ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР
Яке аз падидаҳои манфии асри ҳозир терроризм ва экстремизми байналмилалӣ буда, дар мубориза алайҳи ин зуҳурот дар тамоми кишварҳо чораҷӯиҳои назаррасе амалан татбиқ мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳмил намудани ҷанги шаҳрвандӣ унсурҳои зӯроварӣ низ дар муқовимат бо падидаҳои нави низоми сиёсии кишвар тавлид ёфт ва ваҳшиёна куштани арбобони илму ҳунару фарҳанги кишвар чун Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Моёншо Назаршоев ва дигарон шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳадафҳои муғризонаашон террористони ҷаҳониро киро карда, онҳоро маблағгузорӣ менамуданд.
Терроризм ва экстремизм аз зумраи хатарҳои асосӣ буда, бинобар ваъдаҳои бардурӯғ дар самти дину диёнат барои ҷалб намудани ҷавонони нохудогоҳ пешбинӣ мегардад ва мақсад аз суиистифода шудани ҷавононе, ки бо шуғли доимӣ таъмин нестанд, тавассути онҳо хароб кардани ҷомеаи шаҳрвандист. Бинобар ин, онҳоро чун гурӯҳҳои тундрав ва хусусияти иртиҷоӣ дошта муаррифӣ карда, яке аз хатарҳои ҷаҳонӣ меноманд ва чун мушкилии асоситарини ҷомеаи муосир баррасӣ мекунанд.
Кирдорҳои ваҳшиёнаи террористони “Давлати исломӣ”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳизбуттаҳрир” ва ғайра нишон медиҳанд, ки айни замон барои татбиқи ҳадафҳои геосиёсии худ кишварҳои абарқудрат дар мубориза бо ҳамдигар аз гурӯҳҳои тудрави иртиҷоӣ васеъ истифода менамоянд. Гузашта аз ин, нақшаҳои оянданигарии хадамоти истихборотии абарқудратҳо бо истифода аз ҷавонони мусалмон аз қудрати рақобат маҳрум сохтани кишварҳоест, ки аксар аҳолии онҳо дини исломро пайравӣ мекунанд. Бечунучаро амалҳои террористӣ дар тамоми кураи Замин, бахусус дар Аврупо, Австралиё ва Амрико тавассути ҷавонони аз худ бехабари мусалмон роҳандозӣ шуда, оқибат кӯшиши бадном кардани дини ислом дар васоити ахбори коммуникатсионӣ тарҳрезӣ меёбад. Террор ва барпо кардани ҷангҳои хонумонсӯз, ба вижа эҷод намудани муноқишаҳои марзӣ дар дилхоҳ минтақа оқибат ҳукумати аҷнибиро дар манотиқи қаблан тарҳрезиёфта ба вуҷуд оварда, истиқлоли сиёсии давлатҳои рушдкунандаро заиф месозад ва истиқлоли фикрии шаҳрвандонро бо мурури замон аз байн бурда, онҳоро бо аҷнабиён побанд менамояд. Бинобар ҳамин омил дар аксар кишварҳои ҷаҳон бархе аз зумраи зиёиён ба бемории чаправӣ гирифтор шуда, бар ивази маблағҳои ночиз сирри давлатиро бар бегонагон мефурӯшанд. Дар замони муосир гурӯҳҳои тунрав артиши низомиён дошта, бо кӯмаки давлатҳои абарқудрат дар сарнавишти миллатҳо дахолат мекунанд ва бо барпо намудани низоъ ин тоифи низомиёнро бо ҳар роҳу восита ба дохили кишварҳо ворид сохта, авзоро дар дохили кишварҳо хароб месозанд.
Аз ҳамин хотир, ҷавонони ба доми фиреб афтода оқибат қурбони ваъдаҳои пуки иртиҷоиён гашта, аксар вақт аз ноилоҷӣ ба худкушӣ даст мезананд. Яке аз роҳҳои таблиғи экстремизм ва зӯроварӣ шабакаҳои телевизионӣ ва васоити ахбори коммуникатсионӣ маҳсуб мешавад. Тавассуни ин минбарҳои ҷаҳонӣ зӯроварӣ, тудхӯӣ, одамбадбинӣ ва ғайра таблиғ ёфта, аксар ҷавонони тиҳимағз ба дом меафтанд ва дар кӯтоҳтарин муддат ҳаёти худро табоҳ мегардонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин кирдорҳо ва нақшаҳои таҳмилӣ орӣ нест, чунки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонист ва хоҳ-нохоҳ дар ҳудуди кишвари мо низ амалҳои террористӣ рух дода, таблиғи тудравӣ роҳандозӣ мегардад. Мисоли барҷастаи чунин таҳмилот моҷароҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Чаро мо ин низоҳои марзиро ба терроризми байналмилалӣ итлоқ менамоем? Чунки ин низоъ қабл аз роҳандозӣ дар ҳуҷраҳои кории ниҳодҳои махсуси истихборотии марбут ба таҳияи низоъ тарҳрезӣ шуда, баъдан тавассути маблағгузории афроди масъул аз кишварҳои абарқудрат амалан татбиқ мегардад.
Падидаи номатлуб номгузорӣ шудани терроризм бесабаб нест. Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ шомил мешаванд, фаҳмиши хеле танг доранд ва бо ҳамин сабаб дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин аз қабили ширкат дар қатли ом, гаравгонгирии ашхоси гуногун, таркондани иншоот, рабудани воситаҳои мухталифи нақлиётӣ ва амсолашон сахткӯш мебошанд. Ифротгароӣ дар кишвари мо оянда надорад, чунки аксар аҳолии мамлакатамон соҳибфикранд ва дахолату афкори таҳмилиро намепазиранд. Кӯшишҳои пайдарпайи терористон ҷиҳати татбиқи амалҳои террористӣ бенатиҷа анҷом меёбад. Моро зарур аст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб бо ҷавонони гумроҳу бехабар бештар сарукор гирем ва онҳоро ислоҳ намоем, вагарна душман онҳоро ҳар соат мавриди суиистифода қарор медиҳад.
Асламзода Сафаралӣ

