ҲАҚИҚАТИ МУОСИР (Чанд мулоҳиза дар ҳошияи андешаҳои Саймумин Ятимов)

Дар асри XXI ҳувияту худшиносии миллӣ аз гаронтарин сифатҳои инсон шинохта мешаванд. Дар ҷомеаҳои рӯ ба рушд фаъолияти ӯ маҳз бо дарназардошти ҷаҳонбинӣ ва қудрати илмиву ақлониаш баҳогузорӣ мегарданд. Кишварҳои мутараққӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геополитикии худ аз ҳамин дидгоҳ ҷомеаи дигар миллату давлатҳоро омӯхта, гурӯҳеро аз сокинони дохилӣ ҷониби худ мойил месозанд, ки аз сифоти дар боло овардашуда орӣ мебошанд. Бо такя ба ҳаминҳо ба низоми сиёсии ин давлатҳо дахолат мекунанд, вазъро дар ҷомеаҳои ором аз эътидол бароварда, бо истифода аз ашхоси зархарид, таҳрики тахрибкорию бетартибиҳо ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро амалӣ месозанд. Иқдомҳои душманонаву зидди дигар давлату миллат роҳандозишударо “инқилоб” меноманду “тағйири низоми сиёсӣ” ва ғайра.
Дар чунин ҳолатҳо зарурати таъмин намудани амнияти шаҳрвандон ва кишвар дар фазои орому осоишта беш аз пеш афзуда, эҳтиёҷ ба неруи зеҳнии зиёиён пеш меояд, зеро онҳо бояд бо ҷомеа кор карда, қишрҳои гуногунро аз оқибатҳои пойбандӣ ба афкору ақидаҳои ғайриилмӣ, хурофотӣ, хавфи табдилёбӣ ба бозичаи дасти дигарон огоҳ созанд. Ин андеша дар китоби “Илм ва амният”, ки муаллифи он С. Ятимов мебошад, хеле бамаврид оварда шудааст: “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст”. (С. Ятимов. Илм ва амният. Душанбе, 2019, саҳ. 10).
Мутаассифона, на ҳама зиёиёни мо қодиранд, ки масъулияту рисолати хешро дар назди ҷомеа ва миллат ба тавре, ки лозим аст, дарк кунанд. Қисме аз онҳо додаи манофеи шахсӣ гардида, дар ивази ҳар гуна “хайрия” ва “грант”-ҳо дар хизмати қувваҳои аҷнабӣ қарор мегиранд. Мисолашро возеҳ дар пайвастани бархе аз омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва олимони кишвар мебинем, ки бо созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” иртиботи бевосита доштанду ҳатто шогирдони худро ба ҷойи таълиму роҳнамойии дуруст, асири андешаҳои хурофотиву иртиҷоӣ гардонидаанд. Пурсише пеш меояд, ки чаро олиме, фарди огоҳе дидаву дониста аз гурӯҳе пайравӣ мекунад, ки аз оғоз мақсади тахрибкориро дар нуқтаҳои гуногуни дунё, хусусан, дар кишварҳои мусулмоннишин дорад? Посухашро дар китоби “Илм ва амният” меёбем: “Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат” – и худро доранд. Дурустар ифода гардад, “ҳақиқат”-е, ки тавассути “хайрия”, “”грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст” (С. Ятимов. Илм ва амният. Душанбе, 2019, саҳ. 14).
Омили асосии ба гурӯҳҳои тахрибкор рӯоварии баъзе шаҳрвандони кишвар, хусусан ҷавонон, фирефта шудани онҳо дар пояи боварҳои эътиқодӣ мебошад. Далели собиткунандаи ин гуфтаҳо шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳастанд, ки он ҷо орифу оммӣ ва хурду бузурги ҷумҳурӣ даври масъалаҳои динӣ-мазҳабии ҳазорсолаҳо посухи худро наёфта ба баҳсу таҳқиру кофирхонии якдигар машғуланд. Дар хусуси андозаи риш ҷанг доранду аммомаю фосилаи пойҳо вақти намоз. Дар хусуси бартарии мазҳаби худу эътиқоди худ бар дигарон. Ин дар ҳолест, ки миллатҳои ғайримусулмон тамоми сайёраҳои дигарро омӯхта, технологияи муосири ҳарсоата беҳтаршавандаро кашф кардаанд, намунаҳои навтарини алоқаро дар ихтиёри ҳамин хурофотзадагон қарор додаанд, ки яке дар Осиёву дигар дар Амрико истода боз баҳси “сатру ҷелак” доранд. Онҳо аз нанотехнология ҳарф мезананду инҳо аз бартарияти “салафия”-ву “ихвон”. Дар ин ҳошия олимони хурофотзадае низ ҳастанд, ки вазифадор шудаанд тавассути мақолаҳои оммавӣ бартарии афкори диниро бар илм, манфиатҳои бегонаро афзалтар аз арзишҳои миллӣ нишон дода, дар мағзи хонанда афкори ҷоҳилонаро ҷой кунанд. Шояд ҳамин омил С. Ятимовро водор кард, ки “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковусро аз диди нав баҳогузорӣ кунад ва собит созад, ки мутаффакир асрҳо қабл дар асари худ манфиатҳои миллиро аз ҳама муқаддам гузоштааст: “Қобуснома китобест ҷамъ аз донишҳое, ки дар самтҳои муайяни фаъолияти инсонӣ андухта шудаанд. Ҷойи тааҷҷуб нест, дар тамоми даврони инкишоф дар ҷомеа неруҳое мавҷуданд, ки ба илму маориф мухолифат ва душманӣ меварзанд. Ва ин амали онҳо қасдан сурат мегирад. Дониш, қазовати дуруст, аксуламали муносибу баробар ба воқеияти мавҷуди табиат, ҷомеа ва тафаккур наметавонад барои тамоми қишрҳои иҷтимоӣ судманд бошад. Тавоноии инсон баробарвазн ва ҳамрадифи доноии ӯст. Фалсафаи Шарқ зиёда аз ду ҳазор сол қабл ба оламиён ҳушдор медиҳад: "дониш он аст, ки ҳақиқатро тасдиқ ва дурӯғро инкор мекунад, бесаводӣ он аст, ки ҳақиқатро инкор ва дурӯғро ҷонибдорӣ менамояд”. (С. Ятимов. Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад. Душанбе, 2015, саҳ. 33).
Ба мавзӯи геополитика рӯ овардани С. Ятимов гувоҳӣ медиҳад, ки хатари асосӣ ба давлатдории миллӣ маҳз берун аз мамлакат тарҳрезӣ шуда, ашхоси зархариди “худӣ” ҳамчун абзори амалисози ин нақшаҳо интихоб шудаанд. Аз ҳамин хотир, омӯхтани таърихи сиёсии миллат ва муқоиса кардани руйдодҳои таърихӣ, ки ғолибан, омилҳои динӣ доранд, барои муосирон ҳамчун зарурати ҳатмӣ таъкид гардида, ҳамватанонро дар баробари хатарҳои навэҷод ба эҳтиёту ҳушёрӣ даъват менамояд. Чунончӣ: “Дар чаҳорчӯбаи нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷӯёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд” (С. Ятимов. Илм ва амният, саҳ. 26).
Ҳақиқати таърихие, ки ба таҳмили шудани андешаҳои аҷнабиён ба мафкураи шаҳрвандон мусоидат мекунад, бегонапарастист ва шояд барои нафароне, ки бозичаи дасти бегона гашта аз хориҷ ҷониби зодгоҳи худ сангпартоӣ доранд, ватангадоӣ хос асту ҳисси беватанӣ дар ниҳодашон ғолиб омадааст. Ба ин матни иқтибосшуда таваҷҷуҳ мекунем: “Бозиҳои геополитикии муосир ҷанбаҳои гуногун дорад. Мақсадҳои асосии ин раванди фарогири муносиботи субъектҳои байналмилалӣ, ки ҳам дар шакли глобалӣ ва ҳам дар шакли минтақавӣ амал мекунанд, худро ба ҳайси қудрати ҷаҳонӣ ё минтақавӣ муаррифӣ намудан ва дар қаламрави кишварҳои мавриди назар рӯҳияи бегонапарастиро талқин кардан мебошад. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки мардум, махсусан, ҷавонон ва наврасонро аз нангу номуси ватандорӣ, забони модарӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ дур созанд. Зери эҳсосоти дурӯғин, махсусан таҳти пӯшиш ва баҳонаи авомфиребонаи дину мазҳаб дар замири онҳо нисбат ба давлати худ, ки номи миллати ӯро дорад ва макони зисти миллати ӯст, ҳисси бадбинӣ бедор кунанд. Дар воқеъ, миллат бе давлат вуҷуд дошта наметавонад. Ҳақиқати космополитиро (ҳисси беватанӣ, сарфи назар кардани сарзамини мушаххас ҳамчун макони таваллуд ва зист, бегонапарастӣ, ватангадоӣ таҳти шиору баҳонаҳои гуногун) маъруфтарин донишмандони дунё маҳкум кардаанд ва чунин ҳолатро ҳатто ваҳшоният шумурдаанд” (С. Ятимов. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. Душанбе, 2019, саҳ. 24).
Вайрону валангор кардани минтақаи обод, сарсону саргардон намудани инсонҳо, қатли ом кардани онҳо, овехтану аз ҷисмашон сохтани калламанораҳо саҳифаҳои ториктарини таърихи инсониятанд ва ҳар касе, ки фарҳанг дорад ин ваҳшигариҳоро маҳкум менамояд. Лекин таърихро касе месозад, ки ғолиб бошад ва дар назди миллати созандаи тоҷик низ масъулияте меистад, ки дар ҳеҷ сурат ба ваҳшоният ва афроди девсирати тамаъҷӯй пайравӣ накунад, нагузорад, ки ҷабру зулм тантана кунанд. Ниёгони мо ҳанӯз дар гузашта, чандин дафъа дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз бо пайравӣ аз тудаи дар ғафлати сиёсӣ қарордоштаи рӯҳонӣ теша ба решаи худ зада, имкон фароҳам оварданд, ки қудрати сиёсиро аҷнабӣ дар мулки мо соҳиб шавад. Баъзе ашхоси хурофотзадаю худфурӯш имрӯз ҳам, амалан, ба касе майл доранд, ки аз ӯ манфиат мебинанд. Аммо манфиатҷӯйӣ роҳи ҳифзи давлату миллат набуд, нест ва намебошад. Бо истифода аз даричаи қироати Қуръон тороҷ кардани ҳаммеҳанони худ ва аз ҳисоби буҷаи оилавии онҳо зистану мавқеъ ёфтан дар ҷомеа касб нест. Ҳофизи бузург садсолаҳо пештар даъват карда буд, ки: “Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро”.
С. Ятимов зимни таҳлили осори Иммануил Кант воқеӣ таъкид мекунад: “Надонистани ҳудуд, салоҳияти маънавӣ ва риоя накардани он дар муносибатҳо мушкилӣ ва бадбахтиҳо ба бор меорад. Ба ақидаи ӯ (яъне Иммануил Кант-Ш.Қ), зиндагии воқеӣ қонуният ва равандҳои худро дорад. Дар олами атроф на ҳама чиз ба хостаҳои фард сохта шудааст. Чунин шароит, мушкили рӯзгор як умр одамро таъқиб мекунад. И. Кант ба ҳамин муносибат таъкид месозад: “Агар дар овони ҷавонӣ ҳама чиз ба хоҳиши одам ранг бигирад, амалӣ шавад, ба ӯ ягон муқобилат, эътироз ва вокуниши донистани ҳад омӯзонида нашавад, он вақт дар инсон як навъ хислати ваҳшигӣ боқӣ мемонад. Чунин ҳолати рӯҳӣ тамоми умр ӯро дунболагирӣ мекунад” (С. Ятимов. Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ. Душанбе, 2019, саҳ.30).
Аксар маврид мо ба шахсиятҳои донишманд ниёз пайдо мекунем ва беихтиёр ба навиштаҳояшон рӯ меорем то ормонҳоямонро тавассути роҳнамоиҳои онҳо амалӣ созем. Пас аз мутолиа эҳсос мекунем, ки каме ҳам бошад худро такмил додаем ва бояд бикӯшем, ки ҳақиқати ҳаёти имрӯзаро, афзалияти арзишҳои дунявиро бар мафкураи ҷоҳилонаи хурофотӣ барои дигарон низ бирасонем, то онҳо низ пояҳои зиндагии хешро дар асоси худшиносии миллӣ, илмомӯзӣ ва садоқат ба Ватани соҳибистиқлоламон бунёд намоянд.
Ширин Қурбонова,
Раиси Шӯрои собиқадорони
ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

