ИНСОНИ МУВАФФАҚ
Кам шунидаем, ки вазир дар дили шаб ба суроғи беморон рафта, бо ҳар василае аз фаъолияти пизишкон воқиф мегардад ва бо бистариҳо ҳамсуҳбат гардида, ҳар лаҳза маълумот пайдо мекунад то бифаҳмад, ки масъулин ба бемор чӣ гуна хизматрасонӣ мекунанд. Гузашта аз ин, агар хоҳед, ки дар бораи ин ё он мутахассис маълумоти амиқ пайдо кунед, ба ҷойҳои кори пешинааш равед, чунки ҳамкорони пешин ҳақиқатро мегӯянд. Мо низ пайи дастрас намудани иттилоот ҷиҳати кору фаъолият ва аҳволу муносибати пизишке бо исми Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии “Маҷмаи тандурустии Истиқлол” рӯ овардем. Аз табиб то фарроши ин даргоҳ ин ҳарфро мегӯянд, ки номбурда ҳангоми сардухтур буданаш дар муассисаи мазкур ҳамеша аз аҳволи беморон бохабар буд ва бо онҳо тамос гирифта, сатҳи хизматрасонии зердастонро маҳз аз бистариҳо мефаҳмид. Чун роҳбар буд, намехост, ки табибон ба ситонидани ришва одат кунанд, чунки ба фаҳми ӯ рибо пизишкро ба қассоб монанд мекунад. Аммо чун бемор сиҳат ёфту боз ба зиндагии муқаррарӣ баргашт, дар сутудани табибон вақти гаронмояи худро сипарӣ хоҳад кард ва ҳар фарде, ки бо бемор ҳамсуҳбат мешавад, бинобар некандешии ӯ ҳаловат бурда, ҳангоми бемор шудан бидуни дудилагӣ ба табиб муроҷиат мекунад.
Тоҷикон аз аҳди бостон то кунун ба илми тиб дилбастагӣ дошта, аксар донишмандони тиб аз миёни онҳо бархостаанд. Имрӯз таърихи тибро бидуни шахсиятҳое чун Буалӣ Сино ва Закариёи Розӣ тасаввур кардан нашояд, зеро онҳо дар тиб нақши бориз дошта, дар тамоми донишгоҳҳои тиби ҷаҳон имрӯзҳо афкори пизишкии онҳо омӯхта шуда, дар сатҳи илми муосир баррасӣ мегарданд. Аз ҳамин хотир, Ҷамолиддин Абдуллозода низ ҷиҳати дифоъ аз рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ сахткӯш буду айни замон ба ҳайси профессор дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ мударрис маҳсуб мешавад.
Мавсуф соли 2002 рисолаи номзадӣ ва соли 2011 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Мавзӯи рисолаи докториаш “Ташхис ва ба танзимдарории ҷарроҳии рефлюкси гастрит ва рефлюкси эзофагит дар бемории санги сафро” маҳсуб мешавад. Номбурда дар синни 45-солагӣ доктори илмҳои тиб гардидааст. Аммо айни замон бинобар рушди технология ва инноватсия плагиат дар рисолаҳои илмӣ зуд ошкор мегардад ва ҳар ки бо роҳи асардуздӣ унвони илмиро соҳиб мешавад, дер ё зуд ошкор хоҳад шуд. Қаҳрамони мо аз зумраи ин гурӯҳи олимон нест ва пайваста донишҳои соҳавии худро такмил медиҳад, зеро медонад, ки ягона роҳи такмили илм такрор мебошад. Ҳамаи паҳлӯҳои фаъолият ва зиндагиномаи Ҷамолиддин Абдуллозодаро омӯхта ба хулосае меоед, ки ӯро бе сабаб ба маснади вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин нанамудаанд. Аз як ҷониб таҷрибаи тахассусӣ ва донишҳои соҳавии ӯро ба инобат гирифтанд, аз ҷониби дигар авзои басо ташвишовари ҷомеаи Тоҷикистон бинобар пайдоиш ва паҳншавии пандемияи нодиданӣ бо номи COVID – 19 ӯро чун беҳтарин ва баргузидатарин пизишки тоҷик муаррифӣ кард. Расонаҳои зархарид зуд пайи таҳқиқу беобрӯ кардани ӯ афтода, пажуҳишҳо барпо намуданд ва бо ӯ мусоҳибаҳо ташкил доданд, аммо номбурда таҷрибаи зарурӣ дошт ва ба онҳо посухҳои назаррас додааст. Аҳли ҷомеаи кишвар хеле хуб медонанд, ки дигарандешон ва мухолифин аввалан ба зодгоҳи инсон таваҷҷуҳ мекунанд ва чун донистанд, ки Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Данғара тавлид ёфта, он ҷо бузург гардидааст, ҳатман тири маломат нисбат ба шахсияташ равон дошта, мутмаин буданд, ки вазири навтаъин барои ҷилавгирӣ аз коронавирус маънаван омода нест ва дере нагузашта мисли вазири пешин аз вазифа сабукдӯш мешавад. Алорағми чунин андешаҳои иртиҷоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо амалу фаъолияти хеш исбот намуд, ки аз зумраи ашхоси тасодуфӣ нест ва барои роҳбарӣ кардани соҳаи тандурустии кишвар омода мебошад. Тибқи маълумот дар кишварҳои хориҷӣ аксар вазирони тандурустӣ бо сабаби наяндешидани чораҳои зарурӣ зидди бемории нав аз вазифа барканор шуданд, аммо Ҷамолиддин Абдуллозода дар нахустин мусоҳибаи худ ба радиои “Озодӣ” иқрор кард, ки ҳеҷ гуна омилҳои пинҳон кардани сафи сироятшудагон аз коронавирус дар кишвари мо вуҷуд надорад, чунки дар мубориза бо ин беморӣ ва ҷустани роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии он пинҳон кардани ҳақиқати ҳол бар нафъи ҷомеа намебошад. Аммо зуҳури COVID – 19 дар кишвари мо аз як ҷониб нишон дод, ки тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кадом поя қарор доранд, аз ҷониби дигар зарурати иваз намудани масъулини асосии соҳаро ба бор овард. Бинобар ин, вазири нав таъингардида дар баробари фаъолияти гуногунҷабҳа боз тасмим гирифт, ки дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ тағйироти кадриро роҳандозӣ кунад. Маҳз ҳамин чораҷуиҳо ва пажуҳишҳои олимони соҳаи тиб буд, ки имрӯз мо нуктаи баланди пандемияро гузаштем ва аҳолӣ ваҳму тарсро, ки коронавирус эҷод карда буд, падруд гуфтанд. Аммо асоситарин натиҷаи фаъолияти ӯ аз ин иборат мебошад, ки ҳар фарди мубталошуда ба пандемияро кунун масъулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти назорат қарор дода, ҳар соат аз аҳволи бемор воқиф мегарданд. Гузашта аз ин, табобати беморони гирифтор ба коронавирус дар кишвари мо ройгон мебошад.
Ширин Қурбонова,
Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ
дар ноҳияи Шоҳмансур

