joomla
free templates joomla

БАРОМАД ДАР ПАРЛАМЕНТ 14.01.2015

 Суханронии Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (14.01.2015 соати 10:00)

Мўҳтарам раис,

Мўҳтарам вакилони мардумӣ,

 

     Асри XXI – асри техникаву технологияҳои абарқудрат ва абарзуддӣ дар баробари дастовардҳои нисбатан бузурги худ ҳамчунин асри бўҳронҳои ҳамарўзаи молиявӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ низ гардидаст ва ин аср инсониятро бо мушкилоти зиёд рўбарў месозад. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи нав бо вуҷуди  ҷанбаҳои мусбати худ садҳо мушкилоти дигарро ҳам ба бор овардааст. Азнавтақсимкунии ҳавзаҳои манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз тарафи абарқудратҳои ҷахонӣ, зери фишори манбаъҳои иттилоотии  бешумор қарор гирифтани инсоният, васеъ гардидани шабакаҳои қариб  идоранашавандаи иҷтимоӣ, тероризм ва экстремизми байналмилалӣ, масъалаҳои геополитикӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир зери назорат гирифтани ҳаёти шахсии хар як фарди кураи замин аз тарафи мақомоти махсуси кишварњои пешрафта ва амсоли онҳо моро вазифадор менамоянд, ки дар пешорўи ин ҳаводис танҳо ва танҳо ба дастовардҳои  илман асоснокшуда ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисодиёт такя намуда, илм ва дастовардҳои илмиро асоси зиндагии худ қарор дода, ҷомеаро бо донишҳои техникию илмӣ-мусаллаҳ ва бо ин восита рақобатпазирии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин созем.

   Бо дарки амиқи вазъият ва тақозои замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон намудааст. Вобаста ба ин роҳбарияту Ҳукумати кишвар таҳкими бунёди моддию маънавии муассисаҳои  илмиро то ҳадди имконпазир салоҳи кор донистааст, то ки самаранокии фаъолияти онҳо таъмин гардад. Масъала фақат болои ин аст, ки муассисаҳои илмӣ дар рушди минбаъдаи миллату кишвари азизамон саҳми бузургтар ва арзандатар гиранд. Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, «илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд»– таъкид намуданд Президента кишвар Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014.

 Дар ин Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар бори дигар дар маҷмўъи масъалаҳои калидӣ ҷой доштани соҳаи илмро таъкид дошта, доир ба рушди минбаъдаи илму техника, технология ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба ин соҳа ибрози назар намуданд. Ҳамасола зиёд гардидани маблағгузории илм, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, ба роҳ мондани ҳифзи иҷтимоии кормандони илмӣ, таъсиси ҷоизахои илмӣ бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва қадрдонии кормандони илмӣ қисме аз он чорабиниҳое мебошанд, ки Ҳукумати кишвар дар ин самт амалӣ намуда истодааст.

 Бо назардошти ин ва бо дастрасӣ ба моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи моддаи 58 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо максади ба танзим даровардани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвият бахшидан ба дастгирии давлатии илм, афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон, фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди илм дар кишвар, афзун намудани саҳми илму техника дар рушди иқтисодиёти миллӣ, такмил додани низоми таҳия ва амалисозии барномаҳои инноватсионӣ дар соҳаи илм, таъмини ҳимояи ҳуқуқии натиҷахои фаъолияти илмӣ ва бад-ин васила ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи точикистонӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» таҳия ва ба Шумо барои баррасӣ пешниҳод гардид.

 Омили дигари пешниҳоди лоиҳаи нави Қонуни он аст, ки дар тўли 16 сол ба Қонуни амалкунанда вобаста ба таҳаввулоти баамаломада дар соҳаи илм ва сиёсати давлатӣ дар ин самт тағйиру иловаҳо зиёд ворид шудаанд, ки истифодаи амалии онро душвортар гардонидааст.

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъо­ли­я­ти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», ки дар таҳрири нав ба Шумо барои баррасӣ пешниҳод гардидааст, аз дебоча, 8 боб ва 37 модда иборат аст.

 Дар боби якум, ки муқаррароти умумӣ номгузорӣ шудааст, мафҳумҳои асосии дар Қонун истифодашавандаро, аз ҷумла натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, комиссияи олии аттестатсионӣ, Кодекси намунавии одоби илмӣ, сиёсати соҳавӣ оид ба илму техника, маърўзаи миллӣ оид ба илм ва (ё) илму техника ва дигар мафҳумҳо ҷой дода шудаанд, ки барои дарки дурусти масъала мусоидат менамоянд.

        Боби дуюм салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсиониро, ки фаъолияти он дар соли ҷорӣ шурўъ мегардад,  муайян менамояд.

 Боби сеюм субъектҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро му­шах­хас намуда, ҳуқуқу ўҳдадориҳои корманди илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ташкилотхои илмӣ, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ва фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муносибатҳоро дар бар мегирад.

 Боби чорум талаботи тахассусиро нисбат ба тайёр кардани корманди илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, тахассуси корманди илмӣ, дараҷа­ҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, тартиби эътирофи дараҷаҳои илмиеро, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар  дарёфт кардаанд, танзим менамояд.

 Дар боби панҷум принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ, меъёрҳои ахлоќие, ки фаъолияти илмиро танзим менамоянд, махсусан роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ, муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм, кодекси намунавии одоби илмӣ ва масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ ҷой дода шудаанд, ки маҷмўи муносибатҳоро дар ин самт танзим менамоянд.

 Боби шашум муқаррароти идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию тех­никӣ, таъминоти иттилоотӣ, маблағгузорӣ, натиҷаҳо, арзёбӣ ва эксперти­заи илмӣ ва (ё) илмию техникиро ифода менамояд.

 Боби ҳафтум ҳифзи иҷтимоии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин ҳавасмандгардонии кормандони илмиро  муқаррар менамояд.

 Боби ҳаштум муқаррароти хотимавӣ унвон дошта, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур, дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 94; с. 2004, № 5, мод. 336; с. 2007, №7, мод 697; с. 2008, №12, к-2, мод.1011; с. 2013, №7, мод.535) ва тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷой дода шудаанд.

 Лоихаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Қабул гардидани он ба рушди илми ватанӣ мусодат менамояд  ва аз Шумо – вакилони мардумӣ эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро дастгирӣ менамудед.

  Барои ҳусни таваҷҷўҳатон ташаккур.

 

 ================================================================

 Ҳадамоти серверии АИ ҶТ :   Мутаев Турахон Муродович / Норов Исроил Нарзуллоевич    

 Ҳадамоти матбуотии АИ ҶТ:    Латиф Латифӣ                                              

 29.01.2015 с.

 Copyright © 2015

 ================================================================

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан