joomla
free templates joomla

МУСОҲИБА

  10 феврали соли 2023 дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»: Саҳми занон дар рушди илм бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Занону духтарон дар илм”, мусоҳибаи хабарнигори радиои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (шаҳри Душанбе) – Манижа Баҳромзода бо ноиби Президенти Бахши миллии WiN Tajikistan «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медал ва шаҳодатномаи байналмилалии KIPO ва KWIA дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор "KIWIE-2021" дар Корея, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ, ва ҳамзамон директори Институти тибби Авитсенна ва фармакология – Шарофова Мижгона Умедҷоновна баргузор гардид. 
Дар мусоҳиба дар мавриди Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2023 ироа гардид, шарҳу мулоҳизаҳо баён шуданд.
   Тайи солҳои истиқлол Ҳукумати мамлакат бо ҳадафи дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, тадбирҳои судманд амалӣ намуданд. Ҳамакнун аз шумори умумии хидматчиёни давлатӣ 25%, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда наздик ба 20%, дар соҳаи маориф 73%-ро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Воқеан ҳам, имрӯз занону бонувон дар рушди соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, рушди илмҳои дақиқ ва табиатшонисӣ саҳмгузор буда, бо дастовардҳои худ дар пешрафти ҷомеа нақши муассир мегузоранд ва дар ҳоле, ки аз соли 2016 ҳамасола 11 феврал ҳамчун «Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм» қайд мегардад, пайваста дар тӯли моҳҳо дар пажӯҳишҳои илмӣ фаъол ҳастанд. ҳадафи ин рӯзро Маҷмааи умумии СММ дастрасии баробари занону духтарон ба дастовардҳо ва рушди илм, техника ва фановарӣ (инноватсия) ҷамчун гарави таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи мазкур ном бурдааст.
Дар раванди суҳбате, ки дар мавриди саҳми занону духтарон дар рушди илм сурат гирифт, назари хешро изҳор намуд. Ҳамзамон, дар хусуси саҳми Бахши миллии WiN Tajikistan «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ҷалби ҷавондухтарон ва занони фаъолу қавиирода таъкид намуданд. Бахши мазкур платформаест, ки нисбатан ҷавон аст ва 8 марти соли 2020 ташкил ёфта, имконоти зиёдеро барои занон ва ҷавондухтарон дар фаъолиятҳои илмӣ-амалӣ, созмонҳои хайрия, барномаҳои фарҳангию ватандӯстӣ, маънавию ахлоқӣ, тарҳибу ташвиқи арзишҳои хонавода ва тарзи ҳаёти солим фароҳам менамояд.
Шарофова Мижгона дар ҷараёни суҳбат иртиботи мустаҳими фаъолияти хешро бо илми тиб доштан ва ангезаҳои рӯй оварданаш ба ин самтро тавзеҳ дода, дар ин росто дар соҳаи фармакология машғули таҳқиқу кор буданро, вазъи фитофармакология ё илмӣ омода сохтани доруҳо аз рустаниҳои шифобахши кишвар таъбир намуд.
Дар бораи ҳамаи заҳматҳо, натиҷаҳо, ихтироот ва дастовардҳои, ки дар муддати фаъолияти илмӣ доштааст, чанде иттилоъ дода шуд. Дар баробари ҳамаи ин натиҷаҷои фаъолият ва муҳимтарин дастовардҳо, чанд китоб ва мақола таълиф гардида, патентҳо ва пешниҳодҳои ихтироъкорӣ дарёфт шудааст, дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмии сатҳи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок ва суханрониҳо сурат гирифтааст, ҳамкории фаъол бо ҳамкасбону мутахасисон аз хориҷи дуру наздик роҳандозӣ шудааст.
Мижгона Шарофова ҳамчунин, дар мавриди тавоноии муҳаққиқ будани зан ва ҳамзамон, ҳифзи ҷойгоҳи вай ба унвони кадбону ва нигаҳбони чароғи хонавода мулоҳизаҳои хешро ироа намуд.
Дар фарҷоми барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» ӯ ҳамаи бонувону духтаронро бо «Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм» табрик гуфта, ба онҳо ва ҳамаи шунавандагон орзуи хушбахтӣ ва хушрӯзӣ изҳор намуд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан