ЁДЕ АЗ НЕКМАРДИ БУЗУРГ –ЗИКРИ ХАЙРИ УСТОД

Ӯ некбин буд ва ба пешомади илму тавҳиди миллаташ назари нек дошт. Марди рострав, росткору ростманиш буд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро
Мулоқоти ман бо Э. У. Нӯъмонов соли 1970 дар Маскав ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз сурат гирифт. Суханронии ӯ дар он ҷо ҳанӯз аз хотирам нарафтааст. Ӯ дар бораи аҳамияти илму фарҳанг сухан гуфт. Баъдан ман бо ӯ дар шаҳри Исфара, ки он ҷо озмоишҳои таҷрибавию саноатии филизот мегузашт, вохӯрдам. Вай дар масъалаи кимиёи ҳидратҳо сӯҳбат орост, дар бобати зарурати рушди ин соҳа дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи АИ Тоҷикистон изҳори ақида кард ва маро баъди хатми давраи таҳсилоти аспирантура ба Душанбе даъват намуд. Соли 1973 ман дар Пажӯҳишгоҳи кимиё, дар озмоишгоҳи кимиёи маводи холиси фторидӣ ба кор оғоз кардам. Устод Нӯъмонов натиҷаи кори маро маъқул донист ва соли 1974 дар назди мудирияти Пажӯҳишгоҳ гурӯҳи кимиёи ҳидритҳоро созмон дод. Дар он солҳо пайдо кардани ҷои озмоишгоҳ, ҳаллу фасли масоили марбути ҷадвали вазифа ниҳоят душвор буд. Вале ӯ ва муовини мудири Пажӯҳишгоҳ Д. Н. Почоҷонов (ҳоло академик – дабири Шӯъбаи илмҳои физика, риёзиёт, кимиё ва геологияи АИ Тоҷикистон) ба душвориҳои мављуда нигоҳ накарда, гурӯҳи моро бо ҳама гуна маводи зарурӣ таъмин карданд. Дар роҳи мунтазами гузаронидани ҷустуҷӯҳои илмӣ, ба ҳар мартабае, ки расидам, он бо дастгирӣ ва пуштибонии ду нафар докторони кимиё – Т. Н. Димова ва академик Э. У. Нӯъмонов сомон гирифт. Э. У. Нӯъмонов бо дониши амиқу фаррох дар илми кимиё шӯҳрат ёфт. Гумон мекунам, ки яке аз сабабҳои заковати фавқулоддаи ӯ ба ҷуз қобилияти фитрӣ, мунтазам гузаронидани таҷрибаҳои гуногуни кимиёвӣ буданд.
Э. У. Нӯъмонов соли 1946, пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Сталинобод баргашт ва филҳол аз паи итмоми таҳсил гардид, ки ба сабаби оғози ҷанги ҷаҳонӣ – соли 1941 мавқуф гузошта, ихтиёрӣ ба ҷабҳаи ҷанг рафта буд.
Ӯ соли 1947 бо дастгирии дӯсти худ М. Осимӣ Донишкадаи омӯзгории ш. Хуҷандро ғоибона хатм намуд ва дар баробари ин дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кард. Соли 1948 Э. У. Нӯъмонов ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи кимиёи органикии Академияи илмҳои ИҶШС дохил шуд. Дар аспирантура зери роҳбарии академик Баландин ба кор шурӯъ кард, вале соли 1949 Баландин А.А. ҳабс шуд ва озмоишгоҳи ӯро барҳам доданд. Э. У. Нӯъмоновро ба озмоишгоҳи академик Верешагин Л.Ф. даъват намуданд, ки ӯ он ҷо дар хусуси масоили дарёфти мавод зери фишори баланд машғулият дошт. Э. У. Нӯъмонов ҳанӯз дар оғози фаъолияти илмиаш дар соҳаи мухталифи кимиёи органикӣ кор мекард. Ӯ, ки ангеза ва кимиёи таҳлилиро хуб медонист, ба яке аз сохтори мушкили кимиё – дарёфти мавод зери фишори баланд соли 1952 бо мувофиқият рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Бо Эшонқул Усмонович кор кардан осон буд, чунки ӯ ба ҳар кор омода буд, ҳамеша ба принсипи худ устувор мемонд ва худро хушбахт меҳисобид. Устод Нӯъмонов росткор буд. Онҳоеро, ки ба пешрафти илми кимиё халал мерасонданд, дӯст намедошту танқид мекард. Ӯ назария ва амалияи илми кимиёро нағз медонист ва кимиёшиноси ватандӯст буд: ба омӯзиши амиқи таркиби кимиёи ҷойҳои нафтхези Тоҷикистон пардохт ва роҳҳои ғайрисӯзишвории истифодаи нафтро нишон дода, адади зиёди ҳаммонандҳои нафтиро таҳлилу таҷзия намуд. Ӯ дар ҳаёт ва дар ҷодаи илму маърифат некбин буд. Ӯ ба насли ҷавони кимиёдоҳҳо эътимоди куллӣ дошт. Бисёр ва то метавонист, ба ҳар кадоми онон дасти ёрӣ дароз мекард. Ӯ мегуфт, ки таърихи илми кимиё дар Тоҷикистон – ин таърихи Пажӯҳишгоҳи кимиёст. Кимиё ҳеҷ гоҳ эътибори худро аз даст нахоҳад дод. Ӯ дар маљлиси муштараки Академияи илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарони ҷумҳурӣ бо ҷуръат суханронӣ мекард ва дар суханрониҳои ӯ далел бештар аз фикрронии умумӣ истифода мешуд. Бале, кор бо Э. У. Нӯъмонов бароям на танҳо мактаби одамият, балки беҳтарин мактаби илмӣ низ буд. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки дар ҷавонӣ ба ҳар чиз муваффақ шудан мумкин аст, ба қадри вақт бояд бирасем. Эшонқул Усмонович таъкид мекард, ки барои олим падидаи аз ҳама муҳими пурарзиш – шогирдони ӯянд. Тарбияи шогирдони донишманд ва пайравони собитқадам, ки дар ҷодаи илму маърифат аз устоди худ камтар набошанд, ҳадафи асосии ҳар олим бояд бошад. Олим танҳо дар шароити озодии комил, бе ягон маҷбурият, метавонад нумӯъ кунад ва барои олим илова бар ин дорои маданияти мубоҳисаҳои илмию муҳовараҳо будан хеле муҳим мебошад. Ин хислат унсури муҳими пиндору гуфтору рафтор ба ҳисоб меравад. Ин падидаҳо барои ӯ муҳим буданд ва ӯ аз онҳо пайравӣ мекард. Академик Э. У. Нӯъмонов ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки барои ба дараҷаи баланди касбӣ расидани ҳайати кормандон ёрӣ расонад. Ӯ мегуфт: «Дар натиҷаи ба сари кор овардани олимони дурӯғи мо зери пояҳои илм моддаи таркишовари дерамалеро хоҳем гузошт».
Сад афсӯс, ки пас аз чанд рӯзи иҷлосия, 29 ноябри соли 1992 ӯ бо ҷони азизаш падруд гуфт. Э.У.Нӯъмонов имрӯз дар байни мо нест, вале корҳои ӯ солҳо ба мардум манфиат оварду меоварад. Рӯҳаш шод бод!
академик У. Мирсаидов
Ҷумҳурият, 29. 11. 1999

