joomla
free templates joomla

ПАЖӮҲИШИ МАТНИ ҚАДИМ

   Имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Семинори байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Кашфи катибаҳои Алмосӣ ва мақоми он дар низоми хатҳои бостонии Осиёи Марказӣ" баргузор шуд.
  Ҳамоиши илмиро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, нақши пажӯҳиши катибаҳои аҳди қадимро дар илми муосир баррасӣ намуд.
Дар ҳамоиш олимони гуногунсоҳа (Бобомулло Бобомуллоев, Шералӣ Хоҷаев, Павел Лурие, Ғулом Ҷелонии Доварӣ ва дигарон маърӯза карда, масъалаи омӯхтану дастраси аҳолӣ сохтани матнҳои қадимро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Бино бар маълумоти олимон, ҳануз сокини дехаи Шоли шаҳри Хисор Ҳаиталӣ Сангинов хабар дод, ки дар кӯхсор навиштаҷотро дидааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин хабар мо ба ҷустуҷӯи эътимоднокии ин маълумот рафтем. Интизории мо асоснок буд, дар воқеъ, катибаҳои хатти қадима дар рӯйи санг канда шуда буданд.
Санг бо навиштаҷот дар шимолтарин қисми дара дар наздикии шохоби рости дарёи Алмосӣ, дар ҷои кабудизоршудае воқеъ аст, ки дар байни мардуми маҳаллӣ бо номи Хоҷа Мафраҷ маъруф аст. Ба бостоншиносон муяссар гардид, ки санги дорои навиштаҷот ба кунҷи ҷанубу шарқии иншооти сангии андозааш 120х50м ҳамсоя аст. Дар қисми шимолӣ сеяки майдони дохили иншооти сангиро гӯрхона ишғол мекунад, ки дар он зиёда аз 40 гӯрҳои андозаашон гуногун мавҷуданд. Муҷассама дар баландии 2950 м ҷойгир буда, дар шимол қуллаҳои 4000-4600 метрии қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шарқ ба ғарб тӯл кашидаанд.
Навиштаҳо дар болои кӯҳ нигошта шудаанд. Ба қавли Ҳаиталӣ Сангинов, вақте ки ӯ бори аввал дар ин ҷо буд, навиштаҷот хеле зиёд буд. Мутаассифона, бар асари фаромадани тарма пораҳои дорои навиштаҷот дар поёни кӯҳ афтоданд. Қисми боқимондаи навиштаҷот дар рӯи санги ҳамвор дар се сатр кандакорӣ шудааст, ки дар он 23 ҳарф мавҷуд аст.
Санги дуюми дорои навиштаҷот ёфт шуд, ки дар он матн хеле беҳтар нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷо навиштачот дар се бахш нақш бастааст, ки дар он ҷамъ 36 харфи алоҳида мавчуд аст.
Ба гуфтаи забоншиносон, ки навиштаҳои бостониро мутолиа мекунанд, матни рӯйи санг дар номае нақш бастааст, ки то ҳол ба илм номаълум аст. Қаблан ҳамин навиштаҷот, масалан, дар Дашти Навури Афғонистон сабт шуда буд. Умедворем, ки катибаҳои дар дараи Алмосӣ ёфтшуда ба забоншиносон дар ифшои ин хатти то ҳол номаълум кумак мекунанд ва мо ба маънои аслии матнҳои қадима маълум хоҳем шуд.
Мутаассифона, танҳо як қисми хурди матн то имрӯз боқӣ мондааст.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан