joomla
free templates joomla

Султон Умаров ва Симпозиуми физикони Тоҷикистон

 

 

 

    С. У. Умаров 24 августи соли 1908 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Падараш дар синни хурдсолиаш вафот мекунад, бинобар ин дар ҷамъияти кӯдакон тарбия мегирад. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ дар соли 1923, ӯ ба Самарқанд кӯчид ва дар он ҷо таҳсилро дар Донишкадаи таълимии Ӯзбекистон ва сипас дар факултаи табиӣ-математикаи Академияи Ӯзбекистон идома дода, пас аз соли 1930 яке аз муаллимони он шуд.
   Соли 1933 С.У.Умаров ба аспирантураи Институти физика ва техникаи Академияи илмҳои СССР ба Ленинград фиристода шуда, ки роҳбарии онро олими машҳури ҷаҳонӣ А.Ф. Иофе ба ӯҳда дошт.
   Истеъдоди таҷрибагузаронӣ, ҷаҳонбинии васеи илмӣ, қобилияти гузоштани масъалаҳо ва ноил шудан ба ҳалли онҳо, инчунин шумораи зиёди ғояҳои пешниҳодкардаи А.Ф. Иоффе, дар донишгоҳ фазои хосе ба вуҷуд оварда буд.
Фазои чунин рӯҳия, демократия дар муоширати байни кормандон ва олами махсуси илм Султон Умаровичро то ба дараҷае ҷалб намуданд, ки физика касби ӯ, нуқтаи истифодаи қувва ва қобилиятҳои ӯ гардид.
   Соли 1936 Султон Умарович нахустин кори илмии худ “Ҳаракати броунии стержени такякарда ва ҷунбишҳои кӯндаланги купрукҳо” -ро ба табъ расонд ва худи ҳамон сол рисолаи номзади илмҳои физика ва математика дифоъ кард.
Дар соли 1957, пас аз вафоти аввалин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Садриддин Айнӣ олимони тоҷик якдилона С.У.Умаровро академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва президенти он интихоб карданд.
Ин давраест, ки таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ оғоз ёфта, норасоии кормандони илмӣ эҳсос мешуд. Ҳамчун президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ӯ дар рушди минбаъдаи илм дар Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Дар фаъолияти он масъалаҳои тайёр кардан ва ҷойгиркунии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мавқеи махсусро ишғол мекунанд. Маҳз дар тӯли ин солҳо дар ҷумҳурӣ рушди илмҳои дақиқ, аз ҷумла илмҳои физикӣ ва математикӣ, ташкил ва таҳкими заминаи моддию техникӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос оғоз ёфт. Бо ин мақсад, бо ташаббуси С.У. Умаров як гурӯҳи калони ҷавонони боистеъдод интихоб шуда ба Москва, Ленинград, Минск, Новосибирск, Боку ва дигар марказҳои илмии кишвар фиристода шуданд.
Султон Умарович ҳамзамон мудири кафедраи физика ва математикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва шӯъбаи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.
  Донишманди ҷаҳонбинии васеъ дошта, танҳо бо омӯзиши соҳаи физикаи оморӣ, ки дар солҳои таҳсили ӯ оғоз ёфтааст, маҳдуд намешавад. Масъалаҳои электроникаи физикӣ, физикаи нимноқилҳо, физикаи пахта дар эҷодиёти олим мавқеи муайян доранд.
Дар як мақола фаро гирифтани тамоми паҳлӯҳои истеъдоди олим мушкил аст. Саҳми Султон Умарович дар рушди илмҳои иҷтимоӣ, нерӯҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ва истифодаи босуръати усулҳои математикӣ дар таҳқиқоти иқтисодӣ бешубҳа аст.
Як марҳилаи муҳим дар фаъолияти илмӣ ва ташкилии С.У. Умаров дар соли 1964 таъсис додани се пажӯҳишгоҳи нави илмӣ дар сохтори Академияи илмҳо: Институти физикаю техникӣ, Институти биофизика ва физиологияи растаниҳо ва Институти иқтисодиёт мебошад.
Институти Физика ва техника дастпарварди ҳақиқии Султон Умаров мебошад, ки номи созандаи онро дорост ва ҳоло дар сохтори худ Маркази байналмилалии тадқиқоти ядроӣ, Шӯъбаи наноматериалҳо ва нанотехнология, Маркази омӯзиш ва таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахши физикаи назариявӣ ва 6 лаборатория, ки дар он таҳқиқотҳо оид ба масъалаҳои муҳимтарини физикаи муосир гузаронида мешаванд дар бар мегирад.
   Дар солҳои оянда, рушди чунин соҳаҳо ба монанди физикаи нурҳои кайҳонӣ, экологияи радиатсионӣ ва омӯзиши хосиятҳои материал дар шароити шадид дар қаторкӯҳҳои баланди Помири Шарқӣ, физикаи конденсӣ ва сохтани маводи нав ба нақша гирифта шудааст. Дигар соҳаҳои рушдёбанда, аз қабили физикаи атмосфера, проблемаҳои физикию техникии энергетика, оптика, электроникаи квантӣ низ аз ҷиҳати самаранокии натиҷаҳо ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим мебошанд.
   Гузашти вақт тозагии он таассурот ва хотираҳоеро, ки ҳар як корманде, ки аз сӯҳбат бо Султон Умарович гирифта буд, аз байн намебарад. Онҳо бо меҳрубонӣ ва қадрдонӣ ёдовар мешаванд, ки новобаста аз банд буданаш, ҳамеша барои шинос шудан бо кори ҳар як лаборатория, дар муҳокимаи натиҷаҳо иштирок карда, рӯҳияи эҷодии кормандонро бо маслиҳатҳои худ баланд бардошта, таҷрибаи бойи худро ба таври фаровон ба ҳамагон мебахшид. Имрӯз, вақте диққати махсус ба ҷалби ҷавонони эҷодкор ба илм, шинохти таърих, ҷой ва аҳамияти илм дар ҷомеа дода мешавад, шиносоӣ бо ҳаёти чунин олимон, ба монанди Султон Умарович, ҷаҳонбинии маънавӣ ва ҷаҳонбинии ҷавононро нисбати шоҳроҳҳои даркнашудаи илм васеътар хоҳад кард.
    Таҷрибаи даҳсолаҳои охир бевосита нишон медиҳад, ки илми муосир, дар муқоиса бо илми асрҳои гузашта, бештар хусусияти иҷтимоӣ ва коллективӣ пайдо намудааст. Кашфиёту коркардҳои назариявӣ, ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миқёсии илмӣ эҳтимолан на аз ҷониби олимони алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои илмии касбӣ – оғоз аз мактабҳо ва лабораторияҳои илмӣ то шабакаи васеи ҳамоҳангшудаи олимон ва мутахассисон ба даст оварда мешавад. Ин амалия дар тамоми мактабҳои илмии ҷаҳон ҳамчунин тавассути ҳамкории байналмилалии ҳам олимони алоҳида ва ҳам ҷомеаҳои илмӣ, лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, чорабиниҳои илмӣ – конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, нишастҳои техникӣ, мактабҳо ва ғайра ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон, яке аз роҳҳои самараноки ташкили ҳамкории қавии олимон ва мутахассисони соҳаи илми мушаххас дар ҳудуди кишварҳо фаъолияти ҷамъиятҳои илмӣ мебошад, аз ҷумла – ҷомеаҳои физикӣ.
  Дар ҷаҳони имрӯза, дар таҳқиқоти илмӣ ва корҳои ташкили илм як қатор ҷамъиятҳои физикӣ бомуваффақият фаъолият бурда истодаанд, аз ҷумла:
Ҷамъияти физикаи Олмон (аз соли 1845)
Ҷамъияти физикаи Ҷопон (аз соли 1877)
Ҷамъияти физикаи Амрико (аз соли 1899)
Ҷамъияти физикаи Чин (аз соли 1932)
Ҷамъияти физикаи Аврупо (аз соли 1968)
Ҷамъияти физикаи Покистон (аз соли 1987)
Ҷамъияти физикаи Беларус (аз соли 1991)
Ҷамъияти физикаи Узбекистон (аз соли 1991)
Ҷамъияти физикаи Қазоқистон ва ғайра.
   Инчунин қайд мекунем, ки соли 1989 Ҷамъияти физикии ИҶШС низ таъсис дода шуда буд ва нусхаи оинномаи он то ҳоло дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Баъдтар, соли 1990 дар заминаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ оинномаи Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон низ тасдиқ карда шуд ва ҷамъияти мазкур ба кор шурӯъ намуд. Аммо, бинобар оқибатҳои суқути ИҶШС дар соли 1991 ва давраи душвори солҳои 90-уми асри гузашта, Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон фаъолияти расмии худро муваққатан қатъ кард.
   Имрӯз, ба шарофати талошҳо ва стратегияҳои муваффақонаи сиёсии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо дар шароити сулҳу осоишта ва оромӣ зиндагӣ дорем, ки заминаи ивазнашавандаи на танҳо ҷомеаи шаҳрвандии ҳамаҷониба рушдёфта, балки таҳқиқоти илмӣ ва ҳалҳои нави технологии инноватсионӣ бунёдӣ мебошад.
ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ аз соли 2019 бо Ҷамъияти физикаи Узбекистон ҳамкории зич дорад. Қайд мекунем, ки Ҷамъияти физикаи Ӯзбекистон дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мунтазам мактабҳо ва конференсияҳои васеи байналмилалии илмӣ баргузор менамояд ва дар онҳо даҳҳо физикони маъруф аз ИМА, Аврупо, ИДМ, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва ғайра иштирок мекунанд. Соли 2019 бо даъвати раиси Ҷамъияти физикаи Узбекистон, д.и.ф.м., профессор Д.Матрасулов, кормандони ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ дар ду мактаби байналмилалӣ, ки ҳар яке аз як то ду ҳафта баргузор гардид ширкат варзиданд. Яъне таъсири мукаммали фаъолияти ҷамъияти физикӣ дар ин мисол равшан аён аст, зеро пеш аз ҳама, муҳокимаи бевоситаи масъалаҳои илмӣ бо намояндагони мактабҳо ва ширкатҳои бузурги саноатӣ барои рушди илми кишвар аҳамияти назарраси амалӣ дорад. Илова ба ин, дар тӯли чанд рӯз олимон ва мутахассисон, ки аксарият намояндагони мактабҳои бонуфузи илмии байналмилаӣ ва ширкатҳои бузурги технологӣ мебошанд, имкон пайдо мекунанд, ки потенсиали ҳамкориро бо олимони варзида ва мутахассисони ҷавони мо амиқ ва воқеъбинона арзёбӣ намоянд. Яъне, баргузории чорабиниҳои амалии илмӣ барои бунёди лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ ва ҷалби технологияҳои нави инноватсионӣ ба илм, истеҳсолот ва саноати кишвар мусоидат намуда, бешубҳа самараи мусбӣ меорад.
   Ҳамин тариқ, таҷрибаи кишварҳоро таҳлил намуда, дар инситут қарор қабул карда шуд, ки соли ҷорӣ масъалаи барқарор кардани фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон дар заминаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ баррасӣ карда шавад. Бо ин мақсад, ба нақшаи чорабиниҳои илмии институт дар соли 2021 инчунин баргузории Симпозиуми физикони Тоҷикистон низ дар санаҳои 25-26 июн илова карда шуд. Баргузории ҳамоиши физикони тоҷикистонӣ дар чорабинии илми-ташкилии мазкур дар арафаи чорабинии муҳими миллӣ ва таърихии кишвар – Рӯзи Ваҳдати миллӣ пешбинӣ шудааст, зеро дар ин ҳамоиш мавзӯи марказии ташкилиро масъалаи ягонагии физикони кишвар – эҳёи фаъолияти Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ба симпозиум ҳамчунин физикони тоҷикистонӣ низ, ки дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷаи наздик ва дур фаъолият мебаранд, даъват карда мешаванд. Қайд менамоем, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи ҷаҳонӣ, иштирок ва маърӯзаи ҳамватанони хориҷии мо, олимон ва мутахассисони соҳаи физикаю техника дар реҷаи видеоконференсия низ пешбинӣ мешавад. Фаъолияти илмӣ на танҳо дар ҳосил намудани донишҳои нави бунёдӣ, балки дар татбиқи бевосита ва амалии натиҷаҳои таҳқиқот дар саноат ва иқтисодиёти кишвар таҷассум меёбад. Эҳёи фаъолияти     Ҷамъияти физикаи Тоҷикистон, имконият медиҳад, ки бо истифода аз потенсиали умумӣ, дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ барои баланд баровардани сатҳи рақобатпазирии илми ватанӣ, алахусус дар пасманзари чолишҳои динамикаи ҷаҳони муосир саҳми бештар гузорем.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан