joomla
free templates joomla

ИЗҲОРОТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Даҳшатафкании бесобиқае, ки рўзи 16 декабри соли равон (2014) аз тарафи «Таҳрики Толибони Покистон» дар дар яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари ин кишвар анҷом дода шуд, зиёда аз 140 нафар кўдакони маъсуму бегуноҳ ба қатл расиданд. Дар баробари тамоми мардумони сулҳпарвари ҷаҳон  миллати тоҷик низ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин амали зиддиинсониро маҳкум кард. Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурӣ ҳамраӣ эълон карда, ба тамоми зарардидагон ва шахсоне, ки дар ин мусибат бетараф нестанд, изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти хешро иброз медорад.

Ин ҳодисаи нангин бори дигар собит сохт, ки бетарафӣ ва саҳлангорӣ дар мубориза бар зидди радикализм ва ифродгароии динӣ, инчнин шаклҳои гуногуни зуҳури он, аз қабили зўроварӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ хилофи арзишҳои волои инсонӣ ва умумибашарӣ мебошад. Бо тадриҷ ифротгароӣ минтақаҳои мухталифи ҷаҳони муосирро фаро гирифта, тарзу усули ѓоявӣ ва амалкарди он чи аз ҷиҳати идеологӣ ва чи аз ҷиҳати низомӣ мудҳиштару хатарноктар мегардад. Инро метавонем дар амалҳои охири «Таҳрики Толибон» дар Покистон, «ДИИШ» (Давлати исломии Ироқу Шом) дар Ироқу Сурия ва «Боко Ҳаром» дар Нигерия мушоҳида кунем. Акнун ҳадафи онҳо қатли занону кўдакон ва намояндагони дину мазҳабҳои ғайр қарор гирифтаанд. Ин усули бесобиқаи даҳшатафканӣ ҳаракатҳои ифротгароиро ба марҳилаи нав ва бисёр нигаронкунандаи идеологӣ ворид сохтааст. Барои асоснок кардани рафтори зиддинсонии «Таҳрики Толибони Покистон» сухангўи он Муҳаммад Хуросонӣ куштори кўдаконро як гуна қасос аз ҳукуматдорон ва ҳамаи онҳое, ки бар зидди Толибон мубориза мебаранд, аз қабили қасосгирӣ ба ҳақиқатҳое табдил дода шудаанд, ки ба ифротгароӣ моҳияти қонунӣ мебахшанд.

Бо назардошти чунин вазъияти баамаломада, ки ифротгароён барои манфиатҳои ночизи худ занону кўдакон ва намояндагони дину мазҳабҳои дигарро қурбон мекунанд Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф монда наметавонад. Дар ин самт барои муборизаи оштинопазир бар зидди ифротгароӣ ва шаклу усулҳои гуногуни зуҳури он ҳамаи муассисаҳои дахлдори Академияи илмҳо, аз он ҷумла Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ ва дигар институтҳо вазифадор карда шудаанд. Олимони мо ба чунин хулоса расидаанд, ки сўйистифода аз бовару эътиқодоти динӣ ва суннатии мардум дар муборизаҳои сиёсӣ хеле ҳассос ва хатарнок аст. Бинорбар ин, дар ҷаҳони мосир ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки аз номи дину Худо сўйистифода мекунанд, зарурат вуҷуд надорад. Таҷрибаи кишварҳои исломӣ нишон медиҳад, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар доираи манфиати қабилавӣ маҳдуд гашта, сабабгори шиддат гирифтани ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мешаванд. Аз ин ҷиҳат, дар муборизаҳои сиёсӣ истифода кардани эътиқоди динии мардум наметавонад суботу якпорчагии ҷомеа ва давлату миллатро таъмин кунад.

Имрўз дар Тоҷикистони азизамон низ доираҳои майяне чи аз дохил ва чи аз хориҷи мамлакат дар пайи ноором кардани вазъият буда, мехоҳанд аз эҳсосоти динӣ ва эътиқодоти мардум сўйистифода намояд. Ба ин хотир онҳо арзишҳо ва меъёрҳои майяни ахлоқву ҳуқуқии давлатдории дунявиро дархури манфиатҳои пинҳону ошкори худ тафсир мекунанд. Озодии виҷдон ҳамчун рукни муҳими ҳуқуқӣ тавассути Конститутсия ва дигар қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ асноду меъёрҳои ҳуқуқӣ ба инсон кафолат медиҳанд, ки интихоб ва бардошти хоси худро аз дину мазҳаб дошта бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки интихоби худро ба дигарон таҳмил кунад ва ингуна мавқеи худро ба ҳизбу ҳаракатҳо табдил диҳад, зеро ин хилофи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад. Дар ҷомеаҳои пешрафтаи дунё ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ появу бунёди моделҳои рушдро ташкил дода, на бо истифода аз номи Худо, дин ва мазҳабу арзишҳои сунатии мардум, балки бо барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вориди муборизаҳои сиёсӣ мешаванд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми институтҳои зертобеъи он аз мардуми шарифи кишвар, ки дар раъйпурсии саросарӣ дар соли 1994 ҷонибдории худро аз низоми давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ягона изҳор доштаанд, хоҳиш менамояд, барои ҷомаи амал пўшидани орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рўй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ба ҳар гуна, гурўҳҳои ифротгаро ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон дорад.

Мо бояд Тоҷикистонро озод аз ҳаргуна равияҳои тундгароии динӣ эълон дошта, дар паноҳи рўҳи бузурги гузаштагони миллат ва арзишҳои таҳаммулгарое, ки аз онҳо боқӣ мондааст, барои ободиву шукуфоии ин сарзамин кору пайкор намоем.

Бигузор ҳамеша дар ин Ватан амнияту оромӣ ва сулҳу суббот танинандоз бошад!                 

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

================================================================

Ҳадамоти серверии АИ ҶТ :   Мутаев Турахон Муродович / Норов Исроил Нарзуллоевич    

Ҳадамоти матбуотии АИ ҶТ:    Латиф Латифӣ                                              

29.01.2015 с.

 

Copyright © 2015

================================================================

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан