Суханронии президенти АИ ҶТ Ф. Раҳимӣ
Суханронии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ дар Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(маҷлисгоҳи АИ ҶТ)
( 9 январи соли 2015, соати 10.00)
Мўҳтарам аъзои Академия,
Меҳмонони азиз,
Ҳозирини гиромӣ,
Соли сипаршудаи 2014 дар таърихи навини кишвари мо ҳамчун соли дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ба шумор меравад, ки дар ҷараёни он мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари кишвар ва пешвои созандаву бунёдкори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин баланд бардоштани обрўю эътибори ҷумҳурӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.
Дар ин муддат кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз ин сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи роҳбарияти сиёсии кишвар тамоми имконот ва нерўи зеҳнии худро баҳри тараққӣ додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ, омўзиши проблемаҳои муҳими тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун намудани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, қавӣ гардонидани таъсири илм ва дастовардҳои илмӣ дар самтҳои гуногуни рушди ҷомеаи Тоҷикистон равона сохта, ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ баргузор гардидани якчанд чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ба монанди вохўрӣ бо зиёиён, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо иштирок ва суханрониҳои Президенти кишвар сурат гирифтанд, аз ҷумлаи ҳамоишҳои муҳиме маҳсуб меёбанд, ки дар рушди минбаъдаи илму фарҳанги ватанӣ нақши муассир доштанд.
Дар ин суханрониҳо Сардори давлат бори дигар диққати олимону зиёиёнро ба пурмаҳсул гардонидани таҳқиқотҳои илмӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, гиромидошти дастовардҳои истиқлолияти сиёсӣ, саҳмгузории бевоситаи олимон дар тарбияи сиёсию фарҳангии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷалб намуда, таъкид намуданд, ки «вазифаи муҳимми олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад. Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд».
Дар маҷмўъи масъалаҳои калидӣ ҷой доштани соҳаҳои илму маориф, ки аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар бармеояд, бори дигар собит менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маорифро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намудааст ва рушди бемайлони онҳоро таъмин менамояд.
Аз ин ҷиҳат, таъкидҳои хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти кишвар бори дигар мо – кормандони соҳаи илмро вазифадор менамояд, ки дар фаъолияти ҳамарўзаи худ бештар ба ин масъалаҳо таваҷҷўҳ зоҳир намуда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои давлату ҳукуматро таъмин созем.
Ҳозирини гиромӣ,
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 фаъолияти худро дар асоси Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кории Академияи илмҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи илм ба роҳ монда, дар ин давра тамоми нерўи ақлию зеҳниро барои иҷрои 65 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 40 мавзўи амалӣ ва коркарди 15 технология аз рўи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва 8 барномаи давлатии илмӣ-техникӣ, инчунин ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, ҷустуҷў ва истифодаи манбаъҳои ѓайрибуҷетии маблаѓгузории таҳқиқоти илмӣ ва равнақ додани робитаҳои байналмилалии илмӣ равона намуд.
Дар ин давра дар Академияи илмҳо 9 маҷлисҳои умумӣ, 4 маҷлисҳои тантанавӣ ва 1 ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳо доир карда шуд.
Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 38 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 180 қарор ва 410 амри мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявию хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Дар соли 2014 ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2340 ҳуҷҷат, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амр ва Фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо, протоколҳо, нусха аз протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳо аз вазорату кумита ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз корхонаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати ш. Душанбе ва ноҳияҳои ш. Душанбе, аз Академияи илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ ва ташкилотҳои гуногуни ИДМ, мактубҳо аз хориҷи дур ва аз муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва иҷро ворид гардиданд. Аз ин миқдор 730 ҳуҷҷат барои маълумот ирсол гардидааст. Раёсати Академияи илмҳо ҳамроҳи муассисаҳои илмии Академияи илмҳо дар ин давра бештар аз 1600 ҳуҷҷатро дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти дигар таҳия ва иҷро намуд.
Дар ин давра ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида 8 лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод карда шуданд, ки онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ расиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директорони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 ҷаласа доир карда шуд, ки дар онҳо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шуданд: риояи интизоми меҳнат дар муаассисаҳо; истифодаи мақсадноки маблаѓҳо; тавсиаи корҳо дар самти фаъол намудани алоқаи илм бо истеҳсолот; таъсиси магистратураҳо дар назди муассисаҳои илмӣ ва ба онҳо ҷалб намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ; ҷўстуҷўи роҳҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар (бастани созишномаҳо ва ѓайра); вусъат бахшидани корҳо дар самти таҳқиқ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ѓайра.
Бо амри президенти Академияи илмҳо ба мақсади ташвиқу тарѓиби донишҳои илмӣ ва дастовардҳои илмӣ дар замони истиқлолият, аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла тайи моҳҳои январ-феврали соли 2014 ин гурўҳҳо ба ноҳияҳои Варзоб, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат ва Турсунзода сафар карда бо аҳли ҷамоатчигӣ вохўриҳо ташкил намуданд ва дастовардҳои кишвар дар даврони соҳиистиқлолӣ ва нақши илму маориф дар ҷомеа сўҳбатҳо оростанд.
Рўзи 24 феврали соли 2014 ҷиҳати таҳкими бештари илм бо истеҳсолот бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳо дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи тавлиди азот (нитроген)-и моеъ барқарор карда шуд. Истеҳсоли азоти моеъ дар ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дошта, он дар соҳаҳои тиб ва кишоварзӣ истифода бурда мешавад. Дар нақша аст, ки дар ин корхона истеҳсоли оксиген (кислород)-и моеъ низ ба роҳ монда шавад.
Ба мақсади пурзўр намудани фаъолияти инноватсионӣ, гузариш ба роҳи инноватсионии рушди илм ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Академияи илмҳо корҳои зерин иҷро карда шуданд:
Ҷиҳати иҷрои банди 5 Протоколи ҷаласаи ХI-уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ, ки 11 декабри соли 2013 дар ш.Москва доир гардидааст, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Маркази миллии тамосии ин Барнома дар иҷрои “Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи инноватсия барои солҳои 2011-2020” бо тартиби муқарраргардида озмуни ҷумҳуриявии лоиҳаҳои инноватсиониро эълон ва доир намуд. Дар натиҷа аз 16 лоиҳаи муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 4 лоиҳа бо тартиби муқарраргардида аз ташхис гузаронида шуда, барои баррасӣ ва пешниҳоди минбаъда ба Кумитаи иҷроияи ИДМ ирсол карда шуданд.
Гузашта аз ин, рўзи 25 феврали соли 2014 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Иттиҳоди Аврупо, олимону мутахассисони кишвар дар мавзўи “Барномаи қолабии Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳқиқот ва навоварӣ (”Горизонт-20”)” семинар доир карда шуд. Дар семинар роҳҳои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷиҳати маблаѓгузорӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
13-14 марти соли 2014 бори нахуст бо ташаббуси Академияи илмҳо ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба омўзиши лм ва муайян намудани донишҷўёни болаёқат барои минбаъд ба соҳаи илм ҷалб намудани онҳо Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Дар даври дуюм аз 20 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бештар аз 200 нафар донишҷўён иштирок намуданд. Дар натиҷа бо қарори Кумитаи тадорукоти Олимпиада 12 нафар донишҷўёни беҳтарин ѓолиби ҷойи якум ба гирифтани «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 15 нафар ғолиби ҷойи дуюм ва 17 нафар ғолиби ҷойи сеюм ба гирифтани дипломҳо сазовор гардиданд. Бештар аз 70 нафар донишҷўёне, ки ҷойҳои 4 то 10-умро ишғол намуданд, бо «Ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.
Дар арафаи Иди Наврўз олимони Академияи илмҳо, аз ҷумла К.Олимов, А.Турсунов, А.Шамолов, А.Раҷабов, Р.Аҳмадов, Д.Раҳимов, С.Мирзоев ва дигарон дар намоишҳои телевизионӣ ва тариқи радиову воситаҳои дигари ахбор оид ба таърихи Наврўз, моҳият ва мазмуни ин иди мардумӣ, асосҳои илмӣ ва хусусиятҳои фолклории он суханронӣ намуданд.
