joomla
free templates joomla

МАҶЛИСИ УМУМИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО

   Имрӯз дар санаи 18.02.2022 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ширкати аъзои раёсати он ва иборат аз аъзои пайваста ва вобаста Маҷлиси умумӣ доир гардид.
    Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, таъкид намуд, ки бо дарназардошти вазъи кунунии илм зарурати татбиқшавии дастовардҳои олимон дар истеҳсолот ва баррасии вижагиҳои илми тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ пайдо шудааст. Ба қавли номбурда, кормандони илмии АМИТ 100 фисад имкон доранд, ки ба пажӯҳиш машғул гардида, нақши илмро дар худмуайянкунии башар тақвият бахшанд. Чунки то кунун илм буд, ки сарнавишти миллатҳову давлатҳоро тасдиқ мекард ва дар оянда бидуни дастовардҳои олимон ҷаҳон рушди бемайлони худро таъин наметавонад кард.
Ҳамчунин, Фарҳод Раҳимӣ омили барпо кардани Маҷлиси умумиро матраҳ карда, тазаккур дод, ки лоиҳаи "Низомнома дар бораи интихоботи аъзои АМИТ" қаблан ба аъзои пайваста ва вобаста фиристода шуда буд. Бинобар ин, баррасӣ ва қабули Низомномаи мазкур бояд сурат гирад. Номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҷаласа аз 31 нафар аъзои пайваста 25 нафар ва аз 45 нафар аъзои вобаста 40 нафар иштирок доранд. Ҳамчунин тибқи маълумоти пешниҳодшуда 13 ҷойи холӣ барои аъзои пайваста ва 29 ҷойи холӣ барои аъзои вобаста мавҷуд аст.
   Сипас, дар мавриди пешниҳодҳо ва эродҳои ҷойдошта Саркотиби илмии АМИТ, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров ҳисоботи мушаххас пешниҳод намуд. Тибқи маърӯзаи мавсуф, лоиҳаи Низомнома аз ҷониби академикҳо омӯхта шуда, мавриди баррасӣ қарор доштааст. Номбурда зимни пешниҳоди ҳисобот тазаккур дод, ки эродҳо бештар ба бандҳои 4 ва 5 Низомнома иртибот доранд, аммо кам кардани теъдоди аъзо дар шуъбаи ҷомеашиносӣ ба меъёрҳои Оинномаи АМИТ мусоидат намекунад.
Қосимшо Искандаров ҳангоми баррасии масъалаи дузинагӣ дар интихоби аъзо таваққуф кард, чунки тибқи Оиннома аввал аъзои пайваста ва баъдан аъзои вобаста бояд интихоб гарданд.
    Дар баррасии лоиҳаи "Низомнома дар бораи интихоботи аъзои АМИТ" академикҳои АМИТ Мамадшо Илолов, Маҳкамбой Маҳмудзода, Кароматулло Олимов, аъзои вобастаи АМИТ Аъламхон Ахмедов (тиб), Аъламхон Кучарзода (филология) ва дигарон ширкат варзида, пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
    Фарҳод Раҳимӣ ба ҳайси садри АМИТ пешниҳод намуд, ки банди истисноии аъзои АМИТ барои як нафар масъули Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз марги устод Муъмин Қаноат холист ва ҳифзи он оё зарурат дорад? Ин пешниҳод аз ҷониби аъзои АМИТ қабул шуд.
   Дар анҷом, қарори Маҷлиси умумии АМИТ дар бораи интихоботи аъзои АМИТ ба овоздиҳӣ пешниҳод шуд ва қарори мазкурро аъзои Академияи миллии илмҳо бо дарназардошти ҳамаи овозҳо қабул намуданд.
 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан