САРАТОНИ АСР
Дар вазъи кунунии ҷаҳон таҳия ва татбиқи терроризм ва дигар навъҳои зӯроварӣ бо манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Саҳеҳтар агар гӯем, сиёсисозии ислом дар замони муосир бидуни шак терроризм аст ва онро қудратҳои ҷаҳонӣ ҳануз дар садаи XIX таҳти унвони “панисломизм” таҳия ва роҳандозӣ намудаанд. Ба ибораи дигар терроризм навъе аз силоҳҳои муосиртарини кишварҳои абарқудрат аст, ки тавассути он мехоҳанд нуфузи доштаи худро боз ҳам комилтар кунанд. Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм дар тарсу ваҳми доимӣ нигаҳ доштани оммаи васеи одамон маҳсуб мешавад ва бар динҳо алоқа надорад, агарчи муҳтавои он аз манбаъҳои диниву мазҳабӣ дастрас шудаанд. Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки “террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террор шакли махсуси зӯроварии сиёсие дониста мешавад, ки бераҳмӣ, ҳадафмандона истифода бурдани он ва гӯё самаранок будани он хоси ин зуҳурот мебошанд.
Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Мафҳуми «экстремизм» маънои «канорӣ» дорад ва дар сиёсат экстремист нафареро меноманд, ки аз андеша ва амалҳои канорӣ ҷонибдорӣ мекунад. Воқеъан, бо истифода аз сиёсисозии дин ва аҳкоми он манфиатҳо дар дилхоҳ манотиқ роҳандозӣ мешаванд, аммо масъалаи дунявият хоси мусалмонон буда, афкори дунёбадбинӣ дар заминаи тафаккури тасаввуфи исломӣ таҳмил меёбанд. Бинобар ин, онҳое ки таҳмилгаро ҳастанд, аз таҷрибаи таърихии хеш воқиф ҳастанд, ки дунёбезорӣ тавассути қудрати дин бар давлат инҳитот буда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз рушду тараққӣ бозмедорад. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо барои ғалабаи ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ дар ҷомеаҳои исломӣ талош варзида, ҳатто маблағҳои гушношунидро сарфи назар мекунанд то ба мақсадҳояшон расанд. Дар сурати заъфи ҳувияти миллӣ мусалмонон, ба вижа тоҷикон низ дар хурофот мепечанд ва баҳсҳои дунявӣ сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн меравад. Бинобар ин, камина тасмим гирифтам, матни ба мавзӯи фавқ бахшидашудаи ҷомеашиноси рус А. В. Смирновро, ки ҷиҳати ҳувияти миллӣ - фарҳангӣ ва таносуби он бо ислом маҳсуб мешавад, аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима намоям ва он мазмун ба сурати зайл мебошад: «Ислом, ки таърихан аз ҷониби намояндагони милали мухталиф пазируфта шуда, дар ҳама ҳолат василаи рафъи мушкилӣ ва масоили гуногуне маҳсуб мешавад, ғолибан чун нишонаи ҳувияти этникӣ пазируфта шуда, тибқи анъанаи мушаххас якмаром баррасӣ меёбад. Масалан, тотор, яъне мусалмон ва ба ибораи дигар қавми исломовар шинохта мешавад. Барои муслимин роҳи асосии худшиносӣ буда, ислом имкони хеле хуби вуруд ба ин фазои ҳувияти миллии сохташударо дорад. Ва ин ҷо, албатта, хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ва дар ниҳоят, гуногунии фарҳангии исломӣ. Ислом на танҳо як эътиқод ва фарҳанг, балки тамаддун аст ва тавре ки мо хуб медонем, ҳеҷ фарҳанге ва тамаддуне ҷанг намекунанд. Эътиқодҳо наметавонанд дар мубориза барои ақл ва қалби одамон рақобат кунанд, зеро ҳар эътиқод мехоҳад исбот кунад, ки он ва танҳо он ҳақ аст. Дар акси ҳол, ин эътиқод нест. Дар мавриди фарҳангҳо онҳо рақобат намекунанд, балки ҳамкорӣ мекунанд. Ҳатто агар онҳо ҷанг кунанд ҳам, ин мубориза сулҳомез аст”.
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм борҳо дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардидааст, ки мо бояд алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи муштарак дошта бошем. Дарвоқеъ, гуфтаҳои боло тақвият медиҳанд, ки худи маънои «терроризм» «тарс», «ваҳм» буда, он дар Шарқ ба маънои «даҳшатафканӣ» истифода мешавад, вале дар ин бора то ҳанӯз қоидаи умумие вуҷуд надорад. Баъзе таҳқиқгарон онҳоро ҳамчун аксуламал нисбат ба абарқудратону кишварҳои мазҳабию динситезон муаррифӣ мекунанд. Аммо дар ҳама ҳолат терроризм ва экстремизм бояд маҳкум карда шаванд, зеро онҳо таҳдид ба ҳаёту зиндагии инсонҳо мебошанд. Мавриди зикр аст, ки нафаре, ки муборизаи сиёсии худро бо чунин равандҳои номатлуб ба анҷом мерасонад, ӯ ҷиноятпеша ва муқобили хушбахтии инсон ва ҷомеа мебошад. Соли 2020 низ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расид, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб муайян менамояд. Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта бошад, аммо дар муқовимат бо терроризм ҷомеаҳо роҳи интихобкардаи хешро татбиқ менамоянд.
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Пеш аз ҳама сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ шаҳрвандонро ба амалҳои террористӣ раҳнамун месозад, чунки инсони ғофил мисли интеллекти маснӯӣ аст, ки ҳар таблиғеро истиқбол мекунад. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Ширин ҚУРБОНОВА,
муовини Раиси КИИ “Хирадмандон” – и
ҲХДТ дар АМИТ