ПАЁМИ МАОРИФПАРВАРОНА ВА ОЯНДАБИН
Ҳикмат Ҳисориев, академики АМИТ
Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи стратегӣ ва ояндабинии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро рӯшану воқеъбинона баён намудаанд. Илова бар ин, боз ҳам равнақ додани самтҳои муосири илмҳои бунёдӣ ва ҳам амалиро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин, ҳалталаб ва мубрами рӯз ҳисобидаанд, ки онҳо асоси рушду иқтидори ҳар як кишварро таъмин месозанд. Мо, олимон, омӯзгорон ва аҳли зиё бояд ин нуқтаҳои Паёмро ҳамчун раҳнамои фаъолияти илмию омӯзгории хеш қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудан ва ба зинаи имрӯзаи илми муосир ва кадри сазовори имрӯзу фардои кишварамон расонидани донишҷӯёни тоҷик, набояд малакаю таҷрибаю заҳмати поки хешро дареғ дорем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки майли илмварзию донишандӯзии насли наврас аз мактаб оғоз меёбад ва барҳақ дар Паёми навбатии раҳбари давлат мактаб ба ҳайси боргоҳи илму дониш ва маърифати ҷомеа эътироф шудааст: “Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст, миллат бесавод ва ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир... Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта - сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ - саҳмгузорӣ ба иқтидори иқтисодии кишвар мебошад”.
Дар доираи ҳамин суханони пурмуҳтаво ва дастури оқилонаю олии Пешвои муаззами миллат ва барои ба сатҳи баланди илмию муҳандисӣ расидан, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати таълими хонандагону донишҷӯён зарур аст, ки дар ин бобат Президенти кишвар борҳо дар вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ва донишҷӯёну ҷавонон ҳамасола дар “Рӯзи Дониш” - 1-уми сентябр – ва кушодашавии мактабҳои нави замонавӣ, донишгоҳҳо, муасиссаҳою иншоотҳои нав ва дигар суханрониҳояшон иброз намудаанд.
Зарурати воқеист, ки сифати илмварзию донишандӯзиро дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносию муҳандисию тиб дар кишварамон ҳарчӣ зудтар бояд ба сатҳе расонем, ки олиму муҳандис ва кишоварзу табиби тоҷик тавонад баробар бо ҳаммаслаки худ аз кишварҳои мутараққӣ таҳқиқот барад, бо забону технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ кор барад ва онро дар амалия татбиқ карда тавонад. Оре, барои ба ин мақсад ноил шудан даҳсолаҳо зарур аст. Аммо интизор шудан аз ин беш, боз ҳам қафомонии технологию иқтисодиро моро ба бор меорад ва намесазад, ки аз ин баъд бо дасти ёрӣ аз паси кишварҳои абарқудрат нигарон бошем...
Ба ақидаи банда, ба замони муосири технологӣ ҷавобгӯй будани кадрҳои оянда, бояд тарзи омӯзондани илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзиро аз таҳсилоти мактабҳои ибтидоӣ сар карда, то мактабҳои миёнаи умумӣ, гимназияву литсейҳо ва фарогир бо донишгоҳҳои олии кишвар, ба кулли тағйир ва такмил бояд дод.
Пешниҳод менамоям, ки танҳо ба беҳтарин истеъдодҳо ва хубу аълохони хонандагон, ки баъди хатми синфи 9, таҳсилоти нопурраи миёнаро доро мегарданд, барои идомаи хониш дар синфҳои 10 ва 11-и таҳсилоти пурраи миёна, тавсия ва роҳхат додан лозим аст. Аълохону соҳибистеъдод дар ҳар мактаби кишвар кам нестанд ва онҳо бо дониши воқеии худ ва бе ҷалби воситаҳои дигар, қодиранд донишгоҳи олии интихобшудаашонро муваффақона хатм намоянд. Аз байни чунин хатмкунандагон ба беҳтаринҳо роҳхат ва ё тавсияномаҳои мушаххас дода шавад, ки дар боргоҳи Академияҳои миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияҳои соҳавӣ ва Донишгоҳҳои робита ба илми муосир, ба аспирантура ва докторантураи мақсаднок ворид гашта, кашшофи асрорҳои нуҳуфтаи илми муосир гарданд.
Дар навбати худ, дар муассисаҳое, ки ҷавонони соҳибистеъдод ба аспирантура ва докторантура ворид мегарданд, шароитҳои беҳтарини таҳқиқотиро дар озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази технологияи сатҳи ҷаҳонӣ муҳайё бояд кард. Ҳамчунин онҳо бояд ба оддитарин макони зист (хобгоҳ), варзишгоҳ ва истироҳатгоҳ (ба монанди “Академшаҳраки Дубна”) таъмин бошанд.
Танҳо аз тарбияи мақсадноки ҷавонони толибилму соҳибистеъдоду ватандӯст мо метавонем ба кашфиёту навовариҳои илмию технологии ҷавобгӯй ба сатҳи ҷаҳонӣ умед бандем.
Ба ақидаи банда, хонандагони миёназеҳне, ки аттестати синфи 9-ро бо баҳои аз 4 пасттар соҳиб мегарданд, ба омӯзишгоҳҳои гуногуни касбӣ (училище), техникумҳо ва дигар муассисаҳои ҳунаромӯзӣ тавсия ва сафарбар намудан мувофиқи мақсад аст. Умед аст, ки бештари онҳо ба ҳунармандони соҳибкасб ва кордони соҳаҳои гуногуни истеҳсолотию хоҷагидорӣ рафта расида, дар истеҳсоли неъматҳои модии кишвар саҳми муайяне хоҳанд гузошт.
Аммо таҷриба нишон медиҳад, бештари донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ танҳо аз иҷрои нақшаҳои миқдории дохилшавандагон ҳисобот медиҳанд. Аз ин ҷост, ки шумораи донишҷӯй, магистру аспиранту докторантҳоро дар самтҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва муҳандисию тиб баъзан аз ҳисоби хатмкардагони нолоиқу кундзеҳн пур мекунанд. Магар умед бастан мумкин аст, ки аз байни чунинҳо шахси бофарҳанг, олим, ихтироъкор, навовар, табиб ва ё муҳандиси варзида барояд?
- Албатта не!
Онҳо танҳо нақшаҳои миқдориро пур мекунанд, на сифати маърифатнокиро. Баъзан, ибораи “миқдор сифатро медиҳад” - ро мешунавем. Оре, ин дуруст аст: бо миқдори зиёди дипломдорони нолоиқ ва кундзеҳн, маърифат дар чунин донишгоҳҳою муасиссаҳои илмӣ ва дар кулл, дар кишвар костаю сифати пастро доро мегардад. Пӯшида нест, ки бархе аз чунин дипломдорҳо низ соҳиби вазифаҳои масъул мегарданд, ки аз ноӯҳдабароию бемасъулиятӣ дар умум истеҳсоли неъматҳои моддии кишваррамонро бадсифату камарзиш мегардонад.
Дар ин бобат узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор С. Ятимов дар мақолаи таҳлилии “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад” хеле бамаврид қайд намудааст: “... таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки сифати кори мактаби имрӯза, дониши хонандагон, мутаносибии маърифатнокии шогирдон бо зарфияти синну сол ва дараҷаи таҳсил, бо шароити ҳақиқие, ки барои муаллимону талабагон омода гардидааст, дар мувофиқати пурра нест”.
Ба ақидаи банда яке сабабҳои паст шудани маърифатнокии ҷавонон ин кӯшиши бемавриди Вазорати маъорифи он давра шуд, ки ба умеди ба кишварҳои мутарақӣ расидан, зуд ба системаи таълимии кишварoҳои Ғарб гузаштан буд. Бо ҳамин, мо натанҳо таҷрибаи беҳтарини таълимии даҳсолаҳо сайқал дода ва дар байни бештари кишварҳо пазируфтаи хешро аз даст додем, балки бо системаи “нав” ба натиҷаи дилхоҳ нарасидем. Илова бар ин, дар забони пурганҷу зебошеваи тоҷикиамон калимаҳои дағалу бегона ҷой гирифтанд. Худ қазоват кунед, магар дуруст буд, ки мо ибораи пурмазмуни тоҷикию ба ҳама фаҳмои “Барномаи дарсӣ” ё “Барномаи таълимӣ”-ро ба ибораи бегонаи “Силлабус - Syllabus”, ки на ба омӯзгор фаҳмо буд ва на ба донишҷӯй дилчасп? Фаромӯш набояд кард: замоне ки сардафтарони фарҳангии мо “Барномаҳо” навиштаанд ва аҳли башар онро пазируфта буд, миллатҳои алҳол “Syllabus” - гӯй, ҳатто пайдо нашуда буданд!
Иваз ва зуд ҷорӣ намудани “Syllabus” саросар дар тамоми мактабҳои кишвар ва ҳатто Академияҳо барои ташаккули фарҳангии мо чӣ натиҷа дод? Ҳамчунин, ғайри мақсаднок иваз намудани тарзи баҳодиҳии воқеь ва муайян кардани савияи илмварзии (“санҷишу”, “озмоишу” “имтиҳон”) донишҷӯйро ба ибораҳои бегонаи “тест”, “нимкредит” “кредит” ба чӣ оварда расонд? Ба ҳамин оварда расонид, ки мо омӯзгорро аз санҷиши воқеӣ ва бевоситаи донишҷӯй боз дошта, донишварзро аз фикрронию суханварӣ дур намудем! Бо ин васила мо ба хонанда ва донишҷӯй баёни мазмуну воқеиятро не, балки танҳо қорӣазёд гуфтан ва дар тугмачаи копютер зер кардани ададҳоро омӯзондем. Ғайри мақсадона, назораткунандаю муайянкунандаи донишу баҳои хонандагон ва шогирдонро бевосита на ба дасти устод ва омӯзгори ботаҷриба, балки ба шахси тасодуфӣ – лаборант ва ё хизматрасони компютер, ки онро садорати факултет ва ё сарвари донишгоҳ таъин менамояд, гузоштем. Пӯшида нест, ки барои балли кофӣ гирифтан ва аз санҷишу имтиҳон гузаштан, донишҷӯй дигар сабақи иловагии устодро намехоҳад, ба омӯзгор боэътиноӣ карда, аз думболи назоратчии компютерҳо мешавад. Аз ҳамин сабаб ҳам, аксари хатмкунандагони имрӯзаи мактабҳои олӣ наметавонад ба суолҳои оддитарини илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ фикри муайян ва ё дақиқеро баён кунанд. Бештарашон ҳатто шарҳи ҳоли худро бо ҷумлаҳои хато, бе мубтадою бе хабар ва ё бе исму сифат ва аҳёнаҳён нақл менамоянд.
Чӣ бояд кард?
Паёми тақдирсоз мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш ва маърифати ҷомеа эътироф намуда, фармудааст: ”...Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта - сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ - саҳмгузорӣ ба иқтидори иқтисодии кишвар мебошад”.
Бинобар ҳамин, андешаи банда дар он аст, ки Вазорати маориф ва илм тарзи таълимро аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо сар карда, фарогир то донишгоҳҳои олии кишвар бо назардошти арзишҳои миллию ватандорӣ ва дар такя ба илми муосир тарҳи беҳтарину санҷидаро интихоб ва амалӣ намояд. Ҳамчунин, дар ҳама сатҳои таълимӣ барои ҳар як фанни илмҳои дақиқ, чун физика, химия, биология, астрономия, геология ва ғ. озмоишгоҳҳои хосаи таҷрибагузаронии муҷаҳҳазу ҷавобгӯи талаботи имрӯзаро бояд таъмин намояд, ки дар он хонанда ва ё толибилмро омӯзгор тавонад ба баъзе асрорҳои ин илмҳо шинос намояд ва хонанда низ тавонад дар таҷриба ва ё амалия намунаеро аз он санҷад ва возеҳ бубинад.
Масалан, хонанда ва ё толибилм дар “Озмоишгоҳи химия” дар таҷриба аз элементҳои содда ва алоҳидаи химиявӣ моддаҳо ва дигар пайвастагиҳои мураккаб ва ё баръакси онро тавонад ҳосил ва ё таҷзия намояд. Дар “Озмоишгоҳи физика” бошад, хонанда табдили ҳаракати механикиро ба энергия ва аз он пайдо шудани рӯшноӣ ва энергияро омӯзад, худ онро таҷриба ва ҳосил намояд. Дар “Озмоишгоҳ биология” толибилм бояд сохтори дохилии ҳуҷайра ва узвҳою наносохторҳои онро (ядро, митохондрия, хлоропласт ва ғ.) дар зери заррабини (микроскопҳои рӯшноӣ ва электронӣ) ҳозиразамон бевосита бинад ва омӯзад. Ҳангоми мушоҳидаи қатраи об дар зери микроскоп хонанда худ бинад, ки дар он садҳо организмҳои якҳуҷайра (обсабзҳо, ҳашароти обӣ ва ғ.), ҳазорҳо ва миллионҳо бактерияҳо фаъолияти ҳаётӣ мебаранд...
Гуногунӣ ва табдилёбии моддаҳои содда, мураккаб, пойдории энергия ва ҳаётгузаронии организмҳоро дида, хонандаю толибилми бомаҳорат ҳатман ба омӯзиши асрори беинтиҳои табиат шавқу завқ пайдо мекунад. Танҳо аз сафи чунин истеъдодҳо олимон, муҳандисон ва ихтироъкорони ватанӣ сабзида мебароянд, ки қодиранд кишварамонро ба зинаҳои баланди маърифату технологияиҳои пешқадам расонанд...
Тарбияи чунин истеъдодҳо ба дониш ва маҳорати педагогии устодон вобастагии зич дорад. Омӯзгори бомаҳорату ватандӯст метавонад донишварзони ҳақиқӣ ва поквиҷдонро тарбия намояд, ки вай ба миллату Ватан хидмати софдилона намояд. Хушбахтона, сафи чунин омӯзгорон ва шогирдон рӯз ба рӯз бо афзудани мунтазами ҳавасмандии моддии онҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар меафзояд. Бинобар ҳамин, тарбияи устодони бомаҳорат ва омӯзгорони боистеъдоду мутаносиби талаботи замон донишманду ояндабин низ зарруратест ногузир. Зеро бо надоштани МУАЛЛИМ-и бомаҳорату ояндабин мо наметавонем ба мақсадҳои олӣ, тарбияи ҷавонони ихтироъкору навовар ва баландбардори қудрати иқтисодию технологии кишварамон расем. Хуллас, мақсади асосӣ ва наздиктарини донишгоҳҳо, муасиссаҳои илмӣ ва омӯзгорон бояд тарбияи шогирдони соҳибкасб, донишманду ватандӯст бошад, на пур намудани нақшаҳои миқдорӣ, ки бештари онҳо пешаи омӯзгорию илмро тарк намуда, ба дигар соҳаҳо мегузаранд.
Илова бар ин, барои аз бар намудан ва мақсаднок истифода бурдани технологияи ҳозиразамон, ки ба мамлакат аз кишварҳои пешрафтаи дунё ворид мегарданд, ба мутахасиссони ҷавон барои аз бар намудани нозукиҳо ва истифода бурдани технологияи нав донистани забони хориҷӣ (англисӣ, русӣ, олмонӣ, хитоӣ) ҳатмӣ мебошад. Барои ба ин мақсад ноил шудан зарур аст, ки дар донишгоҳҳои кишвар миқдори соатҳои барои дарсҳои забонҳои хориҷӣ ҷудошударо зиёд ва омӯзгорони ин забонҳоро бо ҷудо намудани ҳаққи иловагӣ (аз ҳисоби маблағҳои шартномавии ҳар як донишгоҳ) ҳавасманд кардан натиҷаи хуб ба бор меорад.
“Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, - гуфта мешавад дар Паём, - муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд”, - гуфта мешавад дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат.
Доир ба суханони ояндабини Паём, ки доир ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё гуфта шудаанд, қайд менамоям, ки заминаҳои моддию техникӣ ва ақлоние, ки алҳол дар Академияи миллии илмҳои Тоқикистон, Академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои кишвар дар даст дорем, мақсадона ва саривақт дар таъсиси марказҳои муштараки муҳандисию технологӣ ва табиатшиносӣ сафарбар намуда, дар ояндаи онҳоро ба Институтҳои муштараки тадқиқотӣ, донишгоҳҳои муҳандисию технологӣ ва технопаркӣ табдил диҳем. Таъсиси филиалҳои якчанд донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон хеле бамаврид омад. Дар солҳои охир Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва саҳмгузории Академияи илмҳои Хитой, якчанд Марказу Озмоишгоҳҳои муштарак, ба монанди “Маркази илмӣ-тадқиқотии Экология ва Муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)”, “Маркази иноватсионнии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ”, “Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ”, “Озмоишгоҳи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологии Тоҷикистон” дар 5 соли охир таъсис додаанд, ки бо технологияи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамчунин аз ҷиҳати технологияи муосир муҷаҳҳазии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва баъзе озмоишгоҳҳои инстиутҳои Физика, Химия ва ғайраро мисол овардан мумкин аст.
Мисолҳои оварда иқдоми аввалин ва қадамҳои устувор дар таъсиси озмоишгоҳу марказҳои илмии муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумлаи Хитой оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ мебошанд.
Ҳамчунин қайд бояд кард, ки соли гузашта Ҳукумати мамлакат «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул намуд. Дар доираи барномаҳои мазкур, ҳамчунин дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” банда пешниҳод менамоям, ки сабукиҳои андозию гумрукиро, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳибкорону сармоягузорон таъмин намудааст, ба назар гирифта, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияҳои соҳавӣ, донишгоҳҳои олӣ ва зерсохторҳои онҳо соҳибкорону сармоягузорони ватаниро барои саҳмгузор будан дар таъмини таҳҷизоти илмӣ ва технологияиҳои нав, ҳамчунин дар иҷрои лоиҳаҳои илмии ҳам бунёдӣ ва ҳам амалӣ ҷалб намоянд, зеро танҳо бо истифодаи маблағҳои буҷавии кишвар ва таҷҳизоти куҳани асри гузашта, мо наметавонем ҳамқадами илми ҷаҳонӣ бошем.
Пеш аз ҳама, дар кадом самт саҳмгузории соҳибкорон зарур аст?
Ба ақидаи банда пеш аз ҳама дастгирии бевоситаи саҳмгузорони Тоҷик дар чунин самтҳои тарбияи кадрҳои миллӣ зарур ва муҳим аст:
1. Дар дастгирии моддии аспирантҳо, PhD ва докторантҳои мақсаднок, ки барои иҷрои рисолаҳои илмиашон ба кишварҳои абарқудрати иқтисодӣ ва технологӣ (Сингапур, Хитой, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва ғ.) дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ фиристода мешаванд;
2. Дар дастрас намудани таҷҳизоти илмӣ, муҳандисӣ ва технологияиҳои муосир аз кишварҳои мутараққӣ барои рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ дар дохили кишвар;
3. Дар ташкили сохтору зерсохторҳои истифодаи натиҷаҳои назариявӣ дар амалия, яъне аз натиҷаҳои илми бунёдӣ истифода бурда, то ба амалия расонидан ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ.
4. Кумаки моддии соҳибкорону сармоягузорони ватаниро дар бунёди “Клуб” ва ё хона-бинои ба ном “Ҷавонони навовар” дар яке аз марказҳои илмии кишвар, пеш аз ҳама дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки бо таҷҳизоти муосири илмӣ, муҳандисию техникӣ ва намунаҳое аз озмоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба нанотехнология ва нанобиология (вирусологӣ, микробиологӣ ва биотехнологӣ) муҷаҳҳазонида бошад. Хурсандиовар аст, ки намунае аз чунин озмоишгоҳ – Озмоишгоҳи вирусологӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли равон кушода хоҳад шуд.
Ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати таълими ҷавонон ва тарбияи кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯи замона, ки иқтидори иқтисодии кишвар ва ҳамзамон некуаҳволии мардумро қодир бошанд, дар сатҳи арзанда расонанд.