joomla
free templates joomla

ШАРҲИ АСРОРИ ТАБИИИ НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ

 
Ҷонмуҳаммадӣ А.И.
Наврӯз бузургтарин ва зеботарин ҷашни муқаддаси миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан ҳам, сухани тоза аз Наврӯз гуфтан басо душвор аст, вале вуруди фасли эҳёи муҳаббатҳо касро ба он водор менамояд, ки ҳарфе аз накҳати баҳориву сухане аз боди наврӯзӣ ба риштаи таҳрир кашад. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, халқи тоҷик ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён ва дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Бояд тазакур дод, ки дар осори бузургони мо низ ба амсоли Абубакри Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Истархӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон ба ҷашни қадима будани Наврӯз далолат медиҳанд. Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни ниёгони мо Наврӯз ин бо пешниҳод ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, сараввал 30 сентябри соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода шуда ва баъдан 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид -Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда мешавад, аз он рӯз то ин ҷониб ҳамасола онро 21 март дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд. Доир ба таҷлили Наврӯз Абурайҳони Берунӣ донишманд ва нобиғаи тоҷик дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”.
Фарорасии Наврӯз дар халқи мо ҳамчун баробаршавии шабу рӯз (нуқтаи эътидоли баҳорӣ) ва қисмҳои дигари вақтро дар давоми шаборӯз аз рӯи мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори (ҷойивазкунӣ парандагон) ҷонварон муайян мекарданд. Аз ҳисоби он, ки сарзамини мо аз талу теппа ва кӯҳҳо бой аст, асосан гардиши Офтобро мардуми кӯҳистон аз рӯи ҷойҳои нишонашуда дар қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои онҳо, дарахтони куҳансол, сангҳо мушоҳида ва муайян мекарданд. Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Айнӣ санге мавҷуд аст, ки онро “Офтоббин” ва қуллаи ду кӯҳе аст, ки Офтоб онҷо “Лона” мегузорад. Дар замонҳои қадим одамон асосан барои таъмини ниёзмандии рӯзгор ва хонаводаи хеш сароғоз ба чорводорию ғаллакорӣ ва корҳои саҳрогӣ машғул буданд. Барои ин одамон тавассути омӯхтани мавқегирии ситораҳо, офтобу Моҳ нисбати ҷирмҳои дигари осмонӣ, фаслҳои сол, фасли киштукор ва дигар ашёҳои лозимаро муайян менамуданд. Онҳо зимни сафар аз як шаҳр ба шаҳри дигар, баҳрнавардӣ, саёҳат ба мамлакати дигар, тиҷорат ва дигар корҳои рӯзгор, ҳамчунин барои муайян намудани вақт, самти ҳаракат (роҳ) ё ки тарафҳои зарурӣ барои сафар, шабонгоҳ аз мавқеъгирии ситораҳои осмон истифода мебурданд. Барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт дар давраҳои қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса мекарданд. Гузариши ҳаёти инсон низ дар вақт ҷараён мегирад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои даврӣ, аввал, бо камбудӣ бошад ҳам ҳисоби вақтро фаҳмида буданд. Ҳазорсолаҳо пеш дар ибтидои маданияти инсонӣ тақвимҳои оддитарин, ба монанди ҳисоби панҷрӯза, дар асоси панҷ ангушти дасти инсон сохта шуда буд ва баъдтар вобаста ба даҳ ангуштони ду даст «ҳафтаи даҳрӯза», ки аз даҳ рӯз иборат буд, пайдо шуд. Мардумони давраи баъдӣ дар асоси мушоҳидаҳои ҳаракати моҳтоб дар атрофии Замин ва ивазшавии шакли зоҳирии он, ки мо бо чашми оддӣ дида метавонем, вақтро ҳисоб менамуданд.
