joomla
free templates joomla

Таҷлили 75-солагии академик Фозил Тоҳиров дар АИТ

Имрӯз (12.06.2014 с.) дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикикстон 75-солагии академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Тоҳиров Фозил Тоҳирович ҷашн гирифта шуд.

Ба табрики ҳуқуқшиноси маърӯфи тоҷик Фозил Тоҳиров шогирдонаш, ки дар тамоми мақомотҳои давлатӣ кору фаъолият менамоянд, аз қабили: Маҳмудов Маҳкам Назарович - раиси суди Конститутсионии ҶТ, Холиқи Абдураҳимзода- раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ва дигарон ҷамъ омада буданд.

Сухани табрикотиро Фарҳод Раҳимов, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, қайд кард, ки  дар паҳлӯи ин шахси маърӯф кору фаъолият намудан барои ҳар яки мо  боиси ифтихор аст.

Боиси зикр аст, ки дар қисмати дуюми ин чорабинӣ бахшида ба 75-солагии ҳуқуқшиноси шинохтаи ҷумҳурӣ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмиллалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Масоили рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.    

Инчунин, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ, Раҳим Масов, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Мусо Диноршоев ва Ибраева Анвара Салманова аз Ҷумҳурии Қазоқистон Фозил Тоҳировро ба ин рӯз табрик намуда, оиди саҳми арзандаи ӯ дар пешравии илми тоҷик, алалхусус илми ҳуқуқшиносӣ изҳори баён намуданд.

Иброҳимова Сайёҳат                       

12.06.2014 с.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан