Ҷонбобоев С., Махшулов М., Ҳоҷиев А.,
кормандони илмии Маркази Синошиносӣ
НАВРӮЗ – РАМЗИ БАРОБАРИВУ АДОЛАТ ВА ИБРАТ БАРОИ ИМРӮЗ ВА ФАРДО
Баҳори имсолаи таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва гирди ҳам омадани мо, баҳори ҳақиқатан наву нодир аст. Ва эътиқодмандона иброз медорем, ки он пеш аз ҳама баҳори умед барои рифоъ ва расидан ба ягонагӣ бошад, ки дар аёми ҳукми замони баъд аз бӯҳрони ҳамагонии иқтисодӣ бар асари зарфиятҳои манфии глабализатсия, пандемия ва заминҷунбӣ ва дигар шикасту рехтҳо дар ин давра фаро мерасад ва дар ин аём бузургони миллат ва хурду бузурги кишварҳои ҷаҳон барои бартараф кардани мушкилоти ҷаҳонӣ барои ҳаёт ва рифоъи иҷтимоӣ панҷа нарм мекунанд. Хеле табиист, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мардумони дунё ба ҳам меоянд, роҳи раҳоӣ аз бунбастро ҷустуҷӯ менамоянд, чеҳраҳову дилҳоро ба рӯи ҳам мекушоянд. Дар чунин фурсат ба хотир мисраҳои ҷовидонии Хоҷа Ҳофиз мерасанд, ки аз нафаси гарми ёрон мадад хоста мехост:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Вале бо вуҷуди мушкилоти равониву иқтисодӣ ва хатари имрӯзаи ҳамагонии бехатариву иқтисодӣ ва ҳатто беҳдоштӣ дар чанд соли охири замони истиқлол мо ба дастовардҳои назарраси рушди иқтисодиву иҷтимоиву инсонӣ расида будем. Ин дастовардҳоро мо борҳо баррасӣ кардем ва ҳоло фурсати такрори онҳо нест. Вале чунин пешрафтҳо дар самти рушди фарҳанги миллӣ низ зиёд ба назар мерасад, ки ҳоло инҷо сухан аз он аст.
Бояд иброз дошт, ки бо вуҷуди арзи эҳтиром доштан ба арзишҳои исломӣ ва арзишхои муосири умумиинсонӣ мо барои бозсозии тафаккури замони истиқлол ба арзишҳои тоисломии худ рӯй меоварем. Воқеан мероси фарҳангӣ сармояи иҷтимоиест, ки аз он ҳар як миллат метавонад чун ибрат аз хизонаи афкор барои пешрафти минбаъда низ истифода барад. Мо аз тарҷрубаи корномаи Сомониёни илмдӯст, таҷрубаи академияи Гундишопури Эрони бостон ва академияи “Хизонул ҳикма”и халифа ал Маъмун дар Багдод ва ниҳоят аз намунаҳои рушди давраи Эҳёи Аврупо, хабар дорем, ки чунин кор натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Яке аз ин иқдомҳои мо дар самти шинохти нави мероси фарҳангӣ арҷгузорӣ ва рушд додани фазои фарҳангии Наврӯзи бостон ва дар рӯҳияти замони нав сайқал додани он мебошад. Воқеан ин як фарҳанги фарогире аст, ки дар домани он суннат ва дигар муштаракоти фархангие ба мисли Наврӯзи Оламафруз дар миёни тоҷикону халқҳои ҳамфарҳангу ҳамтақдири мо дар дили Осиё (Осиёи Марказӣ), дар Хутану Ҳинду Чин, дар Озарбойҷону Ирону Ироқ то кишварҳои Балкан тавлид ва такмил ёфтааст. Аз чумлаи намунаҳои олии ин суннат ва фарҳанги муштарак тамаддуни кадими ҳинду аврупоӣ аз Хутан сар бароварда то Ҳинд, фарҳанги замони Пешдодиёну Каёниён ва Паҳлавиёну Марғиён буд, ки дар ҳазорсолаи II пеш аз милод дар Марви бостонӣ ба вуҷуд омад, ё фарҳанге буд, ки аз Бухорову Самарканди Сомониён то Лохуру Дехлӣ дар замони ҳокимони Ғазнавию ҳукмронии хонадони Бобуриён ба Ҳинд сайр карда ва дар он ҷо арзи ҳастӣ карда ва густариш пайдо кард. Бо ин фарҳанги ҳиндуаврупоӣ ин халкҳои ҳамҷувори ҳамтақдир як фарҳанги муштарак, идеяи ягонагии инсониятро офариданд ва ба он маъниҳои тоза ба тоза зам кардаанд.
Натиҷаи ин фарҳанг навишта шудани китоби «Авасто» ва бунёди аввалин дар дунё дини яккахудоии зардуштӣ шуд. Дар замони ислом ҳам агар ҷашни оламшумули Наврӯз тибқи идеологияи ҳукмрон каме маҳдуд шуда бошад, дар айни замон барои мавҷудият заминаи назариявиро дар ҳадисҳои паямбари ислом пайдо намуд. Дар даврони минбаъдаи таърих Наврӯз (ба ибораи шоҳ Акбаршоҳ, «ин замон ба воситаи баъзе умур аз шева афтодааст»), вале маҳз дар замони шоҳигарии ӯ, яъне худи Акбаршоҳ (соли 992 ҳ.) дар Ҳинд кори фарҳангсозии миллӣ то ҷое расид, ки тибқи фармони ӯ «тақвими исломӣ мансух шуд ва ба ҷои он тақвими солшумории хуршедии эрониён ривоҷ дода аксари ҷашнҳои эрониён («ҷашнҳои олӣ, ки ҳазор сол дар билоди машҳур маъруф аст») тибқи маншури ӯ дар қаламрави паҳновари Ҳинд муқаррар сохта шуд (мо онро (аз нав) роиҷ сохтем)» («Акбарнома», ҷ.2.с.13, чопи Калкута//Ҷашни Навруз дар Ҳинду Покистон, С.39-40).
Барои дигар тазаккур медиҳем, ки ҷашни Наврӯз ҷашни динӣ нест ва он падидаи ғайрисломӣ ҳам нест, чунонки мардуми ноогоҳ тасаввур мекунанд, балки он табиатан падидаи фарҳангии фаромилливу фаромазҳабӣ аст, он аз ягонагии Инсон ва Табиат, ваҳдати инсоният гуфтугӯ мекунад. Аз он ки Наврӯз чашни муштаракоти фарҳангии минтақаи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ ва Шарки Наздику Миёна аст, ки ҳазорсолаҳо халќҳои минтаќаро ба ҳам мепайвандад, маҳз ба ҳамин хотир, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон «Ќатънома»-и Созмони Милали Муттаҳид зарурати шинохт ва ҷашнгирии Наврӯзро дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид мекунад. Бо ин мақсад 23 феврали с.2010 Ассамблеяи генералӣ 21 мартро ҳамчун ҷашни байналмилалии Наврӯз эътироф намуд ва дар ҷаласаи Ассамблея аз қарори ЮНЕСКО аз 30 сентябри с.2009 дар бораи шомил намудани Наврӯз ба Рӯихати ёдгориҳои мероси ғайримоддии фарҳанги башарӣ истиқбол намуд.
Бояд мутазаккир шуд, ки дар ҷашни байналмилалии Наврӯз таи чанд соли пеш дар Теҳрону Душанбе ва Ашқобод нишастҳои муфиду созанда ва пешниҳодҳои арзишманд барои таҳким бахшидани маќоми Наврӯз дар минтаќа ва дар ин замина мустаҳкам кардани иртиботи фарҳангии мардумони Ҳавзаи Наврӯз, сохтани роҳу ҷодаҳои транспортиву тиҷоратӣ, фарҳангиву илмӣ сурат гирифтанд. Бо хушнудӣ қайд мекунам, ки бисёре аз ин наќшаву пешниҳодҳои мо ҷомаи амал пӯшиданд.
Таъкид месозам, ки ҷашни имсолаи Наврӯз рамзи ягонагии миллатҳо дар муқобила бо зӯроварии сиёсиву мазхабӣ, ягонагии тамоми инсоният дар муқовимат бо офатҳои ҷаҳонхори ҷангсолорӣ, зӯргуӣ, худкомогӣ, пандемия ва маҳрумиятҳои дигари инсонист. Умед аст, ки дар солҳои минбаъда Наврӯз ба як падидаи боз ҳам нодири фарҳангии умумиинсонӣ ва мардумсолорӣ табдил меёбад ва татбиқи оқилонаи он самараи нек меорад.
Аз таърихи Навруз. Биёед каме ба таърихи Наврӯз рӯй оварем, то аз моҳияти ин ҷашн бештар огоҳӣ пайдо намоем. Чун сухан аз таърихи Наврӯз равад, зикр бояд кард, ки он яке аз ќадимитарин ва зеботарин ҷашнхои ҷаҳон аст, он бар пояи тасаввуроти амиќи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва баќои ќавми тоҷик ва дигар аќвоми ориёитабор ва ќавму миллатҳои ҳамҷувор маҳсуб мешавад. Ба иборати дигар ин ҷашнро аќвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик: аз марзи Чин ва аќсои Ҳинд то савоҳили уќёнуси Атлас ва аз арозии Сайбирия то Халиҷи Форс ба унвони ҷашни миллӣ ва ќавмии худ пазируфта, ва бо шукӯҳу шаҳомати хосае онро таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест роҷеъ ба таъсири фарҳангии тоҷикону ќавмҳои ориёӣ бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми аќсои олам. Гузашта аз он, иморати хештаншиносии тоҷикону ќавмҳои эронӣ ду-се шаҳсутун дорад: яке забони порсиии тоҷикисту дигаре таъриху адабиёти пурғановати дарии тоҷикӣ ва ниҳоят чашни Наврӯзи хуҷастапай ва бостонӣ.
Гузаштагони тамаддунофари мо ҷаҳонишавии Наврӯзро ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз милод оғоз ниҳода буданд. Аз ёдгориҳои Тахти Ҷамшед медонем, ки Наврӯз дар 23 кишвар ҷашн гирифта мешуд, ки аз кӯҳҳои Ҳиндукӯш то Мисру Юнон ва аз Русияву Ќафќоз то Ҳиндустони кунунӣ доман густурда буданд. Сабаби пазириши ин чашн аз тарафи тамоми ақвому қабоил ва халқҳои Авруосиё, ки ҳоло аз онхо ишора рафт он буд, ки Наврӯз чи дар гузашта ва чи дар замони хозира ҷашни ваҳдату сулҳ ва ҳамзистию ҳамкории ќавму миллатҳои гуногуни ин минтаќаи паҳновар ва мутамаддин аст.
Бубинед, ки яке аз ойинҳои муќаддаси наврӯзасос ойини Митра ё худ Меҳрпарастӣ мебошад. Маҳз ҳамин ойини бостонии ҳавзаи фарҳангии наврӯзӣ минбаъд ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон паҳн гардид ва аз он ҷумла ба поядевори дини масеҳӣ ва ирфони исломӣ табдил ёфт. Осор ва таъсири ойини Митра ё митраизмро дар дини тенгриании туркҳо ҳам дидан мумкин аст. Аз ин нигоҳ, бори дигар тазаккур медиҳам, ки наметавон ин ҷашнро падидаи маҳдуди ќавмиву ќабилавӣ ва миллию мазҳабӣ номид. Наврӯз, дар ҳаќиќат, ҷашни байни миллатҳо ва ҷашни умумиҷаҳонӣ мебошад.
Аз ин руҷӯи мухтасаре ба таърих мебинем, ки то ба таркиби адёни мазҳабӣ дохил шудан дар аҳди Ҳахоманишиён Наврӯз ба таври куллӣ ҷашни Бахор, эҳёи табиат ва инсон буд. Дар сарчашмаҳои аҳди бостон ва асрҳои миёна Ҷамшеди пешдодӣ чун бунёдгузори ҷашни Наврӯз шинохта шудааст. Ба устураи Ҷамшед чун ба рамз назар бояд кард. Дар он орзую омоли одамон ифода ёфтааст, ки мехостанд аз офатҳои табиӣ, гуруснагӣ, беморӣ ва ҷангу хунрезӣ эмин бошанд.
Мувофиќи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, маҳз Ҷамшед ин орзую омоли одамонро барои бозсозӣ, азнавсозӣ ва равнаки зиндагии одамон амалӣ кард ва барои ҳамин ҷашни Наврӯз барпо намуд. Ба шарофати симбол ё рамзи навсозӣ ва бунёди хаёти нав будан Наврӯз дар таълимоти зардуштӣ низ муќаддас шуморида мешуд. Дар асоси ин таълимот ҷараёни офариниш дар давоми як сол, яъне аз Наврӯз то Наврӯз, дар шаш марҳила сурат мегирад. Дар ҳар давра худованд як гавҳари муќаддасеро офарид, ки иборат аз Осмон, Замин, Об, Наботот, Ҳайвонот ва Инсон буданд. Ин гавҳарҳои муќаддас дар дастархони ҷашни Наврӯз бо номи «Ҳафт син» ва дигар ойинҳои наврӯзӣ таҷассум ёфтаанд. Ин гуна қуддусият (муќаддасгардонӣ) маҳз ба хотири он ҳаст, ки одамон ба ин гавҳарҳои ҳастӣ ва зиндагӣ арҷ гузоранд. Аз оғоз фарҳанги Наврӯз пос доштани покии обу оташ ва ҳавою заминро дар мадди аввал мегузошт.
Шинохти илмии Наврӯз: Абурайҳони Берунӣ. Бубинем, ки нигоҳи олимони нобиғаи тоҷик андар шинохти шаҳомат ва расолати Наврӯз чи гӯна аст. Олими зуфунуни хоразмии тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боќия» ба ҷашни Наврӯз бобҳои муфассале бахшидааст ва баргузории ин ҷашнҳоро назди мардуми тоҷики Хуросону эрониён, суғдиён ва хоразмиён (пешгузаштагони тоҷикон) ба тарзи алоҳида баён ва баррасӣ кардааст. Ин мутафаккири бузург бо ҷузъиёти ҳайратовар ва бо равиши илмии хоси худ ба мавзӯи Наврӯз мепардозад ва ҳар нуктаро дар ин баҳс бо далелҳои устувор асоснок мекунад. Аз ҷумла: «Эрониён ваќте ки солҳои худро кабиса мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва Фарвардинмоҳ аввали тобистон ва тирмоҳ аввали поиз ва меҳрмоҳ аввали зимистон ва даймоҳ аввали баҳор буд.
Берунӣ баён медорад, ки бархе аз ин айём марбут ба умури дунявӣ аст ва порае марбут ба умури маънавию рӯҳонӣ. «Аммо умури дунявӣ идҳои муќаддасе аст ва рӯзҳои бузург, ки подшоҳону бузургони рӯҳ онҳоро вазъ карда, то муҷиби шодмониву фараҳ ба василаи касби ҳамду сано ва дӯстиву дуои хайри мардум шаванд. Ва барои тудаи мардум русуме ќарор доданд, ки онон низ битавонанд дар чунин суруре ширкат кунанд ва тоату хизматгузории худро нисбат ба подшоҳон изҳор кунанд. Ва ин рӯзҳо яке аз сабабҳоест, ки тангии рӯзии фуќароро ба як зиндагонии фарох мубаддал месозад ва орзуҳои ниёзмандонро бароварда месозад ва ононро, ки наздик ба ҳалок расида ва дар гирдоби бало афтодаанд, раҳоӣ мебахшад. Аммо айёми рӯҳониро диноварон ва шоирон аз пешвоёни миллат ва фаќеҳону диндорон вазъ карданд ва маќсуд аз вазъи ин айём ва анҷоми суннатҳои он низ монанди маќсуд ва ғоят аз вазъи рӯзҳои марбут ба умури дунявӣ буд, ҷуз ин, ки дар ин рӯзҳо аҷру савоби ухравӣ низ мадди назар буд».
Дар ҷавоб ба андешаи муғризонаи баъзе аз ҳамватанони мо, ки ҷашни Наврӯзро бо тамаддуни ислом муќобил мегузоранд, осори тоисломиро нишонаи бадавият медонанд, инҷо чанд мисол мезанем. Гап дар сари он аст, ки дар тафовут аз дигар халќу ќабоил мардумони ориёии тоҷику эронӣ ќабл аз ислом тамаддуни пешрафтае доштанд, ки ҷаҳонро ба ларза дароварда буд, барои дигарон дарси ибрат буд. Абурайҳони Берунӣ тазаккур медиҳад, ки суннатҳову оинҳои муайян барои ин айём вазъ карда буданд, ки аз пешиниён ба мерос расида ва онҳоро табарруку хуҷаста медонистанд. Сипас ба зикри моҳҳои эрониён ва идҳое, ки дар ҳар кадом моҳ ҷашн гирифта мешаванд, пардохта, аз Фарварвардин ва Наврӯз сухан оғоз мекунад.
Наврӯз дар аҳди Ислом. Ба андешаи Берунӣ ҷашни Наврӯз ҳам дар назди яҳудиён ва ҳам дар назди мусулмонон азиз буд. Барои собит сохтани дар аҳди бостон фарогиранда будани Наврӯз Берунӣ ду ривоят оид ба Наврӯз ва суннатҳои онро ёдоварӣ менамояд. Яке ин аст, ки: Сулаймон пайғамбар чун ангуштарии худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт. Ва мурғон бар гирди ӯ гирд омаданд, эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад», яъне рузи тоза биомад. Ва парасту бо минќори хеш ќадре об овард ва бар рӯи Сулаймон пошид ва як рони малах низ ҳадия овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашҳо ба назди ҳам мефиристанд.
Ривояти дигар ба ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (С) иртибот мегирад, ки ровиён онро ба Ибни Аббос нисбат медиҳанд. Наќл кардаанд, ки дар Наврӯз зарфи нуќрагин, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар (С) ҳадия оварданд. Ва он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсид, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд аскараро зинда кард. Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд. Ва Худованд ба онон гуфт: Бимиред. Ва мурданд, сипас ононро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онон биборад. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шудааст. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва зарфро миёни асҳоби худ ќисмат карду гуфт: Кош, ҳар рӯзе барои мо Наврӯз буд!
Тараннуми Наврӯз дар адабиёти форсӣ. Инҷо мисоле чанд роҷеъ ба Навруз ва инъикоси тасаввуроту боварҳои ниёгонамон дар ин ҷашни куҳан ва шукӯҳманд, ки бештар дар назми оламгири тоҷикиву форсӣ таҷассум гардидаанд:
Маълум аст, ки Наврӯз ин рамзи зиндагии нав ва навгонӣ дар табиат аст, ки ҳар сол заминро бо чодари сабз пепӯшонад ва ба дилҳо сурур мебахшад. Гирдгардон будани олам, яъне дар ҳолати тағййиру таҳаввули мудовиму даврӣ ќарор доштани он, дар тасаввури аҷдодони мо як амри табиӣ будааст. Ба фармудаи Одамушшуро Рудакӣ ҷаҳон ҳамвора дар ҳаракат аст:
Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,
Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.
Ва бар асари ҳамин ҳолати гирдгардонӣ аст, ки:
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халќон буд.
Ва нуќтаи тавассули чунин як ҳолати гирдгардонӣ ва мубаддал шудани куҳна ба на нав баҳору Наврӯз аст, ва ҳатто:
Шояд ки марди пир бадин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шубоб аз паи машиб.
Аз дидгоҳи Одамушшуаро, Наврӯз худ табибест ҷиҳати муолиҷаи ҷаҳони бемору дардманди он замон ва инзамон ва василаест ҷиҳати ба эътидол овардани олами хастӣ дар сатҳи корҳои ҷомеа ва низоми кайҳон:
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.
Яъне Наврӯз василаву намоди эътидол аст, чун он замони тавозуни шабу рӯз ва оштиву сулҳу салоҳ миёни инсонхо, дур афкандани кинаю кудуратҳо, пушти сар гузоштани сардию хушунат ва рӯй овардан ба меҳрубонию каромат меобошад. Ва аз ин лиҳоз ба фармудаи Унсуралмаъолии Кайковус, «эътидол ҷузвест аз саодати аќли кулл». Пас, аз ин дигоҳ Наврӯз намоди аќли кулл, низоми муташаккили кайҳон маҳсуб мешавад, ки ишора ба бунёди низоми боэътидоли иҷтимоӣ аст.
Васфи Наврӯз бавижа дар осори бузургмарди дигари даврони таърихамон - дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ маќоми сазовор ва чойгоҳи баланде дорад ва ба унвони даврони пирӯзии некӣ бар бадӣ, ҷилваи шукӯҳу шавкати шоҳону шаҳриёрон, шукуфоии олам ва сарбаландию осоиши одам талаќќӣ мешавад. Хаким Фирдавсӣ ба масъалаи Наврӯз аз дидгоҳи равобити фитрии инсон ва табиат ва куллан олами ҳастӣ менигарад, ва ин ҷашнро пули иртиботе медонад ҷиҳати таҷдиду шукуфоии муштараки Инсон ва Кайҳон. Забони шево ва тавонои тоҷикии форсӣ имкон медиҳад, ки Ҳакими Тус дар нигориши вижагиҳои Наврӯз ба гунаи шигифтоваре доди сухан диҳад, ва хонандаро ба олами сеҳрангезу рӯҳнавози ин забон раҳнамун бошад ва макоми Наврузро дар тадовуму такомули фарҳанги тоҷикони порсизабон ба намоиш бигзорад.
Хаким Фирдавсӣ бо ишора ба тасаввуроти ќадимии аќвоми ориёӣ Наврӯзро инчунин замони вонамудани рози оламу одам медонад. Масалан, дар «Достони Бежан», ваќте ки Гев дар ҷустуҷӯи Бежан оҷиз мемонад, ва ба чораҷуӣ назди Кайхусрав меравад, ва аз ӯ барои дарёфтани гумшудааш ёрӣ мехоҳад, шоҳи каёнитабор ӯро ба омадани Наврӯз умедвор мекунад ва чунин посух медиҳад:
Бимон, то биёяд маҳи Фарвадин,
Ки бифрузад андар ҷаҳон ҳурдин.
Бар он гаҳ, ки бар гул нишонад-т бод,
Чу бар сар ҳаме гул фишонад-т бод,
Бигуям туро ҳар куҷо Бежан аст,
Ба ҷом андарун ин маро равшан аст.
Яъне то замоне, ки Наврӯз фаро нарасидааст, Кайхусрав наметавонад ба Ҷоми Ҷам бингарад, ва асрор ҳувайдо созад. Чаро? Зеро, ки танҳо дар айёми Наврӯз ҷаҳонро тағййироти боризе фаро мегирад, ва биниши фитрӣ ба бор меояд.
Ва чун Наврӯз фаро мерасад, Кайхусрав ба ҷоми ҷаҳоннамо менигарад:
Яке ҷом бар каф ниҳода набид,
Баду андарун ҳафт кишвар бидид.
Замону нишони сипеҳри баланд,
Ҳама кард пайдо: чиву чуну чанд.
Аз ин ҷост, ки Наврӯз ба масъалаи шаҳриёрӣ (давлатдорӣ) низ иртиботи амиќ дорад. Навруз дар «Шоҳнома» на танҳо оғози соли нав, пушти сар шудани зимистону сармо ва фаро расидани баҳору шукуфоӣ, балки нуќтаи оғозини замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ ҳаст. Дар ин маврид низ Наврӯз - оғози даврони нави эътидол ва назму низоми иҷтимоиву сиёсии навинест дар зиндагии мардум, дар миќиёси кишвар ва дар умури кишвардорӣ ба амал меояд.
Ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ҳам аз мафҳуми Наврӯз ба унвони даврони сипарӣ шудани мушкилоти куҳан ва фаро расидани назми сурурафзои навин истифода менамояд. Аз дидгохи ӯ ин чашни муборак василаест ҷиҳати нафйи даврони пур аз мушкилот ва руй овардан ба тавфиќ:
Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,
Бар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дӣ ки гузашт, харчӣ гӯи хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
Чунон ки мебинем, ҳаким Умари Хайём ҳам ба мисли Рӯдакӣ дар рӯҳияи ҳаётдӯстона даъват ба амал меорад, ки ҳаёти худро набояд дар сӯгворӣ гузаронид - «аз гузашта накард бояд ёд»! Ғанимат донистани даврони зиндагонии инҷаҳонӣ бо фаро расидани Наврӯз маънии тозае пайдо мекунад, зеро ин давронест, ки олами ҳастӣ бо тамоми нафосату латофати худ зуҳур мекунад, нав мешавад ва назми тозаю назаррабое касб менамояд: кишвардорӣ бо мардуми худ аҳди нав ва дуруст мебандад:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
Дар ин рубоӣ боз як нуктаи ҷолиб ва тасвири хеле нозуке хаст: рӯҳи лоларо шустани абр. Зеро равшан аст, ки абр тавассути борон рухи лоларо на танҳо дар айёми Наврӯз, балки дар дигар рӯзҳои сол низ мешӯяд ва ба он таровати тозае мебахшад. Вале ин ҷо ишора бар он аст, ки Наврӯз худ айёми муборакест, ки тавони поксозии зохиру ботини оламу одамро дорад; ва чун он кудуртҳоро мезудояд, адоватҳоро аз миён мебарад, ҷаҳонро ба таври сеҳромезе тағййир медиҳад ва назму низоми навини хубиву некӣ эҷод мекунад, пас дар ин айём «азм ба ҷоми бода» намудан, яъне василаи шодмонию сурурро фароҳам овардан амалест дархури инсони равшанзамири чи гузаштаву чи имрӯза.
Ҳамчунин ишора ба гузаро будани даврони зиндагӣ низ бо истифода аз нишонаҳои наврӯзӣ, яъне сабзаву марғзор, ки бо гузашти айём фанопазиранд, сӯрат мегирад.
Дар рубоиёти Хайём садои дилнавози мурғони нағмахон, бавижа булбул, низ ба унвони намоди овоии (савтии) Наврӯз ҷилва мекунад:
Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,
Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.
Булбул ба забони паҳлавӣ бо гули зард,
Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хвард.
Ва инчо булбул маҳз ба забони пахлавӣ (форсиву точики) нағма мепардозад ва бо муроҷиа ба гули зард, ки намоди навмедӣ ва бевафоии ёр аст, аз назми гирдгардони олам ва зарурати ғанимат донистани даврони шукуфоӣ хабар медихад.
Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мавзӯи Наврӯзро ба таври хеле шево ва барои офаридани мазомини баланди ирфонӣ ба кор гирифтааст. Ӯ, ки дар ифодаи ҳолу аҳвол ва маќомоти орифон хеле чирадаст аст, Наврӯзро ба унвони паёмовар аз сӯи Дӯст ва барафрӯзандаи чароғи дил, яъне бахшандаи ваҷди орифона тавсиф менамояд:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрузӣ.
Инчунин «чароги дил барафрӯхтан» тавассул ҷустан ба даргоҳи Дӯст аст, ки чун боди наврӯзӣ сафои рӯҳ мебахшад. Ва ин сафои рӯҳ дар навбати худ василаест ҷиҳати дарёфти назму эътидоли маънавӣ барои ҷӯяндаи ҳаќиќат, ки раҳ сӯи манзилро дар пеш дорад.
Яке аз вижагиҳои боризи ашъори Хофиз маҳз он аст, ки ҳар кас онҳоро мувофиќ ба ҳоли худ ва дар сатҳи тавони худ дарк мекунад. Вале ин гуна дарк дар ҳама ҳол ва барои ҳар нафаре, сарфи назар аз сатҳи омодагии маънавии ӯ, ҳаќиќат дорад. Яъне чи олиму ориф, чи файласуф ва чи наҳвӣ аз назми Ҳофиз чизҳоеро дарку фаҳм мекунанд, ки ба ҳолати ма’навии онҳо созгор ва аз ҳар чашмандозе дуруст аст ва ба дард ҳар касе мехӯрад. Ҳарчанд, ки Хоҷаи Шероз бо эътирофи худаш оид ба Наврӯз «сухан дар парда» мегӯяд:
Сухан дар парда мегӯям, зи худ чун ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Дар инҷо Ҳофиз барои ифодаи эътидоли олами ҷисмонию рӯҳонӣ, ки аз тариќи такрор ва нафйи нафй, тавассути раванди гирдгардонӣ (тагййирпазирии даврӣ) зуҳур меёбад, ва чуноне ки зикраш рафт, Наврӯз нуќтаи тавассули он аст, аз ибораи «мири наврӯзӣ» истифода намудааст. Зеро, ки мири наврузӣ, ки тибќи суннати ќадим ба таври муваќќат аз миёни омма барои саргармӣ ба унвони «ҳоким» интихоб мешуд, вале хӯкумати воќеӣ надошт, бо гузашти панҷ ё шаш рӯз аз ин мансаб маъзул мешуд. Яъне инҷо киноя аз зудгузарӣ ва нопойдорӣ аст.
Ва ҳамин зудгузарии мукаррар худ ҷузве аз эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ дар ин олам аст. Вале Ҳофиз ҳар дафъа бо назари хушбинона ба ҷаҳон баён медорад:
Нафаси боди сабо мушкфишон хохад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
Имрӯзи Наврӯз. Ҳамин нигоҳи гузаро ба намунае чанд аз осори навобиғи илму назми олашумули форсӣ-тоҷикӣ гувоҳ бар он аст, ки Наврӯз на танҳо ҷашни суруру шодмонии зоҳирӣ, балки як падидаи нодири фарҳангӣ ва суннатиест, ки бо худ рамзу рози эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонии ҷаҳони ҳастиро ҳамроҳ дорад ва то ҳадди зиёде онро метавон ба унвони боландагӣ ва равшангарии рӯҳи ориёӣ таллаќќӣ кард. Ва дарки ҷанбаҳои мухталифи ин ҷашни шукӯҳманди ниёгон ба таври ҳатмӣ имрӯз ҳам дар ҷодаи худшиносии миллӣ таъсиргузор хоҳад буд.
Дар ин лаҳзаҳо ба унвони далел бар асолату дурустии ин суханон, бо таъкид бар он ки: ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи халќ замонати баќои рузгори миллат ва забони ӯст. Забони точикӣ (форсӣ) ба унвони ҳомилу ҳомии осор ва пиндори фарҳангӣ ҳам ҳофизаи таърихӣ ва ҳам дурнамои рушди маънавиамонро таҷассум мекунад.
Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ва аз тарафи Маҷмааи ИДМ шинохта шудани он ҳам як падидаи барои замони мо нодир ба шумор меравад. Ҳоло чанд сол бо давлату миллатҳои Ҳавзаи Фарҳангии Наврӯз баҳам меоянд, мушкилоти худро арза медоранд ва барои ҳалли онҳо машварат мекунанд ва бо ҳам ҷашни Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ин падида боиси хушии инсонҳост!
Имрӯз мо дар асри 21-ӯм, дар замони рушди босуръати илму технология зиндагӣ ба сар мебарем ва замоне ки аз бунёди ҷашни Наврӯз ҳазорҳо сол гузаштааст, ва мо нметавонем, ки ба пуррагӣ ва бо асолати комил ин ҷашни деҳқониро аз нав эҳё намоем (барои ин ягон зарурияте ҳам нест), вале аҷиб аст, ки ин ҷашн то ҳанӯз зинда, бо мост ва ниёзҳои муҳими моро бароварда месозад.
Моҳияти аслии Наврӯз ин баробариву эътидол ва адолат аст – арзишҳое ки дар ягон вақту замон аҳамияти худро гул улгу аз даст намедиҳанд. Дар оғозу арафаи ҷашни бошукӯҳи Наврӯз дилҳои пиру ҷавони тоҷик ва тамоми тоҷикистониён лабрези шодиву фараҳ мегарданд, ки он аз зиндагии поядор, бардавом ва устувори миллати ќадими мо шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тавр арзиши муҳимтарини Наврӯзи хуҷастапай пеш аз ҳама дар он аст, ки он рамзи баробариву эътидол аст ва бо ин нишон он ҳамзамон ҷавобгӯи ниёзҳои ҳаргуна ҷомеаи солим мебошад. Ин муќаддасот, махсусан, дар ҷаҳони муосир бештару бехтар эътибор пайдо мекунанд, зеро мо ҳоло ба мушкилиҳои зиёди экологӣ дар сатҳи минтаќа ва сайёра рӯ ба рӯ шудаем. Гармшавии Сайёраи Замин, зиёни озмоишгоххои хастаӣ (махсусан дар гирду атрофи мо, дар кӯҳҳои Ҳинду Покистон ва биёбонҳои ғарби Чин), партовҳои радиоактивӣ, истифодаи яроќҳои манӯъи ҷангӣ, сӯиистифодаи сарватҳои табиӣ, олудагии захираҳои обӣ, биёбоншавӣ ва аз байн рафтани гуногунрангии биологӣ (биоразнообразие), кам шудани масоҳати ҷангалҳо ва ғ. Ба шароити зиндагии инсон дар сайёраи Замин таъсири манфӣ мерасонанд.
Заиф шудан ва шояд аз байн рафтани баъзе аз анвои гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ ҳам аз хатарҳои умдаи замони мо ба шумор меравад, ки рабти бевосита ба бузургдошти Наврӯз дорад, зеро дар ибтидо Наврӯз рамзи баробарӣ ва адолат ва ҳамоҳангиву ҳамзистӣ дар табиат буд.
Бори дигар таъкид мекунам, ки барои фалсафаи Наврӯз муќаддас доштани гавҳарҳои ҳастӣ, чун ҳаво, об, замин, наботот, ҳайвонот ва албатта худи инсон, омили асосии зинда мондан ва пешрафт намудани насли башарӣ дар сайёра ва кайҳони нопайдоканор муҳим мебошанд.
Ҳоло сухан на дар бораи муҳофизати як халқ ё миллат, як минтақа ё қитъаи алоҳидаи Замин, балки дар бораи ҳастӣ ва нестии сайёраи Замин ва ҳаёти минбаъдаи инсон дар рӯи он меравад, сухан дар бораи дифо аз тамаддуни инсонӣ,аз амалӣ шудани орзуву омолҳои беҳтарину созандаи онхо меравад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, гузаштагони мову шумо таълимоти созандаи ахлоќӣ ва маънавӣ офарида, моро ба таҳия ва амалӣ кардани барномаҳои мушаххас барои бартараф кардани мушкилиҳои номбаршуда ҳидоят кардаанд. Нигаред, ки мувофиќи таълимоти Гоҳанборон, яъне офариниши гавҳарҳои муќаддаси ҳастӣ, асоси офаринишро дар солшумории офтобӣ ҳамоҳангӣ ва эътидоли ќонунҳои табиию иҷтимоӣ ва ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ ташкил медиҳад. Ин ҳамоҳангӣ ва эътидол «Паймон» ё худ аҳд, созиш ва ҳамбастагӣ номида мешавад, ки маҳз дар Наврӯз ба даст меояд.
Бояд дар назар дошт, ки дар суннатҳои фикрии Наврӯз Паймон ба ду маъно аст. Яке, паймони кайҳонӣ, низоме аст тамоми ҷирмҳо, аз он ҷумла Замин ва Офтоб ба гармонияи кайҳонӣ мерасанд. Дигаре, паймони инсонӣ, ки одамон ва кишварҳо бо ахлоќи ҳамида ва адлу дод ба ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ ва ободкорию созандагӣ ноил мешаванд. Қиссаи Паймони фарҳангиву иҷтимоӣ муҳим аст, зеро дар замони хозира аҳду паймон асоси қонунмандиро ташкил медиҳад.
Дар фарҳанги Наврӯз ҳамин эътидол дар рушду инкишофи инсон аз назари инсоншиносӣ ва ахлоќӣ низ дида мешавад. Агар ба фалсафаи устураҳо назар андозем, рӯзи шашуми Наврӯз, ки дар солшумории офтобӣ Хурдодрӯз ном дорад, чун «Наврӯзи бузург» ҷашн гирифта мешавад. Мувофиќи устураҳои бостонӣ, нахустин инсон – Каюмарс дар ҳамин рӯз зода шудааст. Тибқи устураву нақлҳо бузургтарин одамон, ки тамаддуни инсонмеҳвариро ба вуҷуд овардаанд, ба мисли Ҷамшед, Зардушт ва Ҳаллоҷ низ дар Хурдодрӯз ба олами ҳастӣ омада, корҳои бузург ба сомон расондаанд. Ҳаллоҷ дар вуҷуди маънавии олами исломии асрҳои миёна рӯҳи тоза даровард. Маҳз вуҷуди ҳамин гуна муносибат ба Инсон ва Табиат буд, ки дар асрҳои миёна ва даврони шӯравӣ суннатҳои табиатбунёд, аќлгаро ва инсонмеҳвари Наврӯз аз байн нарафтанд.
Мо ҳоло мушоҳида мекунем, ки тарғиби фарҳанги Наврӯз Роҳи байналхалқии Абрешимро азнав зинда ва густариш дода, дар минтаќа бозори муштараки меҳнат ва савдо ба вуҷуд оварда метавонад. Фарҳанги сулҳпарваронаи Наврӯз метавонад барои барқарор кардани ҳамкориҳои наздик дар соҳаҳои иттилооти навтарин технологӣ, паркҳои инноватсия (дар ҳамкорӣ бо Дубай, Ҳонг Конг ва Кореяи ҷанубӣ ва ғ.), рушди барномаҳои илму маориф ва фарҳанг саҳм гузорад. Ҳамкории иттилоотӣ аз роҳи ташкил кардани шабакаҳои муштараки технологияи итттилоотӣ, телевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма метавонад тасаввуроти нодурустро дар бораи якдигар чи дар дохил ва чи дар байни мардумони минтаќа аз байн бибарад.