Акнун камтар доир ба рӯзҳои сол, ҳафта ва шабонарӯз маълумот медиҳем, ки барои чӣ ҳафта маҳз аз ҳафт рӯзу сол 365 рӯзу шабонарӯз 24 соатро дар бар мегирад. Дар боло, чӣ хеле, ки қайд кардем, ҳафтаҳои даҳрӯзаву панҷрӯза буданд, вале аз бас ки дар тасаввуроти қадимиён сайёраҳо ҳамчун худоҳо нақш баста буданд, барои ибодати онҳо як рӯзиро ҷудо намуданд. Азбаски он вақт танҳо ҳафт сайёра маълум буд, Офтоб (он вақт Офтоб ва Моҳро ҳам ба қатори сайёраҳо дохил мекарданд, зеро системаи геосентрикӣ ҳукмрон буд), Моҳ, Аторуд, Зӯҳро, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал, яъне барои ибодати онҳо ҳафт рӯз даркор буд ва баъд аз он такрор мешуд. Дар аввал як сол аз 360 рӯз иборат буд, яъне онҳо ҳаминхел ҳисоб мекарданд, аз ин ҷост, ки қимати кунҷи гардиш аз 0° то 360° аст. 1° - ин кунҷе буд, ки Офтоб дар давоми як шабонарӯз дар гирди Замин тай мекард. Лекин ҳисобҳои дақиқ нишон доданд, ки сол аз 360 рӯз неву аз 365,2422 шабона рӯз иборат аст, аммо қимати кунҷро тағир надода, ҳамон хел қабул карданд.
Наврӯз аз назари илми астрономия рӯзест, ки зоҳиран Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Ана ҳамин экватори кураи осмон ва ҳамвории эклиптика ҳамдигарро мебуранд. Миқдори нуқтаҳои буриши ин ҳамвориҳо дар як хати рост мехобанд ва Замин аз рӯи мадори худ ҳаракат намуда ин хати ростро дар ду нуқта мебурад, ки ин нуқтаҳоро дар илми астрономия нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ меноманд. Нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ оғози якхелаи фаслҳои сол дар астрономия ба ҳисоб мераванд.Тири чархиши Замин ба ҳамвории эклиптика перпендикуляр нест, яъне моил аст. Кунҷи байни ҳамвории эклиптика ва тири чархиши замин 23°36' –ро ташкил медиҳад. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб рӯй медиҳад, масалан ивазшавии фаслҳои сол, шабонарӯзи шашмоҳа дар минтақаҳои назди қутбӣ ва ғ.
Офтоб ҳангоми ҳаракат аз чор нуқтаҳои муҳим мегузарад, ки онҳоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-21 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) меҳисобанд. Гарчанде Наврӯз 21 март ҷашн гирифта шавад ҳам, вобаста ба тақвими истифодашаванда расидани Офтоб ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз 20 то 21 март ба вуқӯъ меояд. Сабаби асосӣ мувофиқ наомадани як даври пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб (сол) мебошад, соли тақвимӣ номувофиқии давомоти онҳоро нишон медиҳад. Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори эллипс (байзашакл) ҳаракат менамояд, ки сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазами Офтоб дар осмони ситоразор аст. Ин сабаби тағйирёбанда будани давомнокии шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ мегардад. Замин ҳангоми ба Офтоб наздик будан ними роҳи солонаро дар 179 шаборӯз ва ними роҳи аз Офтоб дурро дар 186 шаборӯз тай менамояд. Масалан, 23 декабр нисбат ба 16 сентябр 51 сония дарозтар аст.
Дар соли 2023 тибқи ҷадвали астрономӣ сайёраи Замин рӯзи 21 март соати 02h:30m дақиқаи бо вақти маҳаллии Тоҷикистон аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Барои мо ин вақт ҳамчун Наврӯз машҳур аст. Боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолї «оғози баҳори астрономӣ шурӯъ мегардад».
Мо ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузорем ва гиромӣ медорем, зеро ки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизи Наврӯз арзонӣ медорад. Ва эҳсос мекунам, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи Сарвари давлат кишвари азизу давлати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои наврӯзии имсолаамон амалӣ мегарданд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан