Мулоқоти Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Туркманистон
18-уми феврали соли 2015 дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон Аманлиев Ишонгули Ҳоҷимухамедович сурат гирифт. Нахуст президенти АИ ҶТ Ҷаноби Сафирро хуш пазируфт. Ҳадафи мулоқотро тарафҳо густариш додани робитаҳои илмии байни олимони тоҷик ва туркман арзёбӣ карданд. Дар рафти мулоқот масъалаи дар моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Рўзҳои фарҳанги Туркманистон бахшида ба 20-солагии дахолатнопазирии Туркманистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки дар доираи баргузории Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ бо иштироки олимони тоҷик ва туркман баргузор намоянд. Ҳамчунин масъалаи дар ноҳияи Ҷилликул, ки туркманҳо истиқомат мекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар якҷоягӣ бо онҳо низ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шуд.

