Нишасти матбуотии мо санаи 08. 02. ва дар соати 08: 00 баргузор мешавад. Ба даргоҳи Академияи миллии илмҳо марҳамат намоед... ПРЕСС-РЕЛИЗ
барои намояндагони Воситаҳои ахбори умум оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023 (8 феврали соли 2023, соати 08:00, маҷлисгоҳи раёсати АМИТ)
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кори АМИТ дар соли 2022 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло¬гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар соли 2022 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 114 мавзуъ, аз ҷумла 71 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 16 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 27 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ қариб 3400 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 200 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3170 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 2830 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва қариб 110 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Таҳқиқот дар соҳаи илми математика дар сатҳи баланд доир гардида, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ карда шуданд.
Дар соҳаи математика бори аввал қонуни тақсимшавии қиматҳои характери ѓайриасосии Дирихле аз рӯи модулҳои таркибӣ дар пайдарпаи ниҳоят кӯтоҳи ададҳои соддаи лаѓжонидашуда ёфт шудааст.
Дар соҳаи астрофизика мушоҳидаи ҷирмҳои кайҳонӣ – астероидҳо, кометаҳо, радифҳо, партовҳои кайҳонӣ, метеороидҳо ва ситораҳои фавқулнав ба сомон расониданд. Қисми мушоҳидаҳо ба тарзи муштарак ва базисӣ бо 7 расадхонаи Академияи илмҳои Россия, Институти астрономии Академияи илмҳои Словакия, расадхонаи Сефеиди Ҳиндустон ва ѓ. тариқи 600 соати шабӣ сурат гирифтанд. Дар натиҷа мавқеи аниқ, траектория, мадор, дурахшонӣ ва таѓйироти онҳо, андоза, даври гардиши ҷирмҳо муайян гардиданд, инчунин таркиби физикавӣ ва химиявии ҷирмҳо ба таҳқиқ расиданд. Ҳангоми мониторинг чунин объектҳои ҳайратовар, ба монанди астероидҳои фаъол ва кометаҳои дар масофаҳои дури гелиосентрикӣ аз Офтоб фаъолбуда, зери тадқиқот гирифта шуданд ва барои онҳо маълумотҳои нахустин бор ба даст омаданд. Натиҷаи мушоҳидаҳо дар маҳзани маълумотҳои ҷаҳонии MPC (Minor Planet Center, Маркази ҷаҳонии тадқиқоти сайёраҳои хурд) дохил шуда, дастраси муассисаҳои астрономии ҷаҳон гардиданд.
Дар соҳаи физикаю техника технологияи истеҳсоли кристаллҳои сунъӣ, ѓанӣ гардондани сангҳои қиматбаҳо ва аз партовҳои минералӣ ҳосил намудани кристаллҳо коркард шуд. Аз ҷумла, бо усули кристаллизатсияи сунъӣ аз партовҳои Кӯҳи Лаъл якумин маротиба кристалли шпинел- лаъл, ки шафофи сурхчатоб аст, ҳосил карда шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи коркарди нави технологӣ дар пайвастагиҳои оксиди празеодим ва оксиди висмут, якумин бор дар ҷаҳон монокристалли нави висмутит празеодим бо усули гидротермалӣ ҳосил карда шуд ва ба ин ихтироъ патенти Ҷумҳурии Т оҷикистон низ ба даст оварда шуд.
Дар соҳаи химия таъсири муқоисавии маводи доругии “Урсослит” ва “Урсафалк”, ки ба хосияти таѓйирёбии миқдори туршобаҳои заҳраи талхадони калламушҳо дар шароити холелитиазӣ амалан бо усули хроматографияи газӣ тасдиқ карда шуд.
Дар соҳаи геология муайян карда шуд, ки паҳншавии минерализатсияи сурмаву симоб дар дохили брекчияҳо бо хусусияти беҳад номуназзам ва нобаробар фарқ мекунад. Маълумоти мавҷуда ва натиҷаҳои тадқиқоти рагаҳои миаролии пегматити Вездара аз он шаҳодат медиҳанд, ки арсен ва сурма яке аз компонентҳои асосии маҳлулҳои пегматитбавуҷудоранда маҳсуб меёбанд.
Дар соҳаи зилзилашиносӣ каталоги такмилёфтаи заминҷунбӣ (аз замонҳои таърихӣ то соли 2018) барои истифода дар қаламрави Тоҷикистон бо истифода аз каталогҳои байналмилалии Хадамоти Геологии ИМА (NEIC) ва Мар-кази байналмилалии Сейсмологӣ (ISC), инчунин каталоги минтақавии Осиёи Марказӣ (EMCA2017) тартиб дода шуд.
Дар самти омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика вва экология муқаррар карда шудааст, ки иншоотҳои ирригатсионӣ дар ҳавзаи Зарафшон имконият медиҳанд, ки НБО-ҳои хурд ба таври илова дар як сол зиёда аз 11,4 млн. кВт/соат энергияи электрикӣ истеҳсол намоянд. Барои кам кардани сарбории тобистонаи шабакаҳои мутамарказ аз ҳисоби обёрӣ ва дигар истеъмолкунандагон соле ҳамагӣ 5 моҳ – аз моҳи май то сентябр ба кор андохтани НБО-ҳои хурд пешбинӣ шудааст.
Дар ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ташхиси сифати нахи пахта нишон дод, ки ҳангоми ворид намудани нуриҳои фосфордор баромади нахи пахтаи миёнанахи навъи Шавкат-80 то 2% ва дарозии нахи он 1 мм зиёд мегардад. Генотипҳои картошкаи ба шӯрӣ устувор нишондиҳандаҳои баланди нигоҳдории об ва супероксиддисмутазҳои фаъолро доро мебошад, ки онҳоро ҳамчун аломатҳои озмунии генотипҳои ба таъсири омилҳои экстремалии муҳит тобовар тавсия кардан мумкин аст.
Дар соҳаи зоология ва паразитология таҳқиқот нишон доданд, ки дар обанборҳои Тоҷикистони Ҷанубию Ғарбӣ зери таъсири омилҳои антропогенӣ тағйиротҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд. Муқаррар карда шуд, ки суръати афзоиши моҳиҳои обанбори Сангтуда-1 хеле суст буда, ба шароити камѓизо будани обанбор вобаста аст. Миқдоран дар ин обанбор аз ҳама зиёд ширмоҳӣ сайд карда мешавад. Шумораи моҳии храмуляи самарқандӣ ва моҳии тезшинои рах-рах дар обанбор сол аз сол маҳдуд гардида истодааст.
Дар соҳаи таърих ва бостоншиносӣ баробари экспедитсияҳои зиёд мутахассисони институт дар барномаи байналмилалии THOCA баробари олимони Россия, Дания, Норвегия, Португалия оид ба омӯзиши таърих ва геологияи роҳҳои асосии паҳншавии нахустин одамон дар давраи палеолит ширкат намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Лоиҳа то соли 2024 идома дорад. Вале аввалин натиҷаҳои он дар самти омӯзиши таърихи қадимтарини кишвар ва минтақа хеле ҷолиб мебошанд. То имрӯз, ҳангоми гузаронидани ҳафриёт аз қабатҳои 5-6 уми палеолитӣ, ки тақрибан 500- 600 ҳазор сол таърих доранд, 1215 адад олоти меҳнат ва маводи гуногуни палеоантологӣ, 65 адад устухонпораҳо ва ду дандони ҳайвонот пайдо гардид.
Дар соҳаи фалсафа пажӯҳишҳо нишон доданд, ки ақоиди байналмилалӣ-ҳуқуқии олимони барҷастаи Осиёи Марказӣ, ба мисли Хоҷа Самандари Тирмизӣ (асри XVII) ва Аҳмади Дониш (асри XIX) ба рушди ҳуқуқи робитаҳои беруна таъсири назаррас расонидаанд.
Дар соҳаи забон ва адабиёт масъалаи ташреҳи этимологии номҳои ҷуѓрофии Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 номгӯй барои Фарҳанги топонимии Бадахшон анҷом дода шуда, маънои бунёдӣ ва таҳаввулоти номҳо дар таъсири забонҳои дигар муайян карда шуд. Корҳои ташреҳӣ оид ба Фарҳанги фразеологӣ идома дошта, бо маводи нав пурра гардид (ҳарфи А). Таҳаввули маъноии ҷузъҳои гуногуни номҳо дар раванди корбурди номҳо муайян карда шуд. Зимни таҳлилҳои баъдина дар ин самт таҳқиқоти «Пайдоиши номи деҳаи водии Хуф» анҷом дода шуд.
Дар соҳаи иқтисодиёт мушоҳида шуд, ки тамоюли рушди бозор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби паст будани қобилияти пардохт, баланд шудани нархи маводи доруворӣ эҳтиёҷоти потенсиалии аҳолиро қонеъ намегардонад. Бо афзоиши шумораи аҳолии ҷумҳурӣ вобастагии муҳити зист ба афзоиши бемориҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, бозори хизматрасонии фармасевтӣ ба истеҳсоли доруҳои алоҳида нигаронида нашудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон аз 7 январи соли 2022, №АП-144, АМИТ нақшаи чорабиниҳои худро доир ба бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" зикр гардидаанд, таҳияю тасдиқ карда, оид ба рафти иҷрои бандҳои дахлдор Раёсати Академияи миллии илмҳо Дар соли 2022 аз тарафи олимони АМИТ 28 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 15 қарори мусбат оид ба додани патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, ҳамчунин 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираҳои иттилоотӣ ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 20 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар соли 2022 вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар АМИТ беш аз 100 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 1 форуми байналмилалӣ, 2 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 7 конференсияи илмии байнал-милалӣ, 48 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 2 сессияи илмӣ, 42 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 3 мизи мудаввар ва 3 курси омӯзишӣ омода ва баргузор карда шуданд.
Дар соли 2022 Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 160 қарор ва беш аз 600 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории АМИТ қабул гардиданд. Дар давраи АМИТ 4 маҷлиси умумии АМИТ, 2 ҷаласаи васеи Раёсати АМИТ, 6 маҷлиси тантанавӣ доир намуд.ҳисоботӣ Раёсати ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии аспирантону магистрантҳои АМИТ, ҳамчунин баррасӣ кардани баъзе масъалаҳои муҳимми илмӣ, аз 3 январи соли 2022 дар Раёсати АМИТ ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе бо иштироки кормандони муассисаҳои илмии АМИТ, муассисаҳои академияҳои соҳавӣ, магистрантҳою докторантҳои АМИТ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни онҳо семинарҳои яксоата ташкил карда шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои мухталифи илм мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар соли 2022 дар 18 шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори КОА ФР тасдиқ шудаанд, ҳамагӣ 137 рисола, аз ҷумла 22 рисолаи докторӣ ва 115 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 7 шурои дар АМИТ амалкунанда ҳамагӣ 53 рисола, аз ҷумла 10 рисолаи докторӣ ва 43 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд. Дар ин шуроҳо аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 14 рисола, аз ҷумла 4 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадӣ дифоъ гардидаанд.
Дар 8 шурои диссертатсионии амалкунандаи АМИТ, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҳамагӣ 22 рисола, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.
Дар соли 2022 академикҳои АМИТ М.Илолов, К.Олимов ва Ѓ.Қ. Мироҷов соҳиби Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника гардиданд. Академик Т. Назаров соҳиби Ҷоизаи ифтихории Аббос Алиев (нахустин вазири маорифи РСС Тоҷикистон) гардид.
Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Қ. Алиев ба гирифтани Ҷоизаи АМИТ ба номи академик Е.Н. Павловский, доктори илми таърих Қ.Искандаров ва доктори илми таърих Ш. Қурбонова ба гирифтани Ҷоизаи АМИТ ба номи академик М.С. Осимӣ мушарраф гардиданд.
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ДАР СОЛИ 2023
- иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 баён намуданд;
- мусоидати ҳаматарафа ба идома додани корҳои илмию таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва аз рӯйи Самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқотҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;
- ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманд ба муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо дар зинаҳои магистратура, докторантура PhD, унвонҷӯ ва докторантура, ҳамзамон тибқи созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар хориҷи кишвар;
- таъмини муассисаҳои илмӣ бо асбобу таҷҳизоти нави илмӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, реактивҳо ва дигар маводи ёрирасон; вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ таъсис додани озмоишгоҳҳои нав, ихтисосҳои нав, инчунин коркарди лоиҳаҳои нави илмӣ;
- тақвият бахшидани корҳо дар самти ташвиқу тарѓиби донишҳои илмӣ тариқи воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла тавассути телевизиони “Илм ва табиат”;
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъсис додани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ аз ҳисоби воҳидҳои кории холии мавҷуда дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ ва пурзӯр намудани фаъолияти Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ;
- дар сатҳи зарурии илмӣ ва ташкилӣ таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2