Наҳзатиён ба чӣ даъват менамоянд?
Мехоҳам чанде аз андешаҳои хешро перомуни сулҳ ва ҳаёти осоишта, ки мо дар тӯли даҳсолаи охири қарни XX аз даст дода будем ва он қурбониҳое, ки халқи мо баҳри бозгашт ба меҳнати бунёдкорона ва оромии фарзандон, ҳамсарон ва падару модарони худ нисор карда буданд, пешкаши хонандаи закӣ гардонам.
Ин ҳавои софу беғубори Тоҷикистони азиз ба кӣ писанд нест? Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки муттаҳидии халқ дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои ниҳоии онҳо созгор нест. Халқи мо дар тӯли 15-17 соли охир дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба комёбиҳои бузург ноил гардид ва муътақидам, ки ҷиҳати бартараф намудани ноқисиҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ба мо лозим меояд, ки боз ҳам зиёдтар талош варзем, сатҳи дониш ва фарҳанги хешро боло бардорем. Агар баъзе аз шаҳрвандони собиқи мо ба иғвоҳои нерӯҳои мутаассиб нагаравида, роҳи ислоҳоти тадриҷии ҷамъият ва давлати худро интихоб мекарданд, халқи тоҷик метавонист боз ҳам дар сатҳи болотари ҳаёти ҷамъиятӣ қарор бигирад. Албатта, ба рақибони сиёсии халқи тоҷик ин роҳ писанд набуд, чунки онҳо аллакай дарк карда буданд, ки халқи бофазл ва соҳиби таҷрибаи ғании таърихӣ, ҳатман аз роҳи демократӣ ва тарзи ҳаёти дунявӣ гом хоҳад бардошт. Тоҷикон бо назардошти анъанаҳои таърихии хеш, ки дар тӯли қарнҳои зиёд аз фазолату фасоҳати аҷдодон ва арбобони бузурги худ таркиб ёфтаанд, манфиатҳои фарҳангӣ ва иқтисодии худро доранд.
Хизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба бозичаи дасти мустамликачиёни навбаромад, ки мехостанд бо истифода аз ноқисиҳои ҳаёти иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷударо ба як гӯшаи сиёсати ҷоҳталабонаи хеш ворид созанд, табдил ёфта буд. ҲНИТ ба заифии фарҳанги сиёсии аҳолии минтақаҳои алоҳида умед баста, ниҳоди хешро ҳамчун номзади бебаҳс баҳри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ пешниҳод кард.
Дар давраи муноқишаҳои ҳарбӣ, ки бо ибтикори пешвоёни ин ниҳод оғоз ёфта буд, намояндагони ин ҳизб минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистонро ба такягоҳи сиёсии хеш табдил доданд. Низоми авлодии роҳбарии ин ниҳод ба он оварда расонд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ касе аз хешовандони наздики пешвоёни ҲНИТ зарар надидаанд, зеро онҳо ба хориҷи кишвар фирор карда буданд. Дар натиҷаи ин сиёсати бемасъулиятонаи ҲНИТ садҳо ҳазор фирориён бехонумон шуда, ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик қурбон гардиданд.
Суол ба миён меояд, ки ҲНИТ имрӯз чӣ ҳадафҳоро думболагир аст ва дар замони осоишта баҳри рушди бунёдкоронаи ватан чӣ корҳое анҷом дода метавонанд? Аз нав роҳи таъқиб, таҳдид ва кушторро пешша карда, мардумро ба зиндагие, ки ба ҳадафҳои ҷоҳталабонаи «хоҷа»-ҳои хориҷии онҳо созгор бошад, маҷбур месозанд? «Хоҷа»-ҳои хориҷӣ бошанд, аъзоёни ин ниҳодро барои дурӯғ ва туҳмат нисбати халқи худ «олиҳиматона» қадршиносӣ мекунанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тарануми низоми демократӣ ва ҳукуқи инсон борҳо садо баланд карда, дар асл мехоҳад, ки аз нав ҷамъияти моро ба вайронӣ ва хараҷу мараҷ мувоҷеҳ гардонад ва кишвари моро аз хориҷ идора намояд. Онҳо аз нав моро бо лубиё ва орди заҳролуди «ёрии гуманитарӣ», ки бо ҷурми ба таъхир афтодани муҳлати истифодаашон бояд кайҳо нест карда шаванд, мехоҳанд таъмин намоянд.
Пурсида мешавад, ки ҲНИТ чанд мактаб ва беморхона, чанд чақрим роҳ, чанд истгоҳи хурди барқӣ ва чанд муассисаи саноатӣ бунёд кардааст? Мутаассифона, ягонто!!! Чунки онҳо ба ин кор қодир нестанд! Дар байни аъзоёни ин ҳизб ҳатто як ҳамшираи тиббӣ, ки қудрати иҷрои оддитарин амалиёти қабули валодатро аз модарони мо дошта бошад, як муҳандис, меъмор, нависанда, арбоби санъат (театр, синамо, ва мусиқӣ) вуҷуд надорад. Барои онҳо санъат, ки одамро ба андеша нисбати худ, оила ва наздикони хеш водор месозад, душмани ашаддӣ маҳсуб меёбад.
Агар дар ҷамъияти мо ноқисиҳо вуҷуд дошта бошанд, пас асоситарини онҳо нерӯи вайронкори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ноқисиҳои дигарро халқи бофазли тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳукумат ва Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон бартараф намуда, ба зиндагии арзанда ноил мегардад. Халқи тоҷик ҳаёти шоистаро тавассути ақлу заковати расо, меҳнати босубот ва аз роҳи ислоҳоти тадриҷии ҷамъият, бе вайронкорӣ, куштор ва маҳви анъана, фарҳанг, забон, хонаю дар, деҳот ва шаҳрҳои хеш бунёд хоҳад кард.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алҳол аз ҷониби «хоҷа»-ҳои хориҷии худ аз ҷиҳати молиявӣ таъмин мегардад. Агар ҳарфе бидуни манфиати «саробонон»-и худ иброз дорад, ба мискини бенаво табдил меёбад.
Мо ҳамватанони худро ба зиндагӣ ва меҳнати босубот, пеш аз ҳама баҳри рӯзгори ободи волидон, фарзандон ва осоиши Меҳани азизи хеш даъват менамоем ва таманно дорем, ки вақти қиммати худро, ки Яздони пок ба онҳо арзонӣ доштааст, баҳри меҳнати пурмашаққати ғуломона барои манфиати нафароне, ки хоҳиши бо меҳнати ҳалол дар Ватан зиндагӣ карданро надоранд, баҳри онҳое, ки чеҳраи «манфури» хешро таҳти чодари пурҷилои сабз ниҳон кардаанд, сарф нанамоянд.
Ходими илмии шуъбаи
таърихи навини Институти
таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии АМИТ Ҷ. Мирзоев

