joomla
free templates joomla

АКАДЕМИК БОБО САНГИНОВ - СЕЛЕКСИОНЕРИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВА ДИГАР НАВЪҲОИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

3.41.jpg - 189.51 KB

   Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти комуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақши гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».  

        18 марти соли ҷорӣ дар суханронии навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиён, олимон ва аҳли эҷоди кишвар иброз намуданд: «Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва ҷорӣ намудани навгониҳо дар ин самт мо Академияи илмҳои кишоварзиро таъсис додем. Ва таъкид намуданд, ки…ҳарчанде, олимони соҳа дар бахшҳои мухталифи илми кишоварзӣ ба як қатор пешравиҳо ноил шуданд, аммо дар шароити рушди босуръати илм навовариву ихтироот ва таҳқиқоту бозёфтҳои онҳо ҳоло ҳам қаноатбахш нестанд: барои мисол ба сифати тухми ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум, намудҳои серҳосили пахта, тухмии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба табиати кишвари мо мутобиқанд, беаҳаммияти зоҳир мекунем».

           Имрӯз дар ҳақиқат ба назари мо ҳамчун мутахассис эҳсос карда мешавад, ки дар ин соҳа пайвасти дастовардҳои илму истеҳсолот пурра ба роҳ монда нашудааст ва аз захираҳои илмии интелектуалии мавҷуда ба таври зарурӣ, комил ва пурра истифода бурда намешаванд.

Вобаста ба муҳиммияти масъала, мо мехоҳем оид ба дастовардҳои илмии яке аз олими намоёни соҳаи кишоварзии кишвар Бобо Сангинов - аввалин селексионери тоҷик, академики  АИ ҶТ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Россия, ноиби президент - ташкилкунандаи АИКТ, президенти АИКТ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, ки беҳтарин фаъолияти кории ҳаёти хешро баҳри рушди корҳои селексионӣ ва тухмипарварӣ, аз ҷумла барои ба даст овардани навъҳои беҳтарини зироатҳои кишоварзӣ, хусусан пахта бахшидаанд, ба хонандаи азиз маълумот пешниҳод намоем.

     Академик Бобо Сангинов бо дастовардҳои назарраси худ дар соҳаи илми селексия дорои обрӯ ва эҳтироми сатҳи байналмилалӣ мебошанд ва рӯзҳои наздик аҳли илми кишвар ва дигар олимони кишварҳои дуру наздик 85-солагии зодрӯзи ин олими шинохтаро истиқбол мегиранд.  

   Академик Бобо Сангинов фаъолияти кории хешро соли 1953 пас хатми Техникуми агрономии шаҳри Истаравшан ба сифати сарагрономи колхози «Москва»-и ноҳияи Муъминободи вилояти Кулоб  оғоз намуда, солҳои 1953-1958 дар факултаи агрономаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (айни замон Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур) таҳсил намудааст. Солҳои 1958-1962 дар Пойгоҳи таҷрибавии водии Вахш ба сифати ходими калони илмӣ фаъолият намуда, ҳамзамон солҳои 1959-1962 дар аспирантура таҳсил ва таҳти роҳбарии академик В.П.Красичков пеш аз муҳлат рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Академик В.П.Красичков рисолаи илмии шогирдашро аз рӯи муҳтаво аз баъзе аз рисолаҳои докторӣ болотар арзёбӣ намудаанд.

    Академик Бобо Сангинов солҳои 1962-1974 ба сифати мудири шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахта, солҳои 1974-1991 ба сифати директор ва мудири шуъбаи селексияи тухмипарварии пахтаи бахши Вахши (ҳоло бахши Институти илмӣ-тадқиқотии «Зироаткор»-и ба номи В.П.Красичкови Вазорати кишоварзии Тоҷикистон (айни ҳол Институти илми тадқиқотии «Зироаткорӣ» назди АИКТ) фаъолият намудааст.

   Мавсуф олими пурмаҳсул буда, дар давраи фаъолияти кории худ тавонистааст, ки навъҳои гуногуни пахтаи маҳиннах ва миёнаннахи 5595-В, 6465-В, 6249-В,8686-В,8375-В, 8404-В, 6815-В, 8385-В,8408-В,8481-В,2928-В, 2379-В,2407-В, «Красичков-100» пешпазаки ба касалӣ тобоварро ба даст ихтироъ намояд, ки онҳо барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва селексияи пахта дорои аҳаммияти калони илмию амалӣ мебошанд.

   Бобо Сангинов бо мутахассисони соҳаи генетика, физиологияи, фитопатология, агрохимия ва мутахассисони саноати бофандагӣ ҳамкории зич доштанд. Навъҳои пахтаи 9326-В, 8809-В ва 748-В, ки аз ҷониби ӯ ихтироъ гардидаанд ба касалиҳои вилти фузариозӣ ва пӯсиши сиёҳи реша тобовар буда, сифати нахи баланд доранд ва дар шароити водии Вахш, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон то ҳоло

Гарчанде, ки худ дар бахши илми селексияи ватании пахта устоди ҳамагон буданд, вале барои пурзӯр гаштани бахшҳои селексияи тамоми зироатҳои кишоварзӣ доимо кӯшиш ба харҷ медоданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки академик Бобо Сангинов дар баробари навъҳои мухталифи пахта, ҳамчунин навъҳои юнучқаи В-233, В-300 ва В-416, навъҳои ҷави В-116, навъҳои ҷувории В-10, В-129, берсими Хатлон-3 ва дигар навъҳои зироатҳо ихтироъ карда шудааст, ки аз истифодаи ин навъҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳамасола фоидаи калони иқтисодӣ ба даст оварда мешавад.

Саҳми академик Бобо Сангинов хбахусус дар рушди селексияи картошка дар кишварамон арзанда мебошад.  

Соли 2007 бо тавсия ва роҳнамоии бевоситаи Бобо Сангинов дар Тоҷикистон аввалин навъи ватании картошкаи «Заррина» ба даст оварда шуд ва то кунун ин навъ аз ҷониби картошкапарварони водии Рашт ва дигар ноҳияҳои кӯҳистон парвариш карда мешавад.

    Академик Бобо Сангиновро ҳамеша талош меварзиданд, ки олимони институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур корҳои муштарапки илмиро ба роҳ монанд. Зимни ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ ба олимони тоҷик муяссар гардид, ки дар муддати даҳ соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз даҳ навъҳои нави ватании картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Рашт», «Ғончӣ», «Шукрона», «Файзобод», «Академияи илмҳо-1», «Сурхоб»,  «Нуриниссо», «Дӯстӣ», «Овчӣ»-ро ихтироъ намсоянд, ки айни замон дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар кишт карда мешаванд ва аз 350- 450 с/га ҳосил медиҳанд. Ба чунин дастовардҳои калони илмӣ ноил гаштани селексионерони тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бахши картошкапарварии мамлакат пеш аз ҳама аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич дорад.

   Хулласи калом, дар роҳи татбиқи дастовардҳои илмӣ дар бахши кишоварзии кишварамон  саҳми академик Бобо Сангинов ва як қатор олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ, хусусан шогирдони мактаби-илмии профессор Қ.А Алиев назаррас мебошад.

  Академик Бобо Сангинов дастовардҳои илмӣ кишоварзии тоҷикро дар конфронсҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ дар давлатҳои Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Шветсия, ИМА, Венесуела, Олмон Фаронса, Туркия, Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Чехословакия, Мексика, Сурия ва ғайра дар сатҳи баланд муаррифӣ намудааст.

    Дастовардҳои устод Бобо Сангинов дар солҳои гуногун чӣ аз тарафи Ҳукумати даврони Шуравӣ ва чӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ бо мукофоту унвонҳои олии давлатӣ, аз қабили агрономи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964), Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1970), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (1972), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2004) ва Ҷоизаи АМИТ ба номи Е.Н.Павловский (2014) қадрдонӣ карда шудааст.

    Бо мақсади ҷовидона гардонидани номи неки академик Бобо Сангинов кори хайр мебуд кӯчае дар шаҳри Душанбе, шаҳри Бохтар ва ё Институти илмӣ-тадқиқотии назди АИКТ, ба номи ин олими шинохта номгузорӣ карда шавад.

   Дастоварду натиҷаҳо ва хазинаи илмии академик Бобо Сангинов дар рушду нумӯи илми селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзии мамлакатамон хело арзишманд буда, чун мояи гаронбаҳои илми тоҷик солҳои сол барои таъмини амнияти озӯқавории кишвари азизамон мусоидат хоҳанд намуд.

 

Абдусаттор Саидов - ноиби президент-раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби  АМИТ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, Бахшулло Ҷумъаев - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, Қурбоналӣ Партоев - доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор.

 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан