joomla
free templates joomla

СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ҲАМЧУН МАТЛАБИ АСОСИИ МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Қоҳирова Г.И.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
   Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ
Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар сол он паёмҳои солонаи Пешвои маорифпарвару ғамхори миллати таҷик, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал оварда дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум як шароити хел мусоидро фароҳам меоварад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкориву созандагӣ дар он ифода меёбад. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.
Санаи 23 декабри соли 2022 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, энергетика ва дигар масаъалаҳои мубрами кишвар вазифаҳои мушаххас ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ин паём нуктаҳои барои пешрафту тамаддуни кишвар муҳимро фарогир буд. Диққати асосии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳама соҳаҳо чун ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити омӯзгорон ва аҳли илм суханони самимиву ибратомӯз, пешниҳодоти муҳим ва маслиҳату тавсияҳои судманду созанда доданд.
Тавре аз Паёми навбатӣ бармеояд, аз аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо ба андозаи 20% зиёд карда мешавад. Ин дастгирӣ масъулияти ҳар яки моро бештар намуда, водор месозад, ки барои рушди соҳаи маориф ва илм дастгириву тарбияи насли ояндасози миллат - ҷавонон бештар саҳмгузор бошему шогирдонамонро дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намоем.
Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём изҳори андеша карданд, ки “Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад. Ин омор натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дастгириву иқдомоти беназиру таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.
Оид ба ин тадбирҳо сухан ронда, Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид доштанд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф ва илм оғоз меёбад, аз ин лиҳоз, ба рушди бонизоми илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорон дар ҷомеа бахшида шуда, ҳар сатри он саршор аз самимияту боварӣ ва дастуру роҳнамоиҳои бунёдкорона ба хотири фардои дурахшони миллат мебошад. Бо истифода имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати кишвар фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияи муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар бояд гузошт.
Сарвари давлат дар Паём изҳор доштанд, ки “Механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад” Дар баробари пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш ёфтани манбаҳои захиравии табиат, масъалаи дурнамои рушди нерӯи ҳидрогениро ҳамаҷониба омӯхта роҳҳои ба даст овардани “энергия сабз” - ро коркард намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф пешниҳоди «лоиҳаҳои сабз» ва ҷоннок намудани он дар мадди аввал меистад. Ин дастуру супоришњои созандаи Сарвари давлат олимони Академияи миллии илмњои Тољикистон, махсус, ходимону мутахассисони самти илмњои риёзӣ, даќиќ ва табиатшиносиро водор менамояд, ки тамоми саъю кўшиши худро ба њалли ин масъала равона намоянд.
Бо қобили эътимод метавон гуфт, ки ҳангоми ироаи ин сатрҳои меҳрбору самимӣ ҳисси ифтихорангезе вуҷуди ҳар соҳибилми кишвар ва ҳар шахси худшиносу ватанпарастро фаро гирифта буд. Дар маҷмӯъ, таъкид кардани онро зарур мешуморем, ки ҳамаи дастуру супоришҳои дар Паёми имсола зикргардида ба манфиати сокинони кишвар буда, сари вақт амалигардонии он ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли мо, ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойи сазовори хешро ишғол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаронида шудааст.
Раёсати Академияи миллии илмњои Тољикистон ва кулли кормандони илмии зерсохторњои он Паёми солонаи Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсозу дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза ҷидду ҷаҳд медиҳем.
Дар интиҳо, қайд менамоем, ки баррасии мазмуни Паёми имсола низ нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз арзишҳои бунёдие, чун беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд. Бинобар ин, бояд тамоми неруи зеҳнии мардуми бофарҳангу соҳибилми кишвар барои амалӣ намудани иқдомҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар равона гарданд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан