joomla
free templates joomla

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАШАББУСКОРИ ҲАДАФҲОИ ҶАҲОНИИ РУШДИ УСТУВОР ДАР СОҲАИ ОБ"

       Алҳол, дар санаи 05.05.2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқни Демократии Тоҷикистон ҳамоиши пажӯҳишӣ ҷиҳати масоили об ва нақши он дар ҳаёти башар баргузор гардид.

Возможно, это изображение 11 человек, люди стоят и в помещении
    Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ҷиҳати ташрифашон дар ҳамоиш хайра мақдам гуфт. Номбурда ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди мушкилиҳои об ибтикори ҷаҳонӣ гуфта, иқрор кард, ки айни замон башар дар пешорӯи норасоии об қарор дорад.
     Бо дарназардошти боз ҳам афзун ёфтани сатҳи нуфус ва аҳолии рӯйи Замин зарурати ҷустуҷӯ ҷиҳати роҳҳои нави коркард ва истеҳсоли об пайдо шудааст. Тағйири иқлим ва бӯҳронҳои экологӣ тибқи андешаронии мавсуф аз зумраи мушкилиҳое мебошанд, ки кишвари мо дар ҳалли онҳо дар симои Сарвари давлат ҷойгоҳи соҳибнуфузе пайдокардааст. Номбурда роҳҳои таваҷҷуҳ ва баррасиҳои обро дар тафаккури ориёҳои аҳди бостон ҷустуҷӯ карда, қайд намуд, ки дар китоби Абасто ҷиҳати истифода ва коркарди об афкори густурдае баён гардидааст. Президенти АМИТ ду омилро асосӣ муаррифӣкард: яке тағйирёбанда глобалии иқлим ва дигар истифодаи омилони об дар асри ҳозир.
Возможно, это изображение 10 человек и люди стоят
      Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни баррасии мушкилии об зарурати таҳқиқу омӯзиши обро дар замони муосир барои олимон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳар фарде аз зумраи шаҳрвандон маҳсуб дониста, ташаббусҳои Пешвои тоҷиконро дар баррасии об иқдоми сатҳи ҷаҳонӣ номид ва шаҳри Душанберо аз марказҳои асосии таҳқиқотӣ дар татбиқшавии масоили ба об дахлдошта гуфт. Мавсуф дар идомаи гуфтор мутазаккир шуд, ки проблемаи асосии садаи 21 норасоии об маҳсуб мешавад.
Возможно, это изображение 1 человек, сидит и стоит
    Сипас, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ Абдуҳалим Қайюмов ба баррасии проблемаи норасоии об пардохта, омилҳои обшавии пиряхҳоро матраҳ кард.
    Алъон, ҳамоиш идома дорад ва пас аз лаҳзае гузориши нав омода мекунем...
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди сидят и люди стоят

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан