Рӯнамоии китоби «Таърихи фалсафаи халқи тоҷик: аз замони қадим то асри XV»
Нимаи дуюми рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ дар Маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби 3-ҷилдаи «Таърихи фалсафаи халқи тоҷик: аз замони қадим то асри XV» бо забони руси баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовуддинови АИ ҶТ гузаронида шуда, дар он Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович, муовини авали Вазири маориф ва илми ҶТ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти АИ ҶТ, Шамолов Абдулвоҳид, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовуддинови АИ ҶТ, Караматулло Олимов, ноиби президенти АИ ҶТ ва дигар олимону академикҳои ҷумҳур ширкат варзиданд.
Сухани ифтитоҳиро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ба табъ расидани ин дастоварди илмӣ табрик намуда, бебаҳо будани онро таҳкид кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҷилди якуми китоби мазкур андешаҳои фалсафии муттафакирони тоҷикро аз даврони қадим то пайдоиши ислом дар бар гирифта, муаллифи масъули он Караматулло Олимов, ноиби президенти АИ ҶТ мебошад.
Ҷилди дуюмаш, ки муаллифии масъулашро доктори илмҳои фалсафа, профессор Шамолов Абдулвоҳид ба уҳда дошт, ақидаҳои фалсафии муттафакирони баъд аз исломро дар мегирад.
Ҷилди сеюмаш соли 2014 ба табъ расида, аз пайдоиши ислом то асри XV-ро дар бар мегирад ва муаллифони масъули он доктори илмҳои фалсафа, профессор Шамолов Абдулвоҳид ва Муҳаммадхоҷаев А. мебошанд.
Боиси зикр ҳаст, ки дар омода намудани ин осори гаронбаҳои миллати тоҷик саҳми олимон ва файласуффон, аз қабили шодравон Анварҷон Муъминҷонов, ки қисми зиёди ҷилди 1-уми ин китобро навистааст, Маҳмадқул Ҳазратқулов, Саъдулло Раҳимов, Маҳмадхоҷаев А., Комилҷон Беков, Умарбек Шодиев ва дигарон хелле назаррас аст.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки китоби номбурда сазовори Дипломи барандаи конкурси беҳтарин китоби илмӣ-таҳқиқотӣ дар бахши «Илмҳои ҷомеашиносӣ»-и Ассотсиатсияи байналмиллалии Академияи илмҳоро дар соли 2013 сазовор гардидааст.
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовуддинови АИ ҶТ, Шамолов Абдулвоҳид, зимни суханронӣ таҳкид кард, ки «Ин китоб боиси ифтихори миллати тоҷик буда, гувоҳӣ аз доро будани таърихи фалсафӣ ва афкори фалсафии бойи миллати тоҷик мебошад».
Котиби матбуотии АИ ҶТ Сайёҳат Иброҳимова
23.05.2014 с.

