Ба истиқболи Рӯзи модарон
НИҲОДИ ПОКТАРИН ВА САРМОЯИ МАРДОНИ ҶАҲОН
Дар дунё гиромитар аз модар мавҷуде нест, чунки ҳама рафтору гуфтори ӯ аз меҳрубониҳо то андарзҳою латофати маънавиаш самимӣ ҳастанд ва ягона мавҷуди пок, ки дар табиаташ манфиат намеҷуяд, модар аст. Баъзан фарзандон бо ҳам мунозира мекунанд, ки модар туро беш аз дигарон дӯст медорад, натиҷаи гумон асту бас, чунки модар аст, ки барои фарзанд ормони воҳид дорад ва байни фарзандон тафовут намегузорад. Дар кишвари мо санаи 8 март рӯзи модарон эълон гардидааст ва ҳар намоянда аз ҷинси латиф новобаста аз вазъи хонаводагӣ ин рӯзро дар хушию хушандомӣ ва таваҷҷуҳ аз ҷониби мардони хона мегузаронанд. Васфи модар мавзӯи ҳамагонист ва ҳар кӣ дар илму адаб нақше кучак ё бузургтар гузоштааст, ба тараннуми модар пардохта, пеш аз ҳама табиати хайрхоҳонаи ӯро инъикос намудааст. Башар ҳақиқатро ғолибан дар табиати модар мебинад, чунки ин табиат дар ҳеҷ сурат тағйир намеёбад. Ба ин муносибат, хостем шеъре аз “Модарнома”-и Ниҳониро шарҳ диҳем, ки дар сатҳи олӣ модарро тараннум кардааст. Инак, мисраи аввал аз шеъри “Модари ғамхор” дар таълифи Ниҳонӣ:
Модар, ту маро умре ҷону ҷигарам гуфтӣ,
Шеъру ғазали ширин шаб то саҳарам гуфтӣ.
Яъне, дар модар хушбаёнӣ мушоҳида мешавад ва алорағми дуруштбаёнӣ, ки ба мардон тааллуқ пазируфтааст, модар макони меҳр аст ва муҳаббат ниҳодашро фарогир мебошад. Бинобар ин, ширинсуханӣ дар тарбияи атфол нақши муҳим мебозад. Гузашта аз ин, шоир бо истифода аз ибораи “шеъру ғазали ширин” исбот мекунад, ки дар тарбияи модар рукни маънавӣ мавқеи асосиро дорост, чунки тарбия худ тамоили маънавӣ дорад ва рӯҳан омода кардани инсони хурд яке аз вазифаҳои тарбия аст.
Шинӣ сари гаҳвора, ман гиряву ту зора,
Ором бишав гуфтӣ, эй шери нарам гуфтӣ.
Гаҳвора яке аз муқаддасот аст, ки тавассути он тарбия роҳандозӣ мегардад ва ин калидвожа ҳатто дар осори бузургон василаи раванди инсонсозӣ инъикос шудааст. Аз ҳамин хотир, аксар вақт сари гаҳвора нишаста, модар аз меҳри худ ба тифл ранҷро эҳсос намекунад ва ҳатто омодааст, ки барои сиҳативу саодати кӯдак аз субҳ то шом назди гаҳвора нишинад. Мисраҳои баъдӣ ҳамон меҳрномаи модар аст, ки ба фарзанд нигаронида шуда, барояш эҷод мешавад, аммо бояд мутазаккир шуд, ки чунин меҳрномаро ғайри модар фарде эҷод карда наметавонад. Пас метавон гуфт, ки меҳри модарӣ вижагиҳои махсуси модарон аст, ки аз тинату табиати модар сарчашма мегирад.
Қанду асалам гуфтӣ, зеби бағалам гуфтӣ,
Шаҳду шакарам гуфтӣ, эй тоҷи сарам гуфтӣ.
Вақте модар тифлро дар зери бағал нигаҳ медорад, аз ин амал ҳаловат бурда, аз нав эҳё мегардад ва чунин эҳсоси зиндашавӣ ба ҷуз модар дар ғайри ӯ нест. Масалан, аз доштани кӯдак дигарон чун модар лаззат намебаранд. Бинобар ин, ҳамин эҳсоси модарӣ ӯро водор мекунад, ки тифлро қанду асал гуфта, манзалати ӯро дар болои сар гузорад. Тоҷи сар ба ҳамин маъност ва ҳар як амали тифл барои модар ифтихор аст.
Бо ҷунбиши гаҳвора, бо шири ту овора,
Шав тез калон гуфтӣ, шав болу парам гуфтӣ.
Дар ин байт шоир сухани модарро тақвият бахшида, тазаккур медиҳад, ки модар тифлро бо сухан месозад ва чун ӯ тифлро даъват мекунад, ки чун бузург гаштӣ, болу парам шав, хеле муҳтавои ҷолиб дорад, чунки аз инсони хурд ҳеҷ кас истифода нахоҳад кард, аммо ҳарфи модар ҷиҳати болу пар шудани тифл ба ин маъност, ки агар инсон поквиҷдону ҳақиқатгӯ ва инсондӯсту меҳанпарвар ба воя расад, ҳамагон ӯро падарраҳмату офарин бар модар хоҳанд гуфт, яъне модар аз ин ки фарзанди ӯ дар ҷомеа мавқеъ дорад ва ӯро бо сифатҳои инсонӣ истиқбол мекунанд, хоҳ-нохоҳ болу пар мекушояд ва гуворотарин лаҳзаҳои ҳаёт барои модар ҳамин лаҳзаҳост, ки фарзанд бо рафтори хеш барояш тақдим медорад.
Бо лаҳни маҳин алла гуфтӣ ҳама шаб, модар,
Зинҳор набин хорӣ, бо чашми тарам гуфтӣ.
Модар зимни хобондани тифли навзод суруди алларо замзама карда, мутафаккир мешавад, ки ҷигаргӯшааш дар зиндагии муталотими оянда ранҷу хориро набинад, чунки фарзанд агар аз беморие азият кашад ва ё худ дар натиҷаи амалҳои нодуруст ранҷ барад, беш аз ӯ модараш азобу ранҷ дида, лоғару рӯҳафтода мегардад, чунки модар агарчи ҷисман аз фарзанди худ ҷудост, аммо рӯҳан бо ӯ пайвандӣ дорад.
Шабҳо бикунам то хоб, афсона-дурри ноёб,
Бедор шавам аз хоб, нақли асарам гуфтӣ.
Модар барои ба хоби ширин рафтани тифли худ афсона эҷод мекунад ва шабҳои бехобии назди гаҳвора онҳоро замзама карда, дар хоби ширин рафтани кӯдак нақш мегузорад, аммо пайваста аз афсона ба асаргӯӣ мегузарад то тифли бараҳнааш беҳтару хуштар ба зиндагӣ омода гардад.
Тифлӣ бигузашт он гаҳ, хурдӣ ба миён омад,
Аслу насабам гуфтӣ, олигуҳарам гуфтӣ.
Чун тифл бузург гашт, модар ба тавзеҳ ва баррасии аркони ҷиддитаре мисли ошно кардани инсони хурд бо аслу насаб мепардозад ва давом додани хӯю хислати аҷдодиро ба кӯдак тавсия медиҳад.
Чун Рустами Дастонат, аҷдоди ниёгонат,
Бонанг бишав гуфтӣ, панди падарам гуфтӣ.
Модар ягона мавҷудест, ки барои аввалин бор ба инсони хурд аз нангу номусу қудрати ҳифзи Ватан ва вижагиҳои ватандорӣ ҳарф мекушояд. Маҳз модар инсонро чун ватандӯст омода мекунад.
Ҳар гоҳ туро дидам, дидам ҳама дунёро,
Аз шодию хурсандӣ шамсу қамарам гуфтӣ.
Модар барои фарзанд новобаста аз айёми тифлӣ ё бузургсолӣ дунёст ва бегуфтугӯ ҷаҳонро инсон дар табиати модар дида, равиши ҷустуҷуро дар вижагиҳои тарбияи модар тасаввур мекунад. Бинобар ин, ҳанӯз аз гаҳвора берун наёмада, кӯдак бо моҳу хуршед ва андуҳу хурсандӣ ошност, ки ин ҳама натиҷаи тарбияи модар маҳсуб мешавад.
Айёми ҷавонӣ шуд, даври ҳамадонӣ шуд,
Мактаб чу равон кардӣ, зере забарам гуфтӣ.
Аз лаҳзаҳои гуворо ҳам барои инсони хурд ва ҳам барои модар давраи ба мактаб рафтан аст, аммо модар дурандеш аст ва қабл ба мактаб рафтани фарзанд ӯро бо хат, ки асоси омӯхтан мебошад, ошно месозад. Ибораи “зеру забарам гуфтӣ” қоидаи имло аст, ки бо фаро гирифтани он ҳар кӯдаке ба навиштану хондан одат мекунад.
Аз мушкилу нодонӣ, аз талхию дармонӣ,
Аз ҷамъи парешонӣ дарси дигарам гуфтӣ.
Зимни парешониҳою дар мушкилиҳо қарор доштан ба инсон пеш аз ҳама модар кумак мекунад ва роҳҳои рафъи мушкилиро тавсиа медиҳад. Биноб таҷриба модарон намехоҳанд, ки фарзандонашон дар мушкил гирифтор бошанд. Ин эҳсос бори дигар исбот мекунад, ки меҳри модар нотакрор аст.
Гуфтанд бувад Ҷаннат зери назарам гуфтӣ,
Ту ҷаннати дунёӣ, арҷи башарам гуфтӣ.
Дар мисраҳои боло ҳамон ҳарфи маъруфро шоир тасвир мекунад, ки ҷаннатро зери қадамҳои модар донистааст, лекин таълифкунанда ин мавҷуди бекинро ба ҷаннати дунё баробар медонад ва омили маъруфияти худро низ аз тарбияи ӯ қаламдод карда, ҳастии модаронро барои фарзандон боз навъи ҷаннате муаррифӣ кардааст.
Модар фарде маҳсуб мешавад, ки ҳам дар ғам ва ҳам дар хурсандӣ ба фарзанд шарик мебошад.
Ширин Қурбонова,
муҳаққиқ