Рўзи 7 апрели соли 2014 дар Пойгоҳи набототи кўҳии “Кондара”- и назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ доир гардид, ки дар он ҷо пойгоҳи хурди ҳозиразамони метереологӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Пойгоҳи мазкур бо кўмаки Институти экология ва географияи Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардида, имкон медиҳад, ки бо таври оперативӣ ва бо саҳеҳии баланд ҳарорат, намнокии замин, интенсивияти нури Офтоб, миқдори боришот, суръати шамол, дарозии рўз ва ғайра дар реҷаи онлайн ба қайд гирифта шавад.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди олимони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаву муассисаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ санаи 21 майи соли 2014 дар “Кохи Ваҳдат” Мизи Мудаввар дар мавзўи «Тавсиаи ҳамкориҳо дар самти таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, сиёсат, иқтисод, маориф ва фарҳанг» доир карда шуд. Дар кори Мизи Мудаввар 100 нафар, аз ҷумла 50 нафар намояндагон аз 16 вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ, сохторҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, иқтисод ва савдо, мудофиа, адлия, молия, маориф ва илм, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи табиат, намояндагони академияҳои соҳавӣ, Саридораи “Геологияи тоҷик”, КВД “Саноати гўшту шир”, КВД “Ангишти тоҷик”, ректорони донишгоҳҳо, ҳамчунин воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
23 майи соли 2014 бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳо Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи “Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти раванди ҷаҳонишавӣ” бо иштироки аъзои Раёсат, олимони ҷавони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Раёсати Академияи илмҳо барои омодагӣ ва таҷлили 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намуда, дар доираи ин нақша барои ташкил ва баргузор намудани Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккули ҳуқуқ ва қонунгузории муосир», таҳия ва нашри китобу монографияҳо, ҳамчунин нашри мақолаҳо ва ташкили суханрониҳо тавассути воситаҳои ахбори умум оид ба нақш, моҳият ва аҳамияти Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешид.
Ба мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияту аҳамияти Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурўҳҳои кории олимон таъсис дода шуданд, ки онҳо аз 12 то 17 майи соли 2014 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, ба аҳолии мамлакат нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин моҳият ва мазмуни Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нуқтаи назари илмӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Рўзҳои 10-11-уми июни соли 2014 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳо вохўрии раисони шўроҳои диссертатсионии дар Тоҷикистон амалкунанда, директорони муассисаҳои илмӣ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия Н.И. Аристер – ёвари вазири маориф ва илми Федератсияи Россия, саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва С.И. Пахомов – муовини директори Департаменти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии Вазорати маориф ва илми ФР доир гардид, ки дар он масъалаву душвориҳои мавҷуда дар фаъолияти шўроҳои диссертатсионӣ ва роҳҳои аз нав таъсис додани баъзе шўроҳое, ки фаъолияташон қатъ гардонида шуда буд, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт. Натиҷаи ҳамин вохўриҳо буд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 21 Шўрои диссертатсионӣ аз рўи 61 ихтисос фаъолият менамояд.
Рўзи 11 сентябри соли 2014 вохўрии аъзои Раёсати Академияи илмҳо бо намояндагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии президенти он Бей Чунли доир гардид. Дар оғози кори вохўрӣ қарори маҷлиси умумии Акдемияи илмҳо аз 8 сентябри соли 2014 дар бораи узви хориҷии Академияи илмҳо интихоб шудани президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Бей Чунли қироат карда шуда, дипломи узви хориҷии Академияи илмҳо ба ў тақдим карда шуд. Сипас намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи олимон дар риштаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ, технологияҳои муосир, тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ, таъсис додани Маркази илмӣ-тадқиқотии экология ва муҳити зист дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ дар назди Институти геология, сохтмони ба замиинҷунбӣ тобовар ва сейсмология ва ин қабил масоили муҳим ибрози андеша намуданд.
Рўзи 4 октябри соли 2014 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ташаббуси Академияи илмҳо ва Ҷамъияти “Пайванд”дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи илмии байналмилалӣ бахшида ба600-солагии шоир, олим ва мутафаккири тоҷику форс Абдурраҳмони Ҷомӣ дар мавзўи “Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни Шарқ” оғоз гардида, баъдан дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳо идома ёфт, ки дар кори он 150 нафар олимону донишмандон аз давлатҳои Амрико, Россия, Фаронса, Туркия, Шветсия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Покистон, ҳамчунин олимони Академияи илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд.
Кори конференсия дар 5 бахш идома ёфта, дар онҳо бештар аз 50 маърўзаи илмӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин мутафаккир, мероси адабӣ ва илмии ў, мақоми ў дар таърихи тамаддуни Шарқ, рушди афкори иҷтимоӣ ва фалсафӣ, забон ва услуби Абдураҳмони Ҷомӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаҳои илмӣ қарор гирифтанд. Дар охири кори конференсия баёнияи муштарак оид ба вазифаҳои минбаъда ҷиҳати омўзиш ва таҳқиқи амиқи осори Ҷомӣ қабул карда шуд.
Фаъолияти илмии муассисаҳо ва марказҳои илмии Академияи илмҳо дар давраи ҳисоботӣ ба таври зайл буд:
Олимони Институти математикаи ба номи А. Ҷўраев дар ин давра аз рўи 3 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Баҳои ғайритривиалии суммаҳои кўтоҳи тригонометрӣ бо ададҳои содда гирифта шуд. Баҳои гирифташуда баҳои классикии И.М.Виноградовро дар ҳолати суммаҳои тригонометрии кўтоҳ, беҳтар ва умумӣ мекунад; қонуни мунтазам тақсимшавии қисмҳои касрии қиматҳои бисёраъзогии хаттӣ, ки аргументашон ададҳои содда аз интревали кўтоҳ қабул мекунад, исбот карда шуда, доимии аниқи нобаробарии намуди Ҷексон-Стечкин байни наздиккунии беҳтарини функсияҳо ба воситаи функсияҳои бутун ва қиматҳои миёнаи модулҳои бефосилагии тартиби олии ҳосилаҳои функсияҳо ёфт шудаанд; ҷудошавандагии як синфи операторҳои дифференсиалии ғайрихаттии дараҷаи дуюм бо коэффитсиентҳои матритсавии тағирёбанда дар тамоми фазои n-ченакаи евклидӣ исбот карда шуд, ки ошўби сусти операторҳои хаттӣ намебошанд. Барои ин операторҳо нобаробариҳои коэрситивӣ низ исбот карда шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 1 монография, 63 мақола, аз ҷумла 35 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 23 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 5 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Олимони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров дар соли ҳисоботӣ аз рўи 5 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд, ки муҳимтарин натиҷаи таҳқиқотшон инҳо мебошанд:
Асосҳои назариявии ҳисоббарориҳои квантӣ дар системаҳои бисёрсавия дар асоси резонанси квадруполии ядроӣ коркард шудааст. Дар системаҳои физикӣ спинҳои ядроие муайян карда шуданд, ки онҳоро ба сифати кутритҳо ва кудитҳо дар системаҳои бисёрсавия истифода кардан мумкин аст.
Имконияти татбиқи резонанси параметрӣ дар системаи гузаришҳои дарози джозефсонӣ, ки барои онҳо дарозии гузариш аз чуқурии воридшавии джозефсонӣ зиёдтар мебошад, нишон дода шудааст. Дар соҳаи резонанси параметрӣ мавҷудияти якҷояи мавҷи тўлии плазмавӣ ва ҳолатҳои флюксонӣ мушоҳида мешавад. Ин ҳолат ҳамчун ташаккулёбии ангезиши нави коллективӣ маънидод карда мешавад, ки аз ҳолати композитии мавҷи тўлии плазмавӣ ва майдони магнитиии гирдбодӣ иборат мебошад.
Дар системаи бисёртаркибаи оксидиҳои барий – висмут ва бор пайвастагии нав синтез карда шудааст. Аз рўи баъзе тадқиқотҳои пешакӣ дар намунаҳои поликристаллӣ муайян шудааст, ки коэффитсиенти самаранокии оптикӣ-ғайрихатии он аз чунин коэфитсиенти дигидрофосфати калий панҷ маротиба зиёдтар мебошад.
Дар натиҷаи тадқиқи ғафсии оптикии аэрозол дар ш. Душанбе муайян карда шудааст, ки тавсифи статистикии ғафсии оптикии аэрозол ҳангоми воридшавии чанг ба таври назаррас тағйир меёбад. Тағйирёбиҳои мавсимии чанголудии атмосфера дар ш.Душанбе таҳлил карда шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 8 монография, китоб ва маводи конференсия, 34 мақола, аз ҷумла 17 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 3 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 14 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Олимони институт 1 патент ва 3 қарори мусбатро оид ба ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварданд.
Институт дар соли сипаришуда 3 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи байналмилалӣ, 1 симпозиуми байналмилалӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 1 Мактаби байналмилалӣ доир намуд.
Олимони Институти химияи ба номи В.И. Никитин аз рўи 7 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Таҳқиқот оид ба омўзиши таъсири серий, празеодим неодим, ҳамчун иловакунандаҳои шаклтағирдиҳанда ба хосиятҳои физикӣ-химиявӣ ва коррозионӣ-электрохимиявии хўлаҳои синк-алюминий, ки барои ҳифзи иншооту маснуоти пўлодин аз коррозия пешбинӣ гардидааст, анҷом дода шуданд. Муайян карда шуд, ки бо афзудани ҳарорат ва мавҷудияти серий, празеодим ва неодим гармиғунҷоиши хос, зариби гармидиҳӣ, энталпия ва энтропияи ин хўлаҳо низ зиёд шуда, бузургии энергияи Гиббс коҳиш меёбад.
Натиҷаҳои таҳқиқотҳои фармако-биохимиявии маводи «Урсослит» маълум намуд, ки он таъсироти холелитикӣ, гипохолестеринемикӣ, гиполипидемикӣ ва гепатопро-тектиниро зоҳир менамояд. Тадқиқот имкон медиҳад, ки он барои табобат ва пешгирии бемории санги талхадон, инчунин амрози дигари ҷигар тавсия дода шавад.
Усули ба даст даровардани пектини баландсифат дар шароити гидролизи шавелотурши офтобпараст дар рН –и гуногун ва танзими статикӣ коркард шудааст. Муқаррар гаштааст, ки истифодаи гидролизи шавелокислотаӣ мавҷудияти фраксияҳои ҳалнашавандаро 2 маротиба кам намуда, ба баландшавии (то 85%) миқдори кислотаи галактуронат дар таркиби моддаҳои пектинӣ меорад ва ин хосият имкон медиҳад, ки он дар тибб истифода карда шавад. Тарҳи технологии коркарди комплексии аргиллит ва данбурит пешниҳод карда шудааст.
Аз конҳои ангишти Зиддӣ ва Фон-Яғноб зифт (пек)-и ангишт, ҳамчунин фраксияҳои мобайнӣ ҷудо карда шуд. Ин фраксияҳоро ҳамчун маводи анодӣ дар соҳаи электрохимия ва ҳамчун ҷаббанда барои ҷаббидани металлҳои вазнин истифода кардан мумкин аст.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 8 монография, маҷмўъа, брошюра, 72 мақола, аз ҷумла 64 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 5 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 3 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Олимони институт 2 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ихтироот ба даст оварданд.
Институт дар соли сипаришуда 2 чорабинии илмӣ (2 конференсияи ҷумҳуриявӣ) доир намуд.
Олимони Институти астрофизика аз рўи 4 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Таҳаввули мадорҳои 1456 астероиди наверо ки дар давоми солҳои 2005-2008 кашф гардидаанд, мавриди омўзиш қарор дода, радиантҳо ва суръатҳои назариявии 588 селҳои метеории бо ин астероидҳо алоқаманд муайян карда шуд.
Табиати кометавии астероиди наздизаминии 2007СА19, ки ба Замин хавфнок мебошад, ошкор гардид.
Дар асоси мушоҳидаҳои думи плазмагии кометаи С/2012 S1 (ISON) координатҳои экваториалӣ ва суръати радиалии шамоли офтобӣ ҳисоб карда шуданд.
Таҳқиқи ҳодисаи «плюмҳо», ки моҳи июли соли 1994 дар сайёраи Муштарӣ бо телескопи Ҳаббл мушоҳида шуда буд, нишон дод, ки асоси он бархўрди сайёра бо пораҳои километрии ядрои кометаи Шумейкер-Леви 9 мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 20 мақола, аз ҷумла 6 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 8 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 6 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Институт дар соли сипаришуда 1 конференсияи байналмилалӣ доир намуд.
Олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология аз рўи 10 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Бори аввал 1 қабилаи нав, 2 ҷинси нав, 3 зерҷинси нав ва 3 навъи нави фораминиферҳои давраҳои девон ва ангиштсанг, инчунин 1 қабилаи нав, 6 қавми нав ва 3 навъи нави гелиолитидҳои давраи Ордовики Болоро муайян ва тафсир карда шуд.
Дар кони тиллои Покрўд минераҳои сулфидӣ ва сулфонамакӣ: буланжерит, бурнонит ва сулфонамаки нуқра муфассал омўхта шуданд, ки пештар дар ин мавзеъ маълум набуданд. Муайян карда шуд, ки чунин сулфидҳо мисли пирит ва арсенопирит консентратори муҳими тилло мебошанд.
Аввалин маротиба хосиятҳои геммологии шпинели асил, клиногумит ва форстерити нафис (ҷавоҳиротӣ) аз кони Кўҳилаъл омўхта шуд. Ҳамчунин, бори нахуст дар таҳшиниҳои сантони давраи Табошири Тоҷикистон минтақаи нави аммонитдор муайян карда шуд.
Махзани маълумотҳо СГИ (ГИС) барои силсиланерўгоҳҳои дарёи Вахш таъсис дода шуд, ки он барои баҳодиҳии хатарҳои гуногуни сейсмикӣ ва устувории нишебиҳо имконият медиҳад.
Баҳодиҳии таъсири сейсмикӣ барои ҳавзаи дарёи Вахш дар воҳиди шитоби спектралӣ барои давраҳои гуногуни такроршавии заминҷунбӣ иҷро гардид. Харитаи пешакии қонуниятҳои зоҳиршавии равандҳои ярчфароӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш тартиб дода шуд. Усули гузаронидани тадқиқотҳои таҷрибавӣ-назариявӣ оид ба баҳодиҳии ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳо таҳия гардида, коркарди усули минбаъдаи мустаҳкамкунӣ ва марҳилаи аввали таҷрибавӣ бо истифодаи сангҳои бинокорӣ ва порашуда барои озмоиши статикӣ ва динамикӣ гузаронида шуд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 5 монография, маҷмўъа, брошюра, 54 мақола, аз ҷумла 38 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 12 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 4 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд. Олимони институт 4 патент ва 2 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварданд.
Институт дар соли сипаришуда 1 семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Баҳодиҳии эҳтимолияти хатари сейсмикии НБО Роғун», 12-14 майи соли 2014 доир намуд.
Олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология аз рўи 4 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба об таҳлил гардида, маҳдудияти он дар ҳалли масоили мушаххаси ҳамкорӣ ва идоракунии босамари захираҳои обӣ-энергетикии Осиёи Марказӣ нишон дода шуд.
Бо истифодаи моделҳои математикии имитатсионӣ-оптимизатсионӣ дурнамои оптималӣ ҳам барои энергетика ва ҳ барои зироаткории обёришаванда, намунаи кори сохтмони НОБ-и Роғун ва силсиланерўгоҳҳо бо НОБ-и амалкунандаи Норак барои се намунаи обшораи дарёи Вахш – ҳадди минималӣ, миёна ва максималӣ омўхта шуд. Моделсозӣ нишон дод, ки барои ҳамаи ин ҳолатҳо талаботи ирригатсионии мамолики поёноб ба миқдори ҳозираи амалкунанда таъмин карда мешавад.
“Асосҳои консептуалии танзими устувори захираҳои об дар минтақаи ташакули ҷараён» ва «Асосҳои консептуалии мукаммалгардонии равандҳои технологӣ ва воситаҳои техникии объектҳои обӣ, танзими обовардҳои сахт дар кўҳу минтақаҳои доманакўҳҳо» таҳия карда шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 6 монография, маҷмўъа, брошюра, 69 мақола, аз ҷумла 51 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 18 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ба табъ расонида 1 патент ва 2 қарори мусбат оид ба ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироотро ба даст оварданд.
Институт дар соли сипаришуда 1 семинари ҷумҳуриявӣ доир намуд.
Олимони Муассисаи давлатии илмӣ-таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ аз рўи 1 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Бо усули потенсиодинамикӣ хосиятҳои коррозионӣ-электрохимиявии хўлаҳои системаи сурб бо магний ва иттрий дар муҳити гуногунтаркиби маҳлули хлориди натрий омўхта шуданд. Муайян карда шуд, ки новобаста аз консентратсияи магний ва иттрий ва консентратсияи маҳлул нишондодҳои потенсиали озоди коррозия ба самти мусбат майл мекунанд. Иттрий ва магний қимати зичии ҷараёни коррозияро паст менамоянд, ки мутаносибан ба камшавии суръати коррозияи электрохимиявии сурб таъсири мусбат мерасонанд.
Дар соли ҳисоботӣ олимон ва мутахассисони муассиса 5 мақола, аз ҷумла 3 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 2 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ба табъ расонида 1 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ихтироот ба даст оварданд.
Олимони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ аз рўи 1 мавзўъ таҳқиқот анҷом дода, хусусиятҳои ҷаббандагии ҷалғўзаҳои санавбар ва арча муфассал омўхтанд. Дар баробари пўстлоқи зардолу истифодашавии ҷалғўзаҳои санавбар чун ҷаббандаҳои табиӣ имкон медиҳад, ки масъалаи истифодабарии партовҳо, яъне масъалаи экологӣ ҳал карда шавад ва базаи маҳсулотии истеҳсоли ҷаббандаҳо васеъ гардад. Таҳқиқоти раванди ҷаббандагии ҷалғузаи арча самаранок будани истифодабарии онро барои аз обҳои конӣ ҷудо карда гирифтани уран собит намуд. Дар ин маврид ду масъала дар як замон ҳал карда мешавад: ихроҷи уран ва кам намудани таъсири манфии он ба муҳити зист.
Дар соли ҳисоботӣ олимони Агентӣ 3 монография, маҷмўъа, брошюра, 25 мақола, аз ҷумла 12 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 4 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 9 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Агентӣ дар соли сипаришуда 2 чорабинии илмӣ доир намуд.
Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав аз рўи 1 мавзўъ таҳқиқот доир намуда, дар мисоли қитъаи «Ҷелондӣ» модели математикии динамикаи манбаъҳои геотермалии энергияро пешниҳод карданд, усулҳои ададии ҳалли масъалаи сеченакаи геотермия коркард шудааст, ки онро барои таҳлили раванди истифодаи захираҳои геотермалӣ татбиқ намудан мумкин аст.
Дар асоси батереяи офтобӣ (100 Вт), аккумулятор (бо ғунҷоиши 40 А.с), ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шудааст ва контроллери заряд, ки коркарди худӣ аст, нерўгоҳи офтобие коркард шудааст, ки он кори телевизори хурди рангаи TFTLFO-ро бо плейери DVD ва радио, ҳамчунин якчанд фурўзонакҳои каммасраф таъмин менамояд.
Дар асоси равишҳои инноватсионӣ нисбат ба омўзиш ва парвариши топинамбур дар Тоҷикистон арзиши ғизоӣ, аҳамияти хўрокӣ, фоиданокии шифоӣ ва қобилияти биоэнергетикии он муайян карда шудааст.
Дар соли ҳисоботӣ олимони Марказ 19 мақола, аз ҷумла 16 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва 3 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида, 1 қарори мусбатро оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварданд.
Марказ дар соли сипаришуда 1 Семинари иттилоотӣ доир намуд.
Олимони Муассисаи давлатии “Хадамоти геофизикӣ” аз рўи 1 мавзўъ фаъолият намуда, тавассути пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ 11194 заминҷунбиро дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифтанд. Тибқи маълумоти ин пойгоҳҳо феҳристи заминҷунбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шаҳри Душанбе минтақаи маҷрои дарёи Вахш дар алоҳидагӣ тартиб дода шуданд.
Корҳо оид ба коркард ва интерперетатсияи маводи сейсмикӣ, ки тавассути пойгоҳҳои зилзиласанчӣ дар соли 2008 мушоҳида шудааст, иҷро гардиданд.
Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ аз рўи 6 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Дар асоси гузаронидани мониторинги масоҳат ва бешазорони ноҳияи флоравии Тоҷикистони Шарқӣ муайян карда шудааст, ки он аз ду самт: ҳам аз боло дар баландии 2000-2500 м аз сатҳи баҳр ва ҳам дар баландии 1300-1500 м аз сатҳи баҳр аз таъсири омили антропогенӣ кам шуда истодааст.
Дар кўлу кўлмакҳои соҳили дарёи Сурхоб намуди ниҳоят нодир ва камёфт дар Осиё - Uronema confervicolum дарёфт гардид.
Маводи пурраи очеркҳо доир ба 300 намуд растаниҳои нодир ва дар зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта барои нашри 2-юми Китоби Сурхи Тоҷикистон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Олимони соҳаи физиология ва генетика вобаста ба проблемаи тағйирёбии иқлим, таъсири комплексии хушкии хок ва ҳаво ба нишондиҳандаҳои физиологию биохимиявии навъҳои гуногуни гандум дар таҷрибаҳои моделӣ нишон доданд, ки хушкии ҳаво ва хок биомасса ва ташаккули пурраи хўша ва ҳосилнокии гандумро кам менамояд.
Муайян карда шуд, ки барои генотипҳои гуногуни картошка дар зонаи сафедаҳо спектрҳои хурдмолекула хос мебошанд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 2 монография, 36 мақола, аз ҷумла 24 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 11 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 1 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида, 1 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварданд.
Институт дар соли сипаришуда 2 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи байналмилалӣ ва 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ доир намуд.
Олимони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский аз рўи 4 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Бо мақсади ба роҳ мондани назорат ва идоракунии шумораи зараррасонҳои пахта дар қитъаҳои таҷрибавии ноҳияҳои Бохтар ва Рўдакӣ домҳои рўшноӣ истифода бурда шуданд. Маълумотҳои ба дастомада имконият медиҳанд, ки дар оянда системаи мониторинги зараррасонҳои пахта ба роҳ монда шавад.
Дар натиҷаи таҳқиқи таксономии зиреҳакҳои ордбадан дар нишебиҳои шимолу шарқии қаторкўҳи Дарвоз нахустин бор барои илм зернамуди навиPeliococcus turanicus var. tavildarensis ошкор гардид.
Ҳолати популятсияи бузи пармашох ва гўсфанди кўҳии бухороӣ (уриал) дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Дарвоз, қаторкўҳи Ҳазрати Шоҳ ва пасткўҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ баҳогузорӣ карда шуд. Муқаррар карда шуд, ки дар 5 соли охир дар Тоҷикистон популятсияи устувори бузи пармашох (800 сар) ташаккул ёфтааст ва барои истифодаи самараноки захираҳои он меъёри шикор (квота) муайн кардан имконпазир аст. Муайян карда шуд, ки популятсияи уриал дар Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта, саршумори он аз 120 сар беш нест.
Очеркҳои 224 намудҳои нодир ва дар зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот, ки ба нашри нави Китоби Сурхи Тоҷикистон тавсия карда шудаанд, омода гардиданд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 1 монография, 38 мақола, аз ҷумла 36 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 1 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 1 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида, 1 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ихтироот ба даст оварданд.
Институт дар соли сипаришуда 1 Конференсияи байналмилалии илмӣ доир намуд.
Олимони Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков аз рўи 6 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Баҳодиҳии муқоисавии гуногуннамудии навъҳои зардолуҳои Помири Ғарбӣ нишон дод, ки навъҳои Маҳмурӣ, Тоҳирак, Савзак ва Қандак аз ҷиҳати бисёр аломатҳои ба хоҷагӣ муфид, барои соҳаи боғдорӣ пешомадҳои хуб доранд.
Ҳангоми омўзиши орнитофауна бори аввал дар ҳудуди Бадахшон мавҷудияти ду намуди нав – пеликани гулобиранг ва шўртани тиллоиранг, инчунин бори аввал маълумотҳо оид ба масъалаи паҳншавӣ, мўҳлати парвоз ва афзоиши паррандаи хушхони найзории калоннўл, ки дар фаунаи Тоҷикистон ҳамчун намуди нав ҳисоб мешавад, дастрас гардид.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 1 монография, 1 тавсиянома, 8 мақола, аз ҷумла 6 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 2 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ба табъ расониданд.
Институт дар соли сипаришуда 2 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи байналмилалӣ ва 1 симпозиуми байналмилалӣ доир намуд.
Олимони Маркази инноватсионии биология ва тибб аз рўи 2 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Бори аввал хавфи экологӣ доштани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ошкор гардид ва эҳтимолияти гардолудшавии дутарафаи байни навъҳои гуногуни гандуми мулоимдонаи таҳҷоию хориҷӣ ва ёбоӣ муайян карда шуд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон додаанд, ки дар байни навъҳои гуногуни гандуми мулоимдона дар шароити иқлими Тоҷикистони Марказӣ гардолудшавии дутарафаи озод сурат намегирад.
Дар чорчўбаи ҳамкорӣ бо Институти гастроэнтрологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ таҳқиқотҳо оид ба санҷиши заҳролудшавии шадид ва музмин аз маводи Просинк гузаронида шуданд. Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки маводи Просинк зарарнок нест.
Дар соли ҳисоботӣ олимони Марказ 1 дастурамал, 11 мақола, аз ҷумла 9 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 2 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ба табъ расониданд.
Олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш аз рўи 7 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Нашри асари шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» зери назари академик Р. Масов ба итмом расонида шуд. Ин асари бунёдӣ аз асарҳои пешина ба куллӣ фарқ дошта, на ба тафсири сулолаҳои алоҳидаи минтақа ва ҳокимони турку муғул, балки бештар инъикоси таърихи миллии тоҷиконро дар бар мегирад. Дар ин асари шашҷилда омадааст, ки гузаштагони халқи тоҷик – суғдиён, бохтариён, хоразмиҳо аз доманаҳои Урал дар ғарб то Туркистони шарқӣ дар шарқ, аз дашти Қипчоқ дар шимол то халиҷи Форсу шимоли Ҳиндустон дар ҷануб сукунат доштаанд.
Олимони институт ба навиштаи асари дастаҷамъии «Таърихи ҳамзистии аҳолии муқимӣ ва кўчии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна ва нав (сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, ҷараёни этникӣ ва дигар самтҳои ҳаёти хоҷагидорӣ)» оғоз намуданд. Мақсади таҳияи ин китоб – нишон додани асли воқеии ҳамзистии ду шакли зист – муқимӣ ва кўчии аҳолии Осиёи Миёна, равшан сохтани тарзи ҷараён гирифтани робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ, раванди этникӣ ва омезиши онҳо дар давраҳои зикршуда мебошад.
Олимони соҳаи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ вобаста ба ҷашни 3000- солагии Ҳисор дар ҳудуди қалъаи Ҳисор ҳафриёт гузаронида, корҳои илмиро дар мавзўи таъриху фарҳанги ин водӣ идома доданд. То ин дам аллакай китоби Р. Масов ва В. Ранов ««Фарҳанги Ҳисор ва мавқеи он дар давраҳои аввали этногенези халқи тоҷик» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва «Маҷмўи ёдгориҳои таъриху фарҳанги водии Ҳисор» нашр шуданд. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҳудуди қалъаи Ҳисор гузаронида шуд ва дар асоси маводи ба дастомада тахмин кардан мумкин аст, ки вақти азхудкунии ин мавзеъ тақрибан 3000 сол пеш оғоз шудааст.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 7 монография, китоб, 121 мақола, аз ҷумла 106 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 8 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 7 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Институт дар соли сипаришуда 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ доир намуд.
Олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов аз рўи 16 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Ҷилди дуюми «Таърихи фалсафаи тоҷик аз аҳди қадим то асри XX»- ба забони тоҷикӣ бо истифода аз манбаъ ва сарчашмаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ омода ва ба чоп пешниҳод карда шуд. Ғояи миллӣ ҷавҳари ин таҳқиқот буда, он метавонад ҷавононро дар рўҳияи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, дар фазои арзишҳои баланди фарҳангӣ ва маънавии умумибашарӣ ва миллӣ тарбия намояд.
Муайян карда шуд, ки ҳастишиносии муосир нерўи коркарди усулҳои нави таҳлили воқеияти иҷтимоиву фарҳангиро дорад. Барои дарки ҳамаҷонибаи дониши метафизикӣ бояд бунёдҳои ҳастишиносии фарҳангро муайян намуд.
Нахустин бор замина ва манбаъҳои назариявию методологии пайдоишу ташаккули афкори ақлгароӣ ва мантиқии халқи тоҷик, мактабҳои илмӣ ва тарҷумонии он муайян шудаанд.
Собит шуд, ки дар шароити муосири равандҳои ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати истеҳсолот, пешрафти илмӣ-техникӣ ва васоити коммуникатсионӣ ба тамоюли қонунӣ ва воқеӣ табдил меёбад.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 22 китобу монография, 168 мақола, аз ҷумла 141 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 17 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 10 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Институт дар соли сипаришуда 13 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 конференсияи байналмилалӣ, 1 симпозиуми байналмилалӣ, 7 конференсияи ҷумҳурияв, 1 семинар ва 1 мизи мудаввар доир намуд.
Олимони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рўдакӣ аз рўи 12 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Таҳкиқ ва таҳияи рисолаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ “Рисолаи арўз” ва “Рисолаи қофия”; нашри китобҳои “Назариёти адабии Абдураҳмони Ҷомӣ” ва “Адабиёти тоҷик” (барои синфи 8); ҷамъоварии мавод дар мавзўи «Симои занон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ; чопи китоби “Ҳафт суфраи Наврўз”; баргардон ва омодаи чоп намудани китоби ношири афғонистонӣ “Ашъори ноёби Ҷомӣ”; идомаи мавзўи «Бўйи ҷўйи Мўлиён”-и Рўдакӣ берун аз муҳити адабию илмии тоҷикӣ-форсӣ”; таълифи мақола доир ба ҷойгоҳи ин қасида дар адабиёти Озарбойҷон ва ҷойгоҳи «Бўйи ҷўйи Мўлиён» дар осори санъаткорон ва санъатшинсони тоҷику рус; нашри китоби «Дурахши ахтари сўзон” (дар бораи Лутфулло Бузургзода); ҷамъоварии маводи адабӣ ва назарӣ дар мавзўъҳои “Ифтихор ва худшиносии миллӣ дар “Шоҳнома” ва “Шоҳнома” - хамосаи миллӣ ва таърихӣ”; ҷамъоварӣ ва таҳқиқ оид ба мавзўи “Рўдакӣ ва адабиёти форсии Ҳинд” ба анҷом расиданд.
Дар натиҷаи таҳлилҳои илмӣ собит гардиданд, ки мавзўъҳои таҳқиқнашуда ва хеле камомўхташуда дар бораи осори шуарои аҳди Сомониён ҳоло ҳам бисёранд. Онҳоро минбаъд бояд мавриди пажўҳиш қарор дод.
Муайян карда шуд, ки ба таҳқиқи гўшаҳои торики таърихи адабиёти тоҷик, кашфи симоҳои ношинохта ва саҳифаҳои нохондаи он, баррасии омилҳои пешрафту таназзули он дар давраҳои гуногун, дарёфти дурдонаҳои пурбаҳои адабӣ, шинохти зебоиҳои нотакрори ин адабиёт ва ба оламиён нишон додани арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва ҳунарии он ва амсоли онҳо аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқони таърихи адабиёти тоҷику форс мебошад, ки он на танҳо барои пешрафти илми адабиётшиносӣ мусоидат менамояд, балки ҷиҳати тарбияи маънавии инсони муосир низ хидмат хоҳад кард.
Натиҷаҳои корҳои илмиву таҳқиқотӣ аз рўи хулосаҳои баровардашуда сарчашмаи муҳим барои омўзиши ҳаёту фаъолияти эҷодии адибони асри Х ва барои таълифи таърихи мукаммали адабиёти форсӣ мебошанд. Ҳамчунин таҳқиқи масъалаҳои мазкур дар раванди худшиносии мардуми соҳибистиқлоли мо ба мақсад мувофиқ аст.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 43 китобу монография, 234 мақола, аз ҷумла 171 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 30 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 17 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Институт дар соли сипаришуда 10 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи байналмилалӣ, 7 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 2 семинар доир намуд.
Олимони Институти иқтисодиёт ва демография аз рўи 6 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Олимони соҳаи иқтисодиёт ошкор намуданд, ки таносуби миёни сатҳи Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ ва Даромади Миллӣ дар мавриди таҳлил тамоюли мухталифи рушди онҳоро нишон медиҳад, зеро таносуби мухталифи рушди ин нишондиҳандаҳо оид ба имконияти нуҳуфтаи афзоиши Даромади Миллӣ, ки дар болораваии ҳосилнокии меҳнат ва паст намудани хароҷот нуҳуфта аст, нокифоя истифода шудааст.
Дар асоси таҳлили намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои иҷтимоӣ ошкор карда шуд, ки зарурати ба тартиб ва феҳристи ягона даровардани он расидааст.
Олимони соҳаи демография ошкор намуданд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ, ба хусус алоқаи баръакси байни шуғли аҳолӣ ва дараҷаи маълумот нисбат ба сатҳи таваллуд дида мешавад. Таҳқиқоти гузаронидашуда нишон дод, ки байни рушди инсон ва таваллудкунии аҳолӣ алоқамандии бевосита ба вуҷуд омада истодааст. То ҳол ин алоқамандӣ баръакс буд. Ин назарияи нав ба таври куллӣ аз нав дида баромадани баъзе ҷиҳатҳои сиёсати демографиро ҳам дар амалия ва ҳам дар назария тақозо дорад.
Дар асоси таҳқиқотҳо муайян карда шуд, ки шумораи таваллуд дар муддати синну соли репродуктивии як зан дар солҳои гузариш ба иқтисоди бозорӣ аз 5,6 то 3,3 кўдак кам шудааст. Барои бозтавлиди оддӣ бояд ҳар як зан ба ҳисоби миёна 2,5 – 2,8 фарзанд таваллуд кунад, аз ин хотир дараҷаи таваллудкунии занҳо ба ин меъёр наздик шуда истодааст ва барои роҳ надодани бозтавлиди оддӣ, ки ба пиршавии аҳолӣ оварда мерасонад, бояд чораҳои пешгирикунанда гузаронида шаванд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 12 монография, 153 мақола, аз ҷумла 145 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 6 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 2 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Институт дар соли сипаришуда 4 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ 2 семинар ва 1 мизи мудаввар доир намуд.
Олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров аз рўи 4 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Омўзиши морфологияи таърихии забони бехати самлиҷӣ марбут ба зергурўҳи помирии забонҳои шарқиэронӣ зери унвони «Очеркҳои морфологияи таърихии забони самлиҷӣ»ба охир расид. Дар рисола ҳамаи ҳиссаҳои нутқи забони самлиҷӣ аз назари рушди таърихӣ мавриди таҳққиқ қарор гирифтаанд. Арзиши илмии ин рисола дар он аст, ки маводи баррасишуда аз тарафи худи муаллиф дар маҳали густариши ин забон дар водии Самлиҷи Афғонистон ҷамъоварӣ гардидааст.
Дар риштаи фолклоршиносии Бадахшон ҷилди навбатии «Фолклори Помир» бо номи «Остонҳо ва зиёратгоҳҳои Помир» ба забони тоҷикӣ ба нашр супурда шуд, ки маводи нави марбут ба амокини муқаддас ва номҳои онҳоро дар бар мегирад.
Дар соли ҳисоботӣ олимони институт 9 китобу монография, 46 мақола, аз ҷумла 40 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 2 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 2 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Институт дар соли сипаришуда 7 конференсияи ҷумҳуриявӣ доир намуд.
Олимони Маркази илмии Хуҷанд аз рўи 3 мавзўъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот инҳо мебошанд:
Таъсири шакл ва консентратсияи заррачаҳои пуркунанда ба мустаҳкамӣ ва коэффитсиенти васеъшавии ҳароратии полимерҳои композитии антифриксионӣ омўхта шуд. Муқаррар карда шуд, ки воридсозии пуркунандаҳо фақат ба тағйирёбии параметри ба сохтор ҳассоси матритса сабаб гардида, қимати энергияи активатсияи вайроншавӣ якхела мемонад ва ададан ба энергияи активатсияи кандашавии молекулаҳои матритса мувофиқат мекунад.
Бо мақсади муайян намудани қонуниятҳои расиш ва тараққиёти навъу намунаҳои хазмогамӣ, мушоҳидаҳои фенологӣ оид ба фарорасии давраи пайдошавии як-ду барги ҳақиқӣ, шонабандӣ, гулкунӣ ва ҳосилбандӣ гузаронида шуданд. Таҷрибаҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки навъу намунаҳои омeхташуда аз ҳамдигарашон бо як ва ё якчанд аломатҳои морфометрикӣ ва морфобиологиашон фарқ мекунанд.
Таълифи мақолот барои ҷилди 3-юми «Донишномаи Сомониён» идома дода шуда, дар маҷмўъ беш аз 100 мақолаи энсиклопедӣ таълиф карда шуд.
Дар соли ҳисоботӣ олимони Марказ 7 китобу монография, 62 мақола, аз ҷумла 52 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 7 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 3 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расониданд.
Олимони Маркази илмии Хатлон аз рўи 1 мавзўъ таҳқиқоти экспедитсионӣ ва ҷамъоварии маводҳоро оид ба растаниҳои нодир, маҳвшаванда ва ёбоӣ барои сохтани қитъаи коллексионӣ гузарониданд. Ҳамагӣ 50 баргҳои гербарӣ, растаниҳои зинда ҷамъоварӣ гардида, мушоҳидаҳои фенологии онҳо анҷом дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмии кормандони Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии АИ ҶТ дар чанд бахш сурат гирифт. Яке аз бахшҳои бисёр муҳим таҳияи моделҳои рушди ҷомеа ва омўзиши хатару таҳдидҳои муосир мебошад. Дар ин сол маводҳои таҳлилӣ ба масъалаҳои идеологияи миллӣ, муайян кардани моделҳо ва усулҳои рушди ҷомеаи Тоҷикистон бахшида шуданд. Дунявият, принсипҳои дунявӣ, аз қабили дигарандешӣ, гуно-гунандешӣ, озодандешӣ, плюрализми сиёсӣ, таҳаммулгароӣ, озодии виҷдон, давлатдории миллӣ ҳамчунин хатару таҳдидҳо ба ин усулҳо мавриди омўзиш қарор гирифтанд.
Дар қисмати муҳими мақолаҳо ва матлабҳои чопшуда ва омода гардида нақши равшанфикрон дар ҷараёни хурофазудоӣ, мубориза бар зидди ифротгароӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ таҳлил карда шудааст.
Қисмати муайяни навиштаҳо дар мавриди тарғиби илми тоҷик, тафсири ҳодисаҳо ва падидаҳо аз нигоҳи илмӣ, ҳимоя аз ҷаҳонбинии илмӣ дар муқобили онҳое, ки хурофотро паҳн мекунанд ва саҳми олимони тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ мебошанд. Дар ин робита, як самти фаъолияти Марказ тарғиби системаи нави муносибатҳои инсонӣ, ҷамъиятӣ ва экологӣ мебошад. Марказ ба омўзиши нанотехнология, техонологияи инноватсионӣ, энергияи сабз ва умуман ба соҳаҳои ба истилоҳ «илмҳои ҳаётшиносӣ» (life sciences) оғоз карда, як қатор маводҳои илмӣ-оммавӣ чоп ва семинарҳои илмӣ низ гузаронид.
Аз тарафи кормандони Марказ 1 монография ба нашр расонида шуд. 1 маҷмўаи мақолаҳо ва 3 монография ба нашр омода карда шуда-анд. Дар маҷаллаҳо, рўзномаҳо, расонаҳои интернетӣ ва радиою телевизион зиёда аз 200 мавод ба нашр расидааст.
