joomla
free templates joomla

Вохўрии академик К.О.Олимов ба Аббасали К.Гасанов

 

        Имрўз (17-02-2015) дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббасали К.Гасанов доир гардид. Зимни ин вохўрӣ масъалаҳои роҷеъ ба ҳамкориҳои илмии байни ду кишвар баррасӣ шуданд. Сипас, академик К.О.Олимов доир ба ҳамкориҳои илмии байни ду кишвар сухан ронда, қайд намуд, ки Созишномаи баимзорасидаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон як такони наве барои таҳкиму густариши ҳамкории минбаъдаи илмӣ мебошад. Ҷаноби Сафир аз Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ёдовар шуда, хоҳиш намуд, ки Созишномаи мазкур ҳарчӣ зудтар аз ҷониби тарафҳо амалӣ карда шавад, то ки муносибатҳои байнифарҳангии кишварҳо низ густурдатар гарданд. Дар ин вохўрӣ аз мероси ғании ниёгон сухан ба миён омад ва Ҷаноби Сафир иброз намуд, ки бисёре аз дастхатҳои гаронарзиши фарҳанги ниёгон имрўзҳо дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон нигоҳдорӣ мешаванд ва агар имкон даст диҳад мо аз дастхатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамкориҳои илмӣ истифода намоему бародарони тоҷик низ аз дастхатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд истифода баранд. Дар охир тарафҳо ба хулосае омаданд, ки барномае барои амали гардидани Созишномаи муштарак тартиб дода шавад.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан