ПАЁМ – БАРНОМАИ СОЛОНАИ РУШДИ КИШВАР
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамасола, Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба мардуми шарифи кишвар ироа мегарданд, дар худ фалсафаи бузурги созандагӣ баҳри рушди ҷомеа доранд. Албатта ирсоли Паёмҳо талаби замон, зарурати воқеианд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд.
Паёмҳо, ки аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд.
Дар Паёмҳои Пешвои миллат хусусияти роҳнамоикунанда ва барномавӣ ифода ёфтааст. Воқеан дар онҳо фаъолияти яксолаи тамоми сохторҳои ҷомеа, яъне бурду бохти соҳаҳо, таҳлил ва ҷамъбаст мегарданд ва вазифаҳои нав барои рушди соҳаҳо дар оянда пешниҳод мешаванд.
Паёмҳо ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ, руҳбаландкунандагӣ ва таҳкимбахшандагии ваҳдати ҷомеаро ифода мекунанд. Дар онҳо нуҳтаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ , иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода меёбанд, ки ба ҳаёти ҳар як фард мусоидат менамояд. Ин омил метавонад баҳри муттаҳиди ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат намуда, дар зери як ҳадаф муттаҳид гардидан, барои ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастан ва баҳри рушди босуботи кишвар кору пайкор намудан, мусоидат менамояд.
Паёми навбатӣ низ фарогири тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар буда, кору фаъолияти яксолаи онҳо ҷамъбаст ва баррасӣ шуда, пешниҳодҳои нав аз тарафи Президенти кишвар пешкаш гардид. Сарвари мамлакат иброз доштанд, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад ва инчунин зикр намуданд,ки ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз мушкилоти глобалӣ ин боло рафтани ҳарорат дар сайёра мебошад, ки оқибатҳои нохуш дорад. Сабабаш, пеш аз ҳама, партови газҳои гулхонагӣ маҳсуб мешавад. Дар ин бора дар Паём ҳам зикр шудааст, ки Тоҷикистон аз рӯйи кам будани партови газҳои гулхонагӣ дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Ин масъалаи муҳим ҳам дар Паём махсус зикр гардидааст: “Дар сурати истифодаи нерӯи барқи тоза дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин восила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд. Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд”.
Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву эстремистӣ, ки хеле нигаронкунанда аст, нуктаи дигари муҳими Паёмӣ навбатиро ташкил намуд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Барои кам ва бартараф кардани ин мушкилоти нигаронкунанда, аз ҷониби сарвари кишвар пешниҳод карда шуд, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгў, яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта дар ҳамаи Паёмҳо ҷойгоҳи махсус доранд. Нуқтаи назари Президенти кишвар оиди ин соҳаҳаҳо чунин буд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”. Иловатан қайд карда шуд, ки барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Умед аз он дорем, ки дар натиҷаи иҷрошавии пешниҳодҳо ва вазифаҳои ба миён гузошта дар Паёми навбатӣ, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рушд карда, некӯаҳволии аҳолии кишвар беҳтар мегардад.
Халифаева Ш.Х. – ходими илмии
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон