ВАҲДАТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРД АСТ

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ
ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши
шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат,
музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин,
бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу
ватандӯст муяссар гардидааст.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ҷомеаи Тоҷикистон новобаста аз рушд кардани соҳаҳои гуногун айни замон ба ваҳдат ва истиқрори сулҳ ниёз дорад. Ҳамагон медонанд, ки бидуни ваҳдати миллӣ дар замони муосир, ки тавассути шабакаҳои иртиботӣ ва дигар минбарҳои таблиғӣ таҳоҷуми хабарӣ аз хотири дигаргун намудани зеҳнҳои ҳамватанони мо роҳандозӣ мешавад, номумкин буда, ҳушёрӣ ва зиракии мову шумо айни замон мисли обу ҳаво зарур мебошад. Ваҳдати миллии тоҷикон аз зумраи бузургтарин дастовардест, ки бинобар судмандӣ ва натиҷаи басо муфид доштанаш мавриди назари дигар кишварҳо қарор гирифта, нек баҳогузорӣ шудааст. Баъзан мешунавем, ки ваҳдати миллиро хоси давраи таърихӣ пиндошта, айни замон номақбул будани онро барои ҷомеаи шаҳрвандӣ таблиғ мекунанд. Фикр намекунанд, ки ваҳдат омили асосии рушди маънавии мост ва ҳар фарде аз миёни тоҷикон ба ваҳдат новобаста аз фазо ва вақт ниёз дорад.
Ҷанги таҳмилӣ ҳубби маҳалро равнақ бахшид ва кишвари моро ба манотиқ ҷудо намуд ва то кунун мо, тоҷикон аз ин бемории чун саратон, ки пайкари тоҷикро заҳролуд кардааст, азият мекашем. Ҳатто дар васоити ахбори коммуникатсионӣ тоҷикон тибқи маҳалҳои хеш гурӯҳҳо ташкил дода, бо ҳамшаҳриҳои худ ба таври маснӯӣ масъалагузорӣ менамоянд.
Моҷароҳои марзӣ моро то андозае аз парастиши бесуд наҷот бахшид ва ваҳдатро боз дар миёни тоҷикон устувор сохт, аммо ин ҳама бархурдҳо далели он аст, ки тоҷикон ба таври мукаммал зинаи моҷароҷӯиҳои қавмиро сипарӣ намудаанд ва ваҳдат ҳадафи оянданигарии онҳо маҳсуб мешавад. Барои ноил шудан ба созишномаи сулҳ бо мухолифини худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузашткорӣ рафта, суду зиёнро наҷӯст ва оқибат миллати тоҷик бо дарназардошти оянданигарӣ ва дурандешии раҳбари худ ба ваҳдат расид, ваҳдате ки ӯро умри дубора бахшиду аз хатари нестшавӣ эмин нигаҳ дошт.
Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.
Сарвари давлат зимни суханронии хеш ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ ин ҳарфҳоро таъкид намуданд: “Дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кӯшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.”.
Нақши Сарвари давлати тоҷикон дар эҳё намудани низоми сиёсӣ ва бад-ин васила ҷорӣ намудани оромиву субот дар кишвар намунаи ибрат аст, чунки новобаста аз хатарҳои мавҷудбуда ва роҳандозӣ шудани сӯиқасд ба Пешвои миллат ӯ тавонист Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат вораҳонад. Аз ҳамин хотир мубориза барои ҷорӣ сохтани ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон абадан дар таърихи миллати мо сабт шуда, яке аз саҳифаҳои дурахшони халқи моро ташкил мекунад.
Ширин Қурбонова,
Раиси Ташкилоти ибтидоии “Илмпешагон” – и ҲХДТ дар Раёсати АМИТ

