Нашри фарҳанги нави истилоҳот

Тавассути нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги мухтасари вожаҳои истилоҳӣ ва истилоҳбоби тоҷикӣ дар забони илмии техникии тоҷикӣ» ба нашр расид, ки муаллифи он Пирмаҳмад Нуров мебошад.
Фарҳанги мазкур ба мақсади собит намудани қудрату имконияти забони тоҷикӣ дар эҷоди истилоҳоти илмҳои муосири дақиқ ва техникӣ таҳия гардида, дар он танҳо бештар аз 2000 вожаҳо (калимаҳои махсус)-и забони тоҷикӣ ба сифати муодилҳои тоҷикии истилоҳҳои русии соҳаҳои математика, физика, химия, астрономия, геология, зилзилашиносӣ, энергетика, маводшиносӣ, химия, геодезия ва монанди инҳо оварда шудаанд, ки метавонанд дар таркиби ибораистилоҳоти зиёди забони илмии техникӣ иштирок намоянд.
Дар ин фарҳанг се навъи вожаҳо (калимаистилоҳот) ҷамъоварӣ карда шудаанд:
а) вожаҳое, ки бо роҳи истилоҳгузинӣ дар адабиёти илмии техникии тоҷикӣ аз забони адабии тоҷикӣ ҳамчун истилоҳ иқтибос шудаанд ва маъмул гардидаанд;
б) наввожаҳое, ки бо роҳи истилоҳсозӣ аз тарафи муаллифи фарҳанги мазкур тавассути тарҷумаи истилоҳоти илмии техникии русӣ бо истифодаи имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ сохта шудаанд;
в) вожаҳое, ки аз диди муаллифи фарҳанг онҳоро ба сифати муодили тоҷикии ин ё он истилоҳи илмии техникии русӣ ва ё байналмилалӣ пазируфтан мумкин аст.
Фарҳанги мазкур ба рушди минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ, эҷоди истилоҳоти илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ мусоидат менамояд.
================================================================
Ҳадамоти серверии АИ ҶТ : Мутаев Турахон Муродович / Норов Исроил Нарзуллоевич
Ҳадамоти матбуотии АИ ҶТ: Латиф Латифӣ
29.01.2015 с.
Copyright © 2015
================================================================

