joomla
free templates joomla

Мулоқоти судманд

 

3-юми феврали соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо  фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Исмоили  Сомонии пойтахт баргузор гардид.

    Ҳадаф аз ҷамъомади мазкур аслан ба мардум  тарғибу ташвиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иборат буд.

    Ҷамъомадро ба ин муносибат президенти Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ  бахшида, роҷеъ ба муҳтавои Паёми Президенти  кишвар сухан ронд.

    Сипас, олимони шинохтаи АИ ҶТ - ноиби президенти АИ ҶТ Кароматулло  Олимзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ  ҶТ Раҳим Масов ва директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рўдакии АИ ҶТ Акбар Турсунов ба ҳозирин нукоти ниҳоят муҳиму зарурии Паёми Президенти кишварро аз қабили эълон гардидани соли 2015 – «Соли оила», доштани идеяи созандаи ягонаи миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ба хубӣ донистани таърихи миллати хеш, бархурдорӣ аз техникаву технологияи муосир, худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин оид ба ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа суханрониҳои пурмуҳтаво намуда Паёми Президенти мамлакатро ҳамчун санади раҳнамо ва барномаи амал арзёбӣ карданд.

 

    Нотиқон зимни суханронии худ иброз доштанд, ки вазифаи олимони тоҷик ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар афкори ҷомеа маҳсуб меёбад.

    Ҳамин тавр, мулоқоти мазкур хеле хотирмон баргузор гардид.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан