ОМИЛИ АСЛИИ СОЗАНДАГИИ ҲИЗБӢ АМАЛ АСТ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврае пайдо шуд, ки кишвари мо ҷанги таҳмилиро паси сар мекард ва дар таҳияи стротегияҳои мусоид таҷриба надошт, аммо амал ва торафт дуршавии ҳизбиён аз суханпардозиҳо ин ҳизбро дар муддати кӯтоҳ машҳур сохт, чунки ҳамаи ҳизбҳоро аз рӯзи таъсисёбиаш ташхис менамоянд. Масалан, болшевикон ҳадафи ягонаи худро дар роҳандозӣ намудани инқилобҳо медиданд, ҳизбҳое ки вижагиҳои динӣ доранд, чун "Бародарони муслимин" аз аввали пайдоиши худ террорро асли фаъолият баррасӣ мекунанд, аммо ҲХДТ чун тавлид ёфт, дар пеши худ ҳадаф гузошт, ки Тоҷикистон бояд бо ҳар навъе набошад, тараққӣ кунад ва тоҷистониҳо дар амнияту осудаҳолӣ зиндагӣ намоянд.
Имрӯз дар санаи 09.02.2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ баргузор шуд. Ҷаласаро Раиси КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар таъини роҳҳои муосири фаъолияти ҳизбӣ Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши боризе гузоштаанд ва мегузоранд. Маҳз бо ҳидоятҳояшон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон айни замон шаҳрвандони аз лиҳози мавқеи иҷтимоӣ гуногунро сарҷамъ намудааст. Далели ин ҳарфҳо иштироки фаъоли раҳбарони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар ҷаласаҳои ҳизбӣ мебошад.
Номбурда дар баробари пешниҳоди ҳисоботи мушаххас ҷиҳати фаъолияти ҳизбии кормандони АМИТ дар соли 2022 илова намуд, ки дар 10 соли ахир нуфузу мавқеи ҳизб дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ чандин маротиб афзуда, сафи онҳо низ хеле зиёд шудааст.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар ҷиҳати фаъолияти сиёсии КИИ "Хирадмандон" дар соли сипаришуда баҳогузорӣ намуда, зимни матраҳ сохтани мушкилиҳои ҳизбӣ нақши босазои аъзои ҳизбро аз Академияи миллии илмҳо тазаккур доданд.
Агар мо вижагиҳои хоси ҲХДТ - ро мавриди таҳқиқ қарор диҳем, пас хулоса хоҳем кард, ки сиёсишавии омма ба манфиати ӯст, чунки инсон новобаста аз мавқеи иҷтимоии худ танҳо тавассути ҳизбҳо имкон пайдо мекунад, ки дар сиёсати кишвари хеш нақш гузорад. Ба ибораи дигар, сиёсат олуда нест ва фақат инсони худогоҳ метавонад сиёсатро пок созад. Мо чунин абармарди сиёсиро дар симои Раиси ҲХДТ мушоҳида мекунем. Шояд бархе аз хонандагон ба ин фикр розӣ набошанд, аммо фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 1992 то кунун нишон медиҳад, ки номбурда ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳое, ки пешниҳод намудааст, ба нафъи башар мебошанд.
Дар анҷом гурӯҳи мушаххаси олимону кормандони АМИТ, ки аъзои ҲХДТ мебошанд, бо ифтихорномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ сарфароз гардонида шуданд.