Ҳисобот оид ба фаъолияти АИ ҶТ дар соли 2015

Рўзи 9 январи соли 2015 Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ш. Бобошоҳзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, аъзои АИ ҶТ, директорон ва муовинони муассисаҳои АИ ҶТ, котибони илмӣ ва ходимони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.
Дар Маҷлиси умумии солона бо гузориш «Оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо дар соли 2015»президенти Академияи илмҳои ҶТ Ф. Раҳимӣ суханронӣ намуд.
Дар маҷлис мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ш. Бобошоҳзода, академикҳо С.Х. Неъматуллоев ва Н.Ю. Салимов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуќуќи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илми фалсафа А.А.Шамолов, директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю Юсуфбеков, доктори илмҳои биологӣ Д. Наврўзшоев ва раиси Маркази илмии Хатлон Т. Бобоев суханронӣ намуданд.

Сипас, ба аъзои пайваста (академикҳо)-и интихобшудаи АИ ҶТ дипломҳо супорида шуданд:
Аз Шўъбаи илмиҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ: Фарҳод Раҳимӣ – президенти АИ ҶТ; Сафиев Ҳайдар – директори Институти илмӣ-таҳқиқотии металлургии назди Корхонаи воҳиди давлатии «Талко»;
Аз Шўъбаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ: Ҳисориев Ҳикмат-директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растинии АИ ҶТ; Фелалиев Акрамшо Саидшоевич – сарходими илмии Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков;
Аз Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ: Олимов Кароматулло – ноиби президенти АИ ҶТ; Турсунов Акбар – директори Институти забон, адабиёт, шарќшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ; Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Президенти АИ ҶТ Ф. Раҳимӣ ба олимони ҷавоне, ки соҳиби «Ҷоизаҳои АИ ҶТ барои олимони ҷавон» дар соли 2014 гардидаанд, низ дипломҳоро бо маблағҳои муқарраргардида супорид:
Зарипов Сарвар Қаҳрамонович, ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - барои китобҳои дарсӣ «Таҳлили математикӣ ва ҳалли мисолу масъалаҳо, қисми 1, 2» ва дастурҳои таълимӣ (2-китоби дарсӣ, 2-васоити таълимӣ), инчунин силсилаи корҳои илмӣ:
Баротов Бахтиёр Бурҳонович, номзади илмҳои техникӣ, мудири сектори иҷозатномадиҳии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ - барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Асосҳои физикию химиявӣ ва технологияи ҳосил кардани консентратҳои уранӣ аз ашёи хоми маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Кавракова Зубайда Бўрихоновна, номзади илмҳои биологӣ, ходими калони илмии Озмоишгоҳи генетикаи растании Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ- барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Полиморфизми ДНК-и эгилопсҳое, ки дар Тоҷикистон месабзанд».
Абдуламонов Аҳмад Қозимамадович, ходими илмии Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растании Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АИ ҶТ - барои силсилаи корҳо дар мавзўи «Гандумҳои Бадахшони Афғонистон ҳамчун маводи аввала барои селексия»;
Шамсуллозода Шукрулло, номзади илми иқтисодиёт, мудири шўъбаи иқтисодиёти бахши ҷамъиятӣ ва хизмати Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ - барои монографияи «Проблемы развития страхового рынка и его роль в финансовой безопасности Таджикистана»;
Барфиев Қобилҷон Хушвахтович, номзади илми иқтисодёт, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - барои китоби «Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона»;
Каримова Руҳайё Нозимовна, номзади илми таърих, ходими калон иилмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ - барои монографияи «Культура Таджикистана в годы независимости (с. 1991-2011)»;
Рустам Наботӣ, номзад иилми филология, ходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рўдакии АИ ҶТ – барои ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа.
Бобоёров Ҳафиз, номзади илми фалсафа, директори Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ – барои ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа.

Ҳамчунин барои дастовардҳои назарраси илмӣ ва саҳми арзанда дар ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ бештар аз 40 нафар кормандони АИ ҶТ ба «Ифтихорномаи АИ ҶТ» сарфароз гардонида шуданд.
Дар охири маҷлис Шартномаи ҳамкорӣ байни АИ ҶТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тарафи президенти АИ ҶТ Ф. Раҳимӣ ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомов ба имзо расонида шуд.

================================================================
Ҳадамоти серверии АИ ҶТ : Мутаев Турахон Муродович / Норов Исроил Нарзуллоевич
Ҳадамоти матбуотии АИ ҶТ: Латиф Латифӣ
29.01.2015 с.
Copyright © 2015
================================================================

