joomla
free templates joomla

ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ ВА ПАСОМАДҲОИ ОН

  Дар санаи 10.02.2023 муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Рақиб Абдулҳаев ба синни мубораки 85-солагӣ гом мениҳанд. Номбурдаро бинобар шукуҳи ин санаи таърихӣ барояшон табрик гуфта, ҳамаи комёбиҳои илмиро ба мавсуф таманно дорам. Баъдан ин мақола барои ифшои андешаҳои муаррих пешкаш мешавад. 
Аз масъалаҳои мубрамтарин дар масъалагузории таърихи навтарини тоҷикон падидаи барпошавии қудрати болшевикон дар қаламрави Тоҷикистони муосир маҳсуб мешавад. Дар ин маврид уламои хориҷу дохили кишвар китобҳо навиштаанд ва ғолибан, аз андешае пайгирӣ намудаанд, ки тибқи он барпо шудани низоми шуравӣ дар марзи Тоҷикистон аз нигоҳи мусбат баҳогузорӣ шудааст. Яке аз пажӯҳишгарони мавзуи фавқ доктори илмҳои таърих, профессор Рақиб Абдулҳаев мебошад, ки таҳқиқоти нави мавсуф бо унвони “Аз таърихи барпо ва мустаҳкам шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистони шимолӣ ва Помир (солҳои 1917-1924) дар санаи 2022 ба табъ расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки зимни пажӯҳиши масъала қариб ҳама муҳаққиқини дохиливу хориҷӣ ба наҳзати иксулинқилобиюн ва фаъолияти ғоратгароёнаи онҳо дар бекигарии Мастчоҳ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, чунки ҳаракати зиддишуравӣ дар ин минтақа дар қиёс бо манотиқи дигари Суғд комилтар мушоҳида шудааст. Муаллиф нисбат ба ҳамроҳшавии Ховари Миёна фикри ҳукмронро изҳор намуда, дар ин ҷода мутмаин аст, ки раванди таърихии мазкур минтақаро аз буҳрон баровард: “Дар адабиётҳои зиёди таърихӣ чӣ дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон фикру андешаҳое ҳукмфармост, ки воқеаи дар нимаи дуюми асри XIX ба ҳайати Русия ҳамроҳ гардидани Осиёи Миёна ҷараёни прогрессивӣ буда, аз байн рафтани боқимондаҳои феодалӣ ва патриархалиро тезонида, сабаби пайдо ва мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷамъияти капиталистӣ шуд. Мардуми Осиёи Миёна тақдири худро бо тақдири синфи коргару деҳқонони мамлакати Русия паҳновар ва инқилобӣ сахт пайвастанд ва дар муборизаҳои минбаъдаи зидди истисморгарони чӣ мустамликадор ва чӣ маҳаллӣ бо мақсади ба даст даровардани озодиву истиқлолият сахт пайваста, байрақи миллӣ – озодихоҳиро то ғалабаи охирин бо ҳамбастагӣ ба пояи баланд бардоштанд”.
Ба қавли Рақиб Абдулҳаев, аз авомили роҳандозӣ шудани исёнҳо ва шуришҳои мардумӣ дар минтақаи мутазаккир вижагиҳои мавриди истеъмор қарор доштани гурӯҳе аз ҷониби гурӯҳи дигар ва тезутунд шудани муборизаи синфӣ маҳсуб мешавад. Аммо алҳол бо чунин матраҳсозии масоили таърихӣ на ҳамаи муҳаққиқон розиянд, чунки андешаи инқилоб ва зӯран маҳв намудани қудрат имрӯзҳо чандон ҷонибдор надорад. Аммо он солҳо ва дар аҳди побарҷо мондани низоми шуравӣ Шуриши соли 1916 дар Хуҷанд беш аз пеш мавриди баррасӣ қарор дошта, онро таконбахши нерумандии синфи ранҷбар муаррифӣ менамуданд.
Аз масъалаҳои воқеятдошта баррасии неруҳои аксулинқилобӣ аст. Масалан, кадом омилҳо ин ҳаракатро оғоз намуданд? Чаро ин ҳаракат хориҷ аз кишвар дастгирӣ мешуд? Оё аксулинқилобиҳо бо дин ҳамоҳангие доштанд? Ба ин пурсишҳо дар замони шуравӣ таърихшиносон посухи дилхоҳ нагуфтаанд, чунки мантиқан ҳаракати зидди Шуроҳо бар манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ буд ва онҳо бо ҳар роҳу васила иқдом менамуданд ин наҳзатро алайҳи қудрати подшоҳӣ истифода кунанд. Махсусан, ин ҳаракат дар Мастчоҳ натиҷаи дилхоҳе ба бор овард ва ҳатто аз Маскав ба ин мавзеъ мутаваҷҷеҳ мешуданд. Ҳадафҳои стротегии қудратҳои Ғарб, бавижа Британияи Кабир аз он иборат буданд, ки тавассути инчунин ҳаракатҳои зидди шуравӣ дар минтақа манофеи геополитикии худро анҷом дода, боигарии минтақаро ба Аврупо баранд. Русияи подшоҳӣ ба онҳо монеа эҷод мекард, бинобар ин, қудратҳо дар бархурд қарор гирифта, ҳар яке барои ғасб намудани Ховари Миёна талош меварзид. Аммо беҳтарин силоҳ барои ғосибон мардуми меҳнаткаши Осиёи Миёна маҳсуб мешуд ва онҳо аз миёни мардуми маҳаллӣ афроди ғофил ва ватанфурӯшро чун босмачиҳо интихоб менамуданд. Бешубҳа, он замон афроди мардумфиреб уламои дин буданд ва саркардаҳои ҳаракати зидди шуравӣ низ бинобар интихоби ғосибон аз зумраи афроди мутаассиб чун муллову мутавалливу муаззину дигар амр ба маъруф кунандагониттихоз меёфтанд ва чунин авзоъ тӯли ҳазор соли ахир мушоҳида мешавад. Ба ибораи дигар, мушоҳидаҳо ва пажӯҳишҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки аҷнабӣ муллоҳои мутаассибро ҷиҳати роҳандозӣ шудани ормонҳои геосиёсиашон аз хотири нуфузшон дар миёни мардум истифода бинмуда, ҳадалимкон дар ин ҷода муваффақ шуданд. Бобати ин масъала мусаннифи китоб менависад: “Моҳи марти соли 1917 дар шаҳри Тошканд ташкилоти миллитаристии пантуркистӣ бо номи “Шурои исломия” таъсис ёфт, ки ба ҳайати он намояндагони боломақоми доираи савдоӣ-саноатӣ ва дигарон ворид гардиданд. Баъд аз ташкилоти “Шурои исломия” дар дигар шаҳрҳои кишвари Туркистон низ барпо шуданд”.
Дар анҷом китоби мазкурро барои воқиф шудани ҳаммеҳанон аз гузаштаи хеш ва ҳадафҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати суиистифодашавии ислом зимни татбиқи ҳадафҳои геосиёсӣ тавсеа менамоем.
Ширин ҚУРБОНОВА,
муаррих

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан