дар Академияи илмҳо
Субҳи 6-уми марти соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи бузурги Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рўзи модар -8- уми март ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Ҷаласаро ба ин муносибат президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба фарорасии баҳору иди фархундаашон самимона шодбош гуфт.
Сипас 38-нафар фаъолзанонеро, ки дар пешбурди соҳаҳои мухталифи илм саҳми шоиста доранд, дар вазъияти мутантан бо Ифтихорномаҳои Раёсати Академияи илмҳо сарфароз гардонид. Инчунин ба кулли бонувон - кормандони Академия ва сохторҳои марбутаи он ҳамчун рамзи эҳтиром ба бузургии Зан - Модар, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар ва олиҳаи ҳусну зебоӣ гулу гулдастаҳо тақдим намуд.