Фаъолияти Академияи хурди илмҳо низ дар соли ҳисоботӣ назаррас буд. Баргузории дарҳои кушод, олимпиадаи хонандагон – аъзои Академияи хурди илмҳо, ташкили мактаби тобистонаи хонандагон дар осоишгоҳи Ромит ва дигар чорабиниҳои баргузоргардида имконияти боз ҳам зиёдтареро барои ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ муҳайё месозад.
Дар ин давра фаъолияти Шўрои олимони ҷавон ҳам хело ҷоннок гардида, семинарҳои илмии олимони ҷавон, ки ҳафтае як маротиба баргузор мегардид, хело муфид буд. Баргузории конфронси олимони ҷавон ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои мухталифи Академияи илмҳо низ дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1392 корҳои илмӣ, аз ҷумла 138 китобу монография, маҷмўаҳои илмӣ, брошюра, 1254 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 981 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 160 мақола дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва 92 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд. Нашриёти “Дониш”-и Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 118 номгўй китобу монографияҳоеро, ки бо қарори Шўрои илмии табъу нашри Академияи илмҳо ба нашр тавсия шудаанд, нашр намуд.
Дар соли 2014 аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 патент ва 6 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 1 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 30 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Аз тарафи муассисаҳои Академияи илмҳо 55 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 симпозиуми байналмилалӣ, 8 конференсияи байналмилалӣ, 2 семинари байналмилалӣ ва дигар конференсияву семинарҳо, курсҳои омўзишии ҷумҳуриявию минтақавӣ гузаронида шуданд.
Дар соли 2014 11 шумора “Гузоришоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо 165 мақола, 7 шумораи “Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шўъбаи илмҳои физикаю математика, геология ва техникӣ” бо 105 мақола ва 5 шумораи “Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шўъбаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ” бо 75 мақола ба нашр расид.
Дар ин давра 175 маротиба кормандони Академияи илмҳо ба хориҷи кишвар бо мақсади ширкат дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ва иштирок дар пажўҳишҳои илмии муштарак сафар карданд, ки ҷамъ мўҳлати сафари онҳо 1274 рўзи кориро ташкил медиҳад ва дар ин давра тақрибан 200 нафар муҳақиқон аз хориҷи кишвар ба академияи илмҳо ташриф оварда дар масоили гуногуни илмӣ бо олимони мо ҳамкорнамуданд.
Дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳо то 31 декабри соли 2014 1982 нафар кор мекарданд, ки аз онҳо 978 нафар корманди илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмии Академияи илмҳо 773 нафарро кормандони илмии бастӣ (147 доктори илм, 275 номзади илм ва 350 нафар кормандони бе дараҷаҳои илмӣ) ва 201 нафарро кормандони илмии ҳамкор (57 доктори илм, 98 номзади илм ва 65 нафар кормандони бе дараҷаҳои илмӣ) ташкил медоданд.
Дар ҳамин сана шумораи аъзои АИ ҶТ 70 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 36 нафар академик ва 34 нафар узви вобаста мебошанд.
Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 593 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 18 доктори илм, 86 номзади илм ва 145 нафар бе унвони илмӣ мебошанд.
То 31 декабри соли 2014 шумораи умумии аспирантон 263 нафар буда, аз он 140 нафарашон дар шўъбаи рўзона ва 123 нафарашон дар Шўъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии аспирантони таҳсили рўзона ва ғоибона 88 нафарашон занҳо мебошанд.
Дар соли 2014 дар 21 шўроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 230 рисола, аз ҷумла 23 рисолаи докторӣ ва 207 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 5 шўрои диссертатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 рисола, аз ҷумла 4 рисолаи докторӣ ва 48 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд.
Дар соли 2014 ҳаҷми умумии маблағгузориҳои буҷетӣ ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 340 722 сомониро ташкил дод.
Аз ҳисоби Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ барои маблағгузории 7 лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии 4 муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 муассисаҳои гуногуни илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон 69 750 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои ҳафриётию таҳқиқотии мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор 130 000 сомонӣ иловатан ҷудо карда шуд.
Ҳаҷми умумии маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки дар соли 2014 аз тарафи ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ва хориҷӣ ба намуди грантҳо барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, конференсияю семинарҳо, ҳамчунин барои иштироки кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ, таҳқиқоти муштарак, коромўзӣ ва вохўриҳои корӣ бо роҳбарони марказҳои илмии байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ҷудо гардидаанд 99531,9 доллари ИМА, 22200 евро ва 25792 сомониро ташкил дод. Аз онҳо то 1 декабри соли 2014 ба муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 267496,9 доллари ИМА, 9200 евро ва 25792 сомонӣ ворид гардид, ки ҳамагӣ 1 155 222,5 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар соли 2014 ҳаҷми умумии маблағҳои ғайрибуҷетӣ, маблағҳои илова ба буҷети Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъйиноти мақсаднок ҷудогардида ва маблағҳои аз ҳисоби фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагидории муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастомада 4 430 095 сомониро ташкил дод.
Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва суратҳисоби махсус ба Раёсат ва муассисаҳои илмии Академияи илмҳо ба маблағи 623 117 сомонӣ маводи конселярӣ, мебел, техникаи компютерӣ ва дигар маводи ёрирасон харидорӣ ва тибқи 60 борхат тақсим карда шуд.
Дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва суратҳисоби махсус ба маблағи 3 199 752 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармимӣ ба сомон расонида шуд.
Дар соли 2014 академик Д.Н.Почоҷонов барои саҳми назаррас дар рушди илми химия ба ҷоизаи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои иттиҳод» дар муаррифии «Илм ва маориф» мушарраф гардид. Тибқи қарори Департаменти «Консорсиуми илмӣ-саноатии Аврупоӣ» барои саҳми арзанда дар рушди илм ва маориф, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Ҷ.Усмонов бо медали «Wilhelm Leibnitz» мукофонида шуд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Муллоаҳмад сазовори Ҷоизаи байналмилалии Хазинаи Манучеҳри Фарҳангӣ (Испания) гардид. Бо қарори Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ моҳи июли соли 2014 як сайёраи хурди системаи Офтобӣ ба номи директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.И. Қоҳирова бо номи “Kokhirova” барои саҳми арзандааш дар тадқиқи ҷисмҳои хурди Системаи офтобӣ номгузорӣ шуд.
Номзади илми таърих, мудири шўъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш А.Ғафуров барои саҳмгузорӣ дар пешрафти илми таърих ба гирифтани ордени Шараф дараҷаи II мушарраф гардид. Оспанова Н.К. – доктори илмҳои геологияю минерология, мутахассиси пешбари илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кобулиев З.В. - доктори илмҳои техникӣ, профессор, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саломов А.А. – номзади илмҳои физикаю математика, муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудаанд.
Доктори илми меъморӣ, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Р.Муқимов барои хидматҳояш дар рушди илми меъморӣ ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ сазовор дониста шуд.
Доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳ.О.Абдуллоев, сарходими илмии Институти таҳқиқотии илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Т.Ҳ.Солиҳов соҳиби Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.У. Умаров дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, кормандони илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон академик Б.С.Сангинов ва номзади илмҳои кишоварзӣ А. Сангинов соҳиби Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ЕН.Павловский дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ ва доктори илми фалсафа, директори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А.А.Шамолов соҳиби Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ - дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ гардиданд. Бештар аз 30 нафар кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ҳозирини гиромӣ,
Асри XXI – асри техникаву технологияҳои абарқудрат ва абарзудӣ дар баробари дастовардҳои нисбатан бузурги худ ҳамчунин асри бўҳронҳои ҳамарўзаи молиявӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ низ мебошад ва ИНСОНИЯТ-ро бо мушкилоти зиёд рўбарў месозад. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи нав бо вуҷуди ҷанбаҳои мусбати худ садҳо мушкилоти дигар ҳам дорад. Азнавтақсимкунии ҳавзаҳои манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз тарафи абарқудратҳои ҷаҳонӣ, зери фишори манбаъҳои иттилоотии бешумор қарор гирифтани инсоният, васеъ гардидани шабакаҳои қариб идоранашавандаи иҷтимоӣ, тероризм ва экстримизми байналмилалӣ, масъалаҳои геополитикӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир зери назорат гирифтани ҳаёти шахсии ҳар як фарди кураи замин аз тарафи мақомоти махсуси кишварҳои пешрафта ва амсоли онҳо моро вазифадор менамоянд, ки дар пешорўи ин ҳаводис танҳо ва танҳо ба дастоварҳои илман асоснокшуда ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисодиёт такя намуда, рақобатпазирии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин созем.
Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои асосии мо ҳамоно бо далелҳои асоснок ва бо такя ба дастовардҳои илман асоснокшуда мубориза бурдан бо ифротгароӣ, динситезӣ, экстримизму тероризм ва амсоли онҳо боқӣ мемонад.
Бинобар ин Раёсати Академияи илмҳо, роҳбарони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо ва тамоми олимони Академияи илмҳо вазифадор мешаванд, ки дар роҳи шинохти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа, мубориза бо ифротгароӣ, динситезӣ, бегонапарастӣ, экстримизму тероризм, бо мақсади саҳмгузорӣ дар сулҳу суботи кишвар таҳқиқотҳои илмӣ анҷом диҳанд, натиҷаи онро дар васоити ахбори умум, махсусан, радиову телевизион, маҷалаву рўзномаҳо ба табъ расонанд ва ҳар моҳ ба Раёсати Академияи илмҳо доир ба корҳои анҷомдодаашон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Айни замон дар Академияи илмҳо 8 Барномаи давлатӣ, консепсия ва Стратегияи давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки вазифаи аввалиндараҷаи олимони Академияи илмҳо иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо дар соли 2015 мебошад. Мо рафти иҷрои ин санадҳои муҳими давлатиро дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳо мавриди баррасӣ қарор дода будем. Дастовардҳо ва камбудиву норасоиҳо ошкор гардида, ба муттасадиён ҷиҳати ислоҳи онҳо мўҳлат муайян шуда буд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки рафти иҷрои ин санадҳои муҳими давлатӣ бояд зери назорати доимии Раёсати Академияи илмҳо ва роҳбарони муассисаҳоли илмии он қарор дошта бошад.
Имсол мўҳлати амали қисме аз Барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ба охир мерасад.
Бинобар ин Раёсати Академияи илмҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати ҷамъбасти ин стратегияву барномаҳо ҳаматарафа чораҷўӣ намуда, то моҳи июни соли 2015 лоиҳаи нави Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2016-2020 ва Барномаҳои нави давлатиро бо назардошти вазъи воқеии моддиву техникӣ ва кадрӣ, инчунин коркарди технологияҳои муосир бо назардошти талаботи онҳо дар бозори истеъмолӣ ва иқтисодиёти миллӣ таҳия ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намоянд.
Аз ҷумла, вазифаи мавқуфнопазири Академияи илмҳост, ки дар иҷрои се барномаи стратегии давлат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ саҳми сазовор бигирад.
Барои ин моро зарур аст, ки тамоми имконоти моддию техникӣ ва нерўи зеҳнию ақлии Академияи илмҳоро ба ин самтҳо равона карда, бад-ин тариқи муассир ба рушди устувори иқтисодии кишвар пайваста мусоидат намоем. Ин вазифа пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба дўши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ вогузошта мешавад.
Вобаста ба ин ба Раёсати Академияи илмҳо, роҳбарони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо супорида мешавад, ки самти таҳқиқоти илмии худро ба ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар мутобиқ ва ҳар 3 моҳ ҷиҳати корҳои анҷомдода дар ин самт маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳозирини гиромӣ,
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки моро ба ташвиш овардааст, ин риоя нагардидани интизоми меҳнат, тибқи қонунгузории меҳнати кишвар дар тамоми сохторҳои Академияи илмҳо мебошад. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки аксари кормандон дар ҳолатҳои алоҳида то 50-60%- и онҳо ба кор дар мўҳлати муқарраргардида ҳозир намешаванд, коршиканӣ мекунанд ва ё бисёр каммаҳсуланд. Новобаста ба таъкиду супоришҳои чандкарата ба директорони институтҳо ва роҳбарони ниҳодҳои илмии Академияи илмҳо интизоми меҳнат беҳ нашуда истодааст. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки мафҳуми “явочный ден” – ро фаромўш кунед. Худатон қазоват кунед: чӣ тавр олимони табиатшинос - физик, химик, биолог. ботаник ва ё зоолог ва ё соҳаи дигар метавонанд ҳамагӣ дар як ҳафта як маротиба дар озмоишгоҳ ва ё муассисаи илмӣ бошанду натиҷаи хуби илмӣ ба даст оранд? Ин ғайриимкон аст. Ва ё бархе баҳона пеш меоранд, ки рўзҳои дигар дар китобхонаанд ва ман борҳо аз Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи Академияи илмҳо маълумот гирифтам, ки ба истиснои 2-3 нафар ва баъзан унвонҷўёну аспирантон касе ба китобхона наомадааст. Пас дигар ба чӣ кор машғуланд нафароне, ки коршиканӣ мекунанд ва барои чӣ роҳбарони муасисаҳои илмӣ нисбат ба онҳо чораҷўӣ намекунанд? Ҳар як корманд тибқи қонунгузорӣ вазифадор аст, ки дар як ҳафта 40 соати кориро (агар сарбориаш як баст бошад) иҷро намояд. Мо такроран қарори якҷояи Раёсати Академияи илмҳо ва Иттифоқи касабаро дар ин маврид қабул намудем ва иҷрои қатъии онро зери назорат қарор хоҳем дод ва аз натиҷаи он ҳар моҳ тибқи Кодекси меҳнат натиҷагирӣ хоҳем намуд.
Аз ин рў, Раёсати Академияи илмҳо, роҳбарони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо ва тамоми кормандони Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои бечунучарои интизоми меҳнатро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд. Дар мавриди вайрон гардидани талаботи интизоми меҳнат нисбат ба кормандоне, ки ба чунин амал даст мезананд, мутобиқи қонунгузорӣ муҷозот то ба аз кор озод намудан андешида шавад.
Роҳбарони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҳангоми бастани қарордоди меҳнатӣ бо кормандон талаботи қонунгузориро дар мавриди интизоми меҳнат ба эътибор гиранд ва иҷрои бечунучарои онро назорат намоянд.
Ҳозирини гиромӣ,
Албатта, дар соли сипаришуда аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом дода шудаанд, вале кишвари тозаистиқлоли мо ба дастовард ва ихтирооти бештар ниёз дорад. Аз ин рў, моро зарур аст, ки камбудию норасоиҳои мавҷударо дар самтҳои мухталифи фаъолияти Академияи илмҳо, ба монанди ислоҳоту таҷдиди ниҳоии сохторӣ ва комилан баланд бардоштани мазмуну мўҳтавои корҳои илмию таҳқиқотӣ бартараф намоем ва олимони эҷодкор ва ҷавонони лаёқатмандро ба уфуқҳои тозаи илмӣ раҳнамоӣ кунем. Мо боварии комил дорем, ки бо дастгирии Роҳбарияти сиёсии кишвар мушкилоти мавҷуда давра ба давра ҳал гардида, ислоҳоти соҳа ва рушди бемайлони он дар ҳама самтҳо таъмин карда мешавад.
Бо итминон гуфта метавонем, ки якояки Шумо – олимон ва муҳаққиқони асрори нуҳуфтаи табиату ҷамъият тамоми ҳастӣ, донишу тавон ва иқтидори зеҳнии худро бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандагии роҳбари кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди устувори иқтисодиёти кишвар, азизу гиромӣ доштан ва ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ равона месозед.
Ба ҳамаи Шумо тинҷию осудагӣ ва саломатию сарбаландӣ орзу мекунам.
Барои ҳусни таваҷҷўҳатон ташаккур.
================================================================
Ҳадамоти серверии АИ ҶТ : Мутаев Турахон Муродович / Норов Исроил Нарзуллоевич
Ҳадамоти матбуотии АИ ҶТ: Латиф Латифӣ
29.01.2015 с.
Copyright © 2015
================================================================

