joomla
free templates joomla

НАҚШИ ТАЪРИХ ДАР ТАЪМИНИ БАҚОИ УМРИ МИЛЛАТ ВА ТАҚВИЯТИ АНДЕША ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

   Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода, ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихор ва эҳсоси ватанпарастӣ аст, ба вуҷуд оварда шудаанд.
  Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоидро барои ташаккул, шинохт ва рушди андешаи миллӣ ба вуҷуд овард. Мафҳуми «истиқлолият-соҳибихтиёрӣ» меҳвари консепсияи ғояи миллӣ мебошад. Соҳибихтиёрӣ яке аз омилҳои муҳими тавлидкунандаи худшиносӣ ба шумор меравад ва барои ҳифзу татбиқу густариш додани ғояи миллӣ мусоидат мекунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин баён доштаанд: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
Баъди ба даст овардани истиқлоли миллӣ дар раванди устуворгардонии Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати демократӣ Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронидааст. Ҷумҳурии нав соҳибистиқлол гардидаи Тоҷикистонро буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ фаро мегирад ва ноумедӣ аз арзишҳои пешинаи маънавӣ ва ғоявӣ, озодии маънавию озодбаёнӣ ва ғайра ҷомеаро ба ҷанги шаҳрвандӣ мекашанд. Дар якҷоягӣ ҳамаи ин омилҳо ваҳдати миллӣ ва муттаҳидиву якдилии байни тоҷиконро аз байн мебаранд ва қувваҳои беруна мехостанд давлат ва миллати тоҷиконро ба нестӣ баранд ва ҳадафҳои нопок ва муғризонаи худро амалӣ гардонанд, ки таърих худ гувоҳ ва пайгири ҳамаи он мебошад.
Қувваҳои беруна дар ин кор мехостанд аз бехабарии як зумра ашхос аз таъриху фарҳанги миллӣ, арзишҳои инсонпарваронаи диниву мазҳабии хеш истифода баранд ва Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат кашанд. Барои миллате, ки нав ба истиқлолият расида буд ва барояш дастоварди бебаҳо маҳсуб меёфт, аланга гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ басо хавфнок буд. Ҳатто хатари аз байн рафтани давлату миллати тоҷикон ба миён омада буд. Дар ҳамин марҳалаи басо мураккабу вазнин, ки пояҳои давлату ҳукумат хароб гардида буд, фарзанди барӯманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бурду боши миллатро ба зимма гирифт. Ин абармард ба оини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва покнажодии ниёгонамон такя намуда, пойдевори сиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро дар асоси он бунёд намудааст.
Баъд аз музокироти тӯлонии ҳукумати қонунӣ ва собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ дар шаҳрҳову давлатҳои гуногун баргузор гардиданд ва қариб чаҳор сол идома ёфтааст, муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуда ва он ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.
Бо кӯшишу талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат таъмин гардид ва он имкон дод, ки пояҳои давлату давлатдории миллии тоҷикон мустаҳкам карда шуда, буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф карда мешавад. Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои тамаддуни бузург ва фарҳанги беназири қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Иқтисод ва сиёсати миллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба эътидол дароварда шуда, Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо роҳи нави тараққиётро пеш мегирад.
Имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва арзиши таърихии он барои миллат ва давлати Тоҷикистон бузург аст ва ваҳдати миллӣ дар ҳамбастагӣ бо мардуми Тоҷикистон татбиқ ёфтааст.
Мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” вобаста ба ақалият ё гурӯҳе нест, мафҳуми фарогири аксарият ва тамоми қишри ҷомеа аст ва дар чаҳорчӯбаи он миллат фаро гирифта мешавад. Ваҳдати миллӣ ғояи сартосарист ва яке аз омилҳои асосии бақои миллат ва рушду нумуи давлат мебошад. Тамоми пешрафтҳои давлат маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ ба амал оварда мешаванд.
Бо гузашти вақт “Ваҳдати миллӣ” ҳамчун ғояи муттаҳидкунандаи миллат ба яке аз рукнҳои асосии андешаи миллӣ, табдил ёфтааст ва ба ҷуз ваҳдати миллӣ ғояи фарогиртаре, ки тамоми қишри ҷомеаро ба ҳам оварда ва барои расидан ба зиндагии шоиста дар ҷомеаи қонунсолорӣ мусоидат мекарда бошад, вуҷуд надорад.
Дар баробари устувор гардонидани ғояҳои олии тақдирсоз - истиқлолият ва ваҳдат дар таъмини бақои умри миллат хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро низ дар ҷойи аввал гузошт. Имрӯзҳо пайваста бо густариши “Истиқлолияти давлатӣ” ва пойдории “Ваҳдати миллӣ” худогоҳиву худшиносии миллӣ боло рафта, зарурати тарҳрезӣ ва коркарди рукнҳои асосии андешаи миллӣ рӯи кор омадааст.
Миллати тоҷик таърихи дерина дорад ва тамаддуну фарҳанги он аз умқи таърих сарчашма мегирад. Омӯхтану аз худ кардани таҷрибаҳои пешқадами тамаддуну фарҳанги ниёгон барои муайян кардани принсипҳои асосии андешаи миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Мову шумо огоҳ ҳастем, ки мардуми тоҷик аз ҷумлаи аввалин тамаддунофарон, нахустин соҳибкитобон ва муаллимин мебошанд.
Дар ташаккул ва таҳаввули андешаи миллӣ нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст, чунки фаъолияти сиёсии ин шахси бузургро бе андешаи миллӣ, аз қабили истиқлолият, ваҳдат ва худогоҳиву худшиносии миллӣ наметавон тасаввур кард, зеро камолоти шахсият ва рисолати сиёсии ӯ парварда ва маҳсули ин арзишҳост. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори асил аз рӯзҳои аввал ба ҳифз ва бузургдошти оини давлвтдории миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пардохтааст.
Дар шароити душвори ташаккули давлатдории тоҷикон ва фазои нави маънавӣ бо мақсади муайянсозии равандҳои муосири давлатсозии муосири тоҷикон шинос намудани мардум ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик заминаи муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд, ки “мо ба таърих ба хотири эҳёи он дар аслаш муроҷиат намекунем, балки мо бо мақсади эҳё намудани рӯҳи созандагиву бунёдкории ниёгонамон ва зиндагардонии хотираи падарон ва бобоёни худ муроҷиат менамоем ва ба ин васила дар ниҳоди мардумамон ҳисси худшиносиву ватанхоҳиро ташаккул медиҳем”.
Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқ худ ин як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ оварда мерасонад. Воқеияти таърихӣ танҳо зодаи афкору ақидаи ҳақиқати маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегарданд. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин дарҷ намудаанд: “Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем. Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд”.
Яке аз роҳҳои зуд ба худшиносӣ ва асолати миллӣ расидани мардуми тоҷик низ ин, пеш аз хама, омӯхтани осори гузаштагон ва таърихи миллати худ мебошад. Дар осори гузаштагон қимати ҳар як санги Ватанро дарк кардан мумкин аст. Гузаштаи миллат, нишебу фарозҳои онро дониста, баҳри ояндаи он бояд талош варзид. Чунки гузашта оинаи сабақ аст. Таърихи миллати худ, урфу одат, одобу рафтор, умуман тамоми хусусиятҳои миллии кишвари худро донистан ва баҳри ободии он фидокор будан нишонаи худшинос будан аст. Худшинос будан низ нишонаи ватандорист.
Инсони хештаншинос танҳо бо донистани таъриху фарҳанги миллати худ махдуд нашуда, дорои чаҳонбинии васеъ ва аз фарҳанги халкҳои дигар низ огаҳ бояд бошад. Беҳтарин дастовардҳои ҷаҳониро омӯхта, барои пешрафти миллату давлати худ истифода намояд. Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки худро ба дигар халкҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст”.
Маҷрои пурталотуми таърих ҳамеша гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо оянда мепайвандад, ҳалқаи васли наслҳо, халқҳо ва давлатҳоро мустаҳкам менамояд ва роҳро ба сӯи оянда равшан месозад.
Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии миллӣ маҳрум мебошанд ва зуд фирефтаи фарҳанги халқу миллатҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон натанҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд. Зеро маҳз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани таърихи давлату миллат, коста гаштани ахлоқ, набудани ҳисси ифтихори милливу ватандорӣ ба як гурӯҳ ифротгарон имконият дод, ки дар рӯзҳҳои аввали соҳибистиқлолӣ, тоҷиконро, ки он қадар таҷрибаи бои сиёсӣ надоштанд, ба вартаи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ бикашанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ низ хотиррасон менамоянд, ки яке аз камбудиҳои солҳои навадум, ки сабабгори ҷанги шаҳрвадӣ гардида буд, “дар тӯли асрҳо аз омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии хеш дар канор мондани миллати тоҷик буд”. Пешвои миллат роҳнамоӣ мекунанд, ки дар давраи кунунӣ “сарнавишти ибратомӯзи ниёгон ва донистани таърихи меҳан ..., инчунин сабақ гирифтан аз иштибоҳоти гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ватандӯст ва пӯхтаву дурандеш месозанд”.
Бо дар назардошти гуфтаҳои боло Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров, китоби безаволи “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад ва карда ҳам шуд.
Пешвои миллат дар ин асно чунин таъкид намудаанд: “Арзиши илмии ин асари бунёдӣ, бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ, мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми мамлакат гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.
Ҳар як нуктаи “Тоҷикон” ватандӯстиву шарафмандиву хештаншиносиро талқин менамояд ва дар баробари дастраси омма гардонидани ин шоҳасар Пешвои миллат зарур донистаанд, ки “мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем”. Инчунин Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки “мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.
Инчунин, бо ин мақсад Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «7» июли соли 2022, таҳти №АП-227 оид ба дар соли 2023 гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бароварда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби арзишманди академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.
Ин иқдоми Пешвои миллат иқдоми хирадмандона буда, андешаи миллиамонро ба мақсад мувофиқтар месозад. Миллати тоҷик миллати куҳанбунёб буда, омӯхтани таърихи ин миллат вазифаи ворисони он - ҳар яки мо тоҷикон мебошад ва дар ин самт бояд бетараф набошем!
  Дар фазои амну субботи Тоҷикистон, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, мо аҳли зиё тарғибгари арзишҳои андешаи миллӣ бояд бошем ва ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламонро, ки нерӯи пешбаранда, ворисони асили миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони маҳбубамон ҳастанд, дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Ин тақозои замон ва вазифаи ҳар як шахси хештаншиносу бозаковат аст.
Чуноне ки ҳазор сол муқаддам таърихшиноси тоҷик Абулфазли Байҳақӣ гуфта аст: “Нахустин сифати инсони хуб он бошад, ки бишносад зоти хеш, зеро чун зоти хеш бидонист, чизҳоро дарёфт, ҳар касе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонад донист”.
ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ
н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан