joomla
free templates joomla

Бингар ки чӣ мегӯяд, мангар ки кӣ мегӯяд?

 

3.39.jpg - 117.62 KB

Раддия ба мақолаи  “Фарзияҳои беасос”   “-и Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, рузномаи “Адабиёт ва санъат”, 6-уми феврвли соли 2020, № 6 (2029)

                                                                                                Яке чиз гирд орад аз ҳар даре,

                                                                                               Кашад ранҷу осон хурад дигаре.

                                                                                                                              Асадии Тӯсӣ

 

   Банда монанди ҳар як тоҷики китобдӯсту китобхон ибтикори шоистаи Пешввои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар боби роҳандозии нашри беназири тазкираи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб»-ро самимонаву хушдилона пазируфта, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқаш кардаму мекунам. Мутаасифона, саҳлнигориҳое, ки дар мавриди таҳияву нашри силсила роҳ ёфтаанд, маҷбурам доштанд, ки баъзе фикру андешаҳоямро бидуни ғаразу хурдагирие пешкаши умум гардонам.

    Ин аст ки  камина мақолае зери унвони «Асардуздӣ дар рӯзи равшан» (“Адабиёт ва санъат”, № 7(1978) аз 14 феврвли соли 2019) мақолае  ба табъ расонида, хостам, ки проблемаи мазкурро  мавриди баррасӣ қарор диҳам. Дар навиштаам ман ба иззати нафси касе нарасидаам, ному насаби касеро ҳам дар он зикр накардаам. Танҳо, хостам, ки пеши роҳи чунин бесарусомониҳо гирифта шавад ва ин тамоюл хусусияти домиро гирад. Умумӣ гуфта бошам ҳам, бархе худро шинохта сару садо баланд карданд. Аз ҷумла, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, баъди хомӯшии дурудароз, баъд аз як сол ба навиштаҳои ман  раддияи беасосе навишта, шахсияти маро мавриди интиқод ва тамасхур қарор додааст. Ӯ мисли девори намкаш навиштаҳои маро ба худ хос дида, парда аз рӯи масъалаи дорои хуфият бардоштааст. Аслан, барои ман аён аст, ки ин “шоиру олим” дар ҳама ҷо худро алломаи беназир муаррифӣ мекунад, худашро дар шеъру олимӣ аз ҳама болотар мешуморад, суханҳои қабеҳеро дар ҳаққи дигарон раво медорад. Агарчи дашному ғайбати бетпмизонаи ӯ ба ман расида бошанд ҳам, дар ибрози ҷавобашон таҳамул пеша кардам. Ба ин қонеъ нашуда, ба мақолаи фавқуззикри инҷониб ҷавоб навишт. Биноан, ман салоҳ донистам, ки ҷавобе ба эродҳои бебунёди мавсуф нависам, то хонандагони арҷманд аз асли ҳол огоҳиибештаре пайдо кунанд.

    Адабиёти оламшумули тоҷик уқёнусест, ки ғаввосони маъонӣ садсолаҳои дигар дар умқи он ғута хӯрда марворид ҷӯянд ҳам, он ҳамоно пур аз гавҳарҳои сероолби қиматбаланд боқӣ мемонад. Яъне, ҷараёни омӯзиш, таҳқиқ ва таҳияи мутуни он осори пурғановатбеохир буда, месазад паҳлӯҳои омӯхтанашудаи онро олимону «матншиносони варзидаи имрӯза», ки худро дар ҳама ҷо чуноне муаррифӣ мекунанд, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳанд. Афсӯс, ки мавод барои чопу музди муфте  гирифтан хеле дандоншикан асту вақту кӯшишу таҳаммули зиёдеро тақозо мекунад.

     Дар даврони шӯравӣ Институти шарқшиносии АИ ҶТ  аз муассисаҳои бузургу дараҷаи аввал дар байни тамоми муассисаҳои акдемикии АИ СССР ҳисобида мешуд. Ин маркази номӣ бо талошу заҳмати бевоситаи олимони  дурбину дилсӯзе чун Б.Ғ. Ғафуров, С.У. Умаров, Е.Э. Бертельс, А. Мирзоев ва дигарон бунёд гардида,  дар он беҳтарин матншиносону хаттотонро гирд оварда буданд. Ин буд, ки батадриҷ як мактаби бузурги матншиносӣ таъсис ёфт ва олимони зиёде дар домани он парварида шуданд. Намунаҳои беҳтарини осори классиконро дар Душанбе ба алифбои кириллӣ  ва дар Маскав ба алифбои ниёкон ба табъ расониданд. Дар ин кори бузург олимони варзидаи кишварамон Абдулғанӣ Мирзоев, Аълохон Афсаҳзод, Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимардонов,Чобулқо Додалишоев, Асғар Ҷонфидо, Абдуллоҷон Ғаффоров, Камол Айнӣ, Ҳусейн Аҳмади Тарбият, Саҳобиддин Сиддиқов, Абӯбакр Зуҳуриддинов   заҳмати зиёде ба харҷ дода буданд. Дар ҳамин замина мехостам андешаҳои худро дар  боби таҳия ва нашру дастраси мардум гардонидани осори Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ иброз намоям. Нахуст дар таҳияи осори безаволи Абдураҳмони Ҷомӣ (ба муносибати 770-солагии зодрӯзи шоир) мунтахаби эҷодиёти шоир бо раҳбарии олим ва муҳаққиқи варзида Аълохон Афсаҳзод таҳия ва ба чоп расонида шуд.  Чун тамоми зиндагии устод Аълохон Афсасаҳзод ба таҳқиқу баррасии паҳлӯҳои гуногуни рӯзгору осори Мавлоно Ҷомӣ пайванди ногусастанӣ дошт, дар баробари дигар тадқиқоташ, аз таҳияву нашри осори Мавлоно Ҷомӣ даст накашид. Матни интиқодии се девони Абдурраҳмони Ҷомиро  дар асоси даҳҳо нусхаҳои нодиру мукаммал таҳия ва дар Маскав ба табъ расонид. (“Фотиҳат-уш-шубоб”, шуъбаи адабиёти “Ховар”, Маскав 1978, “Воситат-ул-иқд” ва “Хотимат-ул-ҳаёт” шуъбаи адабиёти “Ховар”, Маскав 1980).  

    Бояд таъкид намуд, ки шодравон Аълохон Афсаҳзод тамоми осори форсии Мавлоно Ҷомиро таҳия кардаву ба табъ расонида буд. Баъд аз  нашри корҳои анҷомдодаи устод дар матбааи «Мероси мактуб»-и Эрон, комиссиюни тахасусӣ мукофоти олии матбааро баъд аз марги эшон ба ҳамсару фарзандонашон супурданд.

   Солҳо гузаштанду муассисаи беҳтарини АИ Иттиҳоди Шӯравӣ чанд бор ба чунин номҳо - Институти шарқшиносӣ, Интитути шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва Маркази мероси хаттӣ  ивази ном кард. Дар давоми ин солҳо Фонди дастнависҳои шарқии ба номи акдемик А. Мирзоев аз як муассиса ба муассисаи дигар мегузашт. Бештари олимони барҷаста ҳаётро падруд гуфта, аз худ осори илмии зиёдеро ба мерос гузоштанд, ки як қисми онҳо ҳанӯз ба табъ нарасида буданд ва ин омил  барои ҳаннотону муфтхӯрон луқмаи бедардимиёне гардид.

       Модоме ки Аълохон Афсаҳзод мероси Ҷомиро ҳаматарафа мавриди омӯзишу таҳия қарор додаву дастраси умум гардонида буд, зарурате набуд, ки самараи заҳмати ӯро касе таҳти номи худ аз нав ба табъ расонад! Осори ба забони арабӣ таълифнамудаи  Мавлоно наомӯхта монд ва касоне, ки даъвои Ҷомишиносӣ мекунанд, чаро барои нашри осори то кунун омуханашуда ва чопнашудаи Ҷомӣ кӯшиш накарданд?! Китобҳои зиёде бо унвони «Мунтахаби осори Ҷомӣ» дар матбааи «Дониш», «Адиб»  ва «Маориф» дар таҳияи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба табъ расиданд, ки дар мавриди таҳияашон «муаллифи дуюм» заҳмате накашидааст. Ӯ тавассути дастгохҳои компютерӣ онҳоро баргардон намуда, ба хотири ҳаққуззаҳма таҳти номи худ ба табъ расонид. Ман мутмаинам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар пояи Аълохон Афсаҳзод набуду ба он поя нахоҳад расид. Ӯ, ки маҳз бо дастгирӣ ва раҳнамоии устод «матншиносу олими машҳур» гашт,  виҷдонаш  боре азоб надод, ки осори устодро дидаю дониста тасарруф кард! Оё Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз устод А. Афсаҳзод болотару беҳтар чизе ёфтаву гуфта метавонад?! Хеҷ гоҳ!

       Нафси ин олими муфтхор ба иллати беназоратӣ дар соҳа доманадор шуда буд. Ӯ дид, ки касе пишакашро пишт намегӯяд, хоки дари Сафорати Покистонро охурча карда роҳ ёфту ба масъулони даргоҳи дипломатӣ   онҳо ваъда дод, ки «Куллиёт»-и Иқболи Лоҳуриро аз матни аслӣ ба алифбои кириллӣ бармегардонад. «Мунтахаб»-и Иқболи Лоҳуриро шарқшиносони тоҷик Шарафбону Пулодова, Абдуллоҷон Ғаффоров ва Сайфиддин Акрамов ба алифбои кириллӣ баргардонида бо шарҳу тавзеҳот ба табъ расонида буданд. Баъдан, матни пурраи «Куллиёт»-и Иқбол аз ҷониби Ҷобулқо Додалишоев, Шарафбону Пулодова ва Хуросонӣ таҳияву нашр гардид. Ҳангоми дубора ба чоп омода кардани «Куллиёт»-и Иқболи Лоҳурӣ Ҷ. Додалишо дар қайди ҳаёт набуд ва ба таври автоматӣ номи ӯ хат зада шуд. Танҳо бо пойфишории зиёд ба муаллима Шарафбону Пулодова муяссар гардид, ки Хуросонӣ номи ин олимаи пухтакорро ба кори “ҳаққулҳалоли худаш” илова кунад. Муаллимаро суханҳои пасту баланди зиёде ҳам гуфта буд, ки ӯ аз “олими пешгом” хело ҳам ранҷида буданд.  Нусхаи хаттие аз Иқбол дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки  аз назари олимони зикргардида дур афтода бошад, аммо “олим”-и мо, ки аллакай мазаи нони муфтро чашида буд, онро аз рӯйи матнҳои таҳияшуда аз нав рӯйбардор карда, ба Сафорати Покистон пешниҳод кард ва бо кумаки сафорати мазкур ба табъ расонид. Сипас миқдори зиёди китоби нашршударо аз ҳисоби сафоратхона гирифта, ба мағозаҳои гуногуни китобфурӯшӣ супурд, ки то кунун ҳам дар баъзе дуконҳои китобфурӯшӣ дида мешаванд. Як корманди воқиф аз раванди кор дар сафорат гуфт, ки сафири Покистон аз олими мо ҳасосият (аллергия) пайдо карда буду ва вақтҳои ахир хоҳиш мекард, ки Хуросониро назди ман дигар роҳ надиҳанд. Ба ҳар ҳол, онҳо аз рафтуомади зиёд олими мо ба ҷон расида,  ӯро  ба мукофоти баланди кишварашон пнешниҳод карданд. Ба ин ҳам нигҳ накарда ӯ боз чандин мартиби дигар ба ин сафоратхона рафт. Сафир маҷбур шуд,ки ба Академияи илмҳо шикоят кунад...

     Баъд аз нашри «Куллиёт»-и Иқбол адабиётшинос Сайфиддин Акрамов аз тариқи рӯзнома андешаҳои худро бо далелҳои фаровон иброз дошта, дар тақаллубкорӣ Хуросониро муттаҳам низ карда буд.

Акнун “олимми шинохта”-и мо мазаи кумки сафоратхонаҳоро бештар чашида, нақшаи таҳияи китоби таҳияшудаи дигареро пеш гирифт.

     Чанд сол баъд аз ин (пинҳонӣ!) Хуросонӣ  «Хамса»-и Низомии Ганҷавиро баъд аз охурча кардани остонаи  Сафоратхонаи Озарбойҷон ва тамаллуқкорииҳои зиёд, дар як ҷилди калон чоп кунонду соҳиби маблағи хубе гардид. Аслан, барои таҳия ва ин асари безаволи Низомии Ганҷавиро (ба муносибати 700-солагии зодрӯзаш) як сектори калони  матншиносӣ бо раҳбарии А. Афсаҳзод ва иштироки матншиносони варзида Ҷ. Додалишоев, А. Алимардонов, М. Бақоев, А. Девонақулов, А. Ҷонфидо аз рӯйи нусхаҳои хаттии зери рақамҳои 817, 1631, 3310, 1313– маҳфузи ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ таҳия намуда ва ба табъ расонида буданд. Гурӯҳи олимони тоҷик нашри интиқодии достонҳои «Хамса»-ро, ки аз ҷониби шарқшиноси маъруфи шӯравӣ Ғазанфар Алиев таҳия гардидаву соли 1961 дар Маскав бо алифбои форсӣ чоп шудааст, истифода бурдаанд. Ҳамчунин, аз нусхаи «Куллиёт»-и Амир Хусрави Деҳлавиро, ки зери рақами 1622 дар китобхонаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград, нусхаи дигари он маҳфуз дар Китобхонаи оммавии ба номи Салтиков –Шедрин (зери   рақами 2971), нусхаи «Панҷ девон»-и Амир Хусравро, ки таҳти рақами В169 дар  китобхонаи Шуъбаи Ленингради Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР нигаҳдорӣ мешавад,   пурра мавриди истифода қарор додаанд. Он кори бузург дар давоми панҷ сол омодаву мунташир гардида, хайати бонуфузи олимони тоҷик монанди М. Турсунзода, М. Осимӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳодизода, Б. Сирус, М. Бақоев онро таҳрир кардаву барои чоп тавсия дода буданд. А. ХуросоА. Хуросонӣ бошад, ба мақсади ба чашми хонанда хок пошидан “Хамса”-и Низомиро аз тариқи нашриёти “Адиб” бори дувум ба нанр расонида, дар ин нашр номи устод Аълохон Афсаҳзодро, ки дар қайди ҳаёт нестанд, илова намуда, муаллифини дигарро “фаоромуш” кардааст. Пас суоле ба  иён меояд, ки оё таҳияи  матни илмӣ-оммавии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ дар муддати хеле кӯтоҳ  аз ҷониби Хуросонӣ ва ҳамқаламу ҳамқадамаш муаммо нест?! Ҳирси пайдо намудани музди муфт инсонро ба пастиву разолат мекашидааст ва ин рақам фурӯмоягиву нокасӣ ҳатто ба устодоне, ки ӯро ба воя расондаанд, хиёнат мекунад! Оё ин ҳам фарзияи беасос аст?!

         Ҳангоми таҳияи ин осори безавол Хуросонӣ лаборанти ҳамин шуъба буду ман боварии  комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ ӯро А. Афсаҳзод барои таҳияи он ҷалб нанамуда «олими машҳури мо» дар муддати кӯтоҳе дар як ҷилди хело бузург онро ба Сафорати Озарбойҷон пешниҳод намуда, дар бадали он музди ҳангуфте ҳам гирифт! Оё ин аз рӯйи инсоф аст?! Чаро ин корҳои ғайри мунсифона ба зуҳур мепайванданд?! мекунанд?! То ба кай ин аҳвол давом мекунад?!          Комиссияи ташхиси ин соҳа чанд рисолаи илмиро фош сохта буд, ки ҳамагӣ 30-35 фисад аз дигар корҳои илмӣ рӯйбардор шудаанд! Олимони мо бошанд100 фисад корҳои дар асри 20-ум анҷомдодаи дигаронро  рӯйбардор мекунанду пул ҳам мегиранду худро дар ҳама ҷо поку беолоиш муаррифӣ мекунанд! Оё ин дуздии рӯйрост нест?! Мақомоти дахлдор боре таваҷчуҳ накарданд, ки маблағҳо барои кадом заҳматҳояшон ба “муҳаққиқони тозакор” пардохт шудаанд?!

     Имрӯз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ  барои сафед кардани худаш «далеҳои зиёде» овардааст, ки дурӯғи беасосанду аз инсоф дуранд. Осори дигар матншиносоне, ки дар солҳои нооромии кишвар нақли макон карданду фавтиданду чизе бо худ набурданд, дар даст нестанд. Ҳомӣ ва вориси ягонаи ин шуъбаи мукаммал, ки сандуқҳои оҳанинаш пур аз маводи батабънарасида буданд, танҳо ҳамин нафар боқӣ монд. Бештари осори бо даст навиштаи онҳо ва чопи мошинкашуда беному нишон гаштанд! Мутаасифона, касе онҳоро пайгирӣ накард. Агар дар давоми 5-10 сол як шуъба се то чор асари хаттиро таҳия мекарду ба нашр мерасонд, «олими варзидаи мо» дар як сол панҷ-шаш китобро танҳо худаш  ба табъ мерасонад. Агар вақту меҳнати онро бо забони рақамӣ қиёс кунӣ, ӯ бояд дар як шабонарӯз аз 24 соат зиёд беист кор карда бошад. Ӯ бо ноширон забон як карда, китобҳои зиёдеро чоп намуд, ки дар таҳияашон миёнаш дарде накардааст. Ман бисёр мутаассифам, ки чаро ворисони устодон боре ҳам овоз набароварданду пеши роҳи чунин моли мардумхӯронро нагирифтанд?! Ақаллан, барои поси хотири падарони бузургашон эътироз накарданд, хотир диданд!

    Имрӯз бетарафӣ дар ҳама ҷой ҳукумрон аст. Чаро мо бетараф бошем, чаро мо гуфта натавонем, ки бас аст дуздиву рӯйбардоркунӣ ва азхудкардани моли ҳаллои дигарон! Касе ҷилави ин амали номатлубро намегирад, аммо пурсиши он ҷо дорад ё не? Мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар ин маврид чӣ корҳое анҷом додаанд ва дар ҷавоби ин нобасомониҳо чиҳо мегуфта бошанд?!

     Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар Фонди дастнависҳои шарқии ба номи академик А. Мирзоев дафтарҳои қайди махсус ҳифз карда мешаванд. Дар тӯли солҳои зиёди мудири шуъбаи матншиносӣ буданаш Алии Мухаммадии Хуросонӣ дастнависе нагирифтаасту варақе ҳам назадааст. Тамоми корҳои ӯ аз рӯйи матнҳои қаблан таҳияшудаи ватаниву интишори  Эрон таҳия гардидаанд. Ҳеҷ гоҳ ӯ худро заҳмат надодааст. Дар давоми 18 соли мудири шуъбаи матншиносӣ буданаш ин шуъба аз рӯйи ягон датнависи наомӯхта кор накардааст. Танҳо аз нашрҳои эронӣ истифода бурда шудааст Ҳол он ки тамоми фаъолияти ин шуъба дар асоси нусхаҳои хаттии дар захираи Маркази мероси хаттӣ маҳфузбуда сурат бояд мегирифт.

     Номбурда дар ҳар як муқаддимаи таҳиянамудааш «дар тадқиқ, таҳия, тадвин ва шарҳи луғоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ» омадааст, ки ҳама сирқату бардурӯғанд!  Модоме, ки нашри кириллӣ аз рӯйи асари дар Эрон  чопшуда таҳия мешавад, танҳо «баргардон ба алифбои кириллӣ» бояд навишта  шавад, на «дар тадқиқ ва таҳияи...». Тадқиқу таҳия дар сурате, ки барои як варақи дастнависро хондан даҳҳо рӯз сарф мешавад ҳукми қонунӣ мегирад. Агар матн бо хатти шикаста навишта шуда бошад, хондану баргардонидани он вақти зиёдеро талаб мекунад. Дар нақшаи инфиродии кормандони илмии шуъбаи зикргардида таҳия ва тадвини матн дар як сол 4 ҷузъи чопӣ муқаррар шудааст, аммо «матншиноси варзидаи  мо» дар як сол 4-6 китоби мукаммал ба нашр мерасонад. Хонандаи закитабъ аҳамият дода бошад, оё воқеист, ки як нафар аз рӯйи нусахи хаттӣ чунин кори бузургеро дар як сол анҷом диҳад?! Танҳо аз алифбои кириллӣ  ба кириллӣ  бе дарди миёну заҳмати гарон рӯйбардор кардаасту бас! Бо он ки дар ягон мисрае вазн ғалат омада бошаду  онро шоири ҳамадон ислоҳ карда бошад, ҳуқуқи онро надорад матнеро, ки  солҳо олимон бо заҳмати зиёд аз рӯйи нусхаҳои хаттӣ таҳияву нашр кардаанд, ба номи худ аз нав ба дасти нашр супорад!

     Дар арафаи ҷашни 700-солагии Саййидои Насафӣ Хуросонӣ куллиёти Саййидоро  «таҳия» карда, аз тариқи нашриёти «Дониш» ба табъ расонид ва «нусхаҳои иловагӣ» низ чоп кунондаву ба маблағҳои ҳангуфт фурӯхт. Агар касе онро ба матни илмӣ-оммавии девони Саййидо, ки аз ҷониби Нодир Шанбезода ва матни илмӣ-интиқодии он, ки аз ҷониби Ҷобулқо Додалишоев  дар асоси тамоми нусхаҳои хаттии маҳфуз дар Захираи дастнависҳои ММХ ба дасти чоп расиданд, муқоиса кунад, дарк мекунад, ки «муаллифи нав» ягон  ихтирое ва ё навоварие накардааст! Агар  мехост, ки воқеан куллиёти Саййидоро нисбатан мукаммалтар омодаи чоп кунад, чаро ба «Радоиф-ул-ашъор»-и рақами 2256-и ММХ муроҷиат накард?! Чаро ақаллан як баёзро, ки  ба қавли худаш, доимо бо ғурур «ман ин матро бо фалон китобҳо муқоиса ва муқобала кардаам» мегӯяд, қиёсу муқобила накард?!

      Воқеан, ба иттилои хонандагони арҷманд мерасонам, ки ин “Радоиф-ул-ашъор” қариб дар замони Саййидо мураттаб гардидаасту дар он 141 ғазали Саййидои Насафӣ ва дар охираш «Баҳориёташ» ба шакли пурра оварда шудаанд.  Зиёда аз 10 ғазали  дигари Саййидо дар ин маҷмӯа оварда шудааст, ки онҳо дар нусхаҳои хаттии девони Саййидои маҳфузаи  Захираи дастнависҳои ММХ ва шуъбаи дастнависҳои Китобхонаи миллӣ ва нашри кирилливу интиқодӣ дида намешаванд. Акнун, хонандаи муҳтарам, қазоват кунед, ки оё далели овардаи ман беасос аст?! Модоме ки «матншиноси беназир» дар тамоми ВАО бо карру фар худро ситоиш карда, ба чашми ҳамагон хок пошида, «ман инту кардаму онту» «Саййидоро бо ин қадар заҳмат таҳия кардаам» мегӯяд, ҳама бовараш мекунанд?! Аслан ӯ коре накардаасту танҳо аз матни криллии Нодир Шанбезода боз ба кириллӣ баргардон кардаву бо матни интиқодӣ муқоиса кардааст. Ба ҷалби нусхаҳои хаттӣ ҳоҷат набуд, зеро шодравон Ҷобулқо Додалишоев ҳамаи он нусхаҳоро пурра истифода кардааст.

      Ба ин даъвогари ҳамадон кӣ ҳуқуқ додааст, ки «Достонҳои «Шоҳнома»-ро, ки устод С. Улуғзода навишту ба табъ расонид, аз номи худаш бознашр кардаву номи устодро “нигориши Сотим Улуғзода ва таҳияву тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ”   нависад?! Ин ба хотири он буд, ки дар маъмурияти нашриёти «Адиб»-и ҳамон сол  одамони наздикаш  кор мекарданду гонорари калоне ба номи ӯ навишта буданд. Ин «олими барҷаста» аз ҳеҷ иқдоми ғажде пой барнамегирад. Пой ба рӯҳи поки устод Улуғзода ҳам гузошт! Вақте ки «Достонҳои «Шоҳнома»-ро устод навишта буданд, ӯ дар курсии мактаби миёна ё донишгоҳ менишаст.

    Бори дуюм “Достонҳои “Шоҳнома”-и таҳияи Сотим Улуғзодаро аз тариқи Нашриёти “Маориф ва фарҳанг” зимни силсилаи “Китобхонаи мактаб” чанд маротиб ба чоп расонид ва ҳақуззаҳма гирифт.

     Оё ин ҳам далели беасос аст?! Чаро аҳли зиё ва хусусан адабиётшиносони муҳтарами мо ба ҳамаи ин тақаллубкориҳо чашм мепӯшанд? Чаро ақаллан касе садо набароварду ҳама худро бетараф нишон доданд?! Сотим Улуғзода куҷову Алии Муҳаммадии Хуросонӣ  куҷо?! Агар мо чунин зуҳуроти номатлубро идома диҳем, фардо чӣ мешавад?! Ҳамаро фаромӯш  мекунем, беҳтарин муҳақиқину осори барҷастаи онҳоро медуздем! Даҳ –  бист сол баъд асарҳои тадқиқотии онҳоро ҳам азони худ мекунем!
          “Олими барҷастаи мо” мунтахаби рубоёти Мавлоно Румиро ҳам «ба табъ расонид», (Ҷалолиддин Балхии Румӣ. Мунтахаби рубоёт.–Душанбе: «Адабиёти бачагона», 2014), ки онро шодравон Зафар Зарифов солҳои 80-ми асри гузашта таҳия кардаву ба табъ расонида буд. Кори анҷомдодаи Зафар Зарифовро, ки мавзӯи рисолаи номзадиаш ҳам буд, фаромӯш карданд! Афсус, ки З. Зарифов дар қайди ҳаёт нест, вагарна, ин амали номатлубро кайҳо пайгирӣ мекард. Ҳоҷат бар он набуд, ки он ба ному насаби таҳиягари дигар нашр гардад. Дар хориҷа садҳо сол осори илмиву адабии классикону муосиронашонро бо ному насаби муаллифони аввалӣ  бознашр мекунанду ҳаққи заҳмат ба ворисонашон  пардохта мешавад, чанд насле гузашта бошад ҳам! Касе набошад, дар сурати рӯйбардор намудан (плагиат) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.  Аммо мо ба куҷо менигарем?! Чаро сирқати рӯйростро фошу маҳкум намекунем?!

Чаро касе, ки ба чунин амали паст даст мезанад, боре панди Авҳадиро ба хотир намеорад, ки гуфта:

 Илмро доми молу ҷоҳ масоз,

Бар раҳи худ зи ҳирс чоҳ масоз!

   Соли 2014 нашриёти “Адабиёти бачагона” Ҳикмати “Авесто” –ро дар силсилаи “Китобхонаи мактаб” бо зикри таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба табъ расонид. Муаллиф дар мақаддимаи навиштааш чунин гуфтааст: “тазеҳоти мухтасар, ки дар фароварди китоб ҷой дорад, мухтасаре аз заҳамоти Ҷалили Дӯстхоҳ буда, дар фаҳми матнҳо ҷойе барои мо дастёри беминнат мебошад...” Модоме, ки чунин бошад, чаро дар саҳифаи аввал “дар ...шарҳи луғоти Алии Муҳаммади Хуросонӣ” омадааст, ки хилофи муқаддимаи навиштаи “муаллиф” аст? Мутаасифона матни таҳиякардаи “олими ҳамадони мо” аз руйи матни тарҷумаи форсӣ ба хонандаи тоҷик тамоман нофаҳмо аст. Шояд ба маънии пурраи он худи муаллиф ҳам сарфаҳм намеравад. Аз тарафи дигар мутмаинам, ки муаллифи китоб забони авестоиро умуман намедонад ва ҳуқуқи маънавии таҳияи онро надорад. Танҳо чунин кор ба хотири худнамоӣ ва гонорар мебошад.

         Шоҳкориҳои охири Хуросонӣ дар силсилаи “Ахтарони адаб” “Чаҳорбоғи ғазал”, (Душанбе “Адиб”, 2018) мебошад, ки ӯ дар як ҷилд ғазалҳои Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ ва Ғании Кашмироро дохил намудааст. Дар таҳияи ин ҷилд ӯ пурра аз рӯйи корҳои анҷомдодашудаи олимони матншишосе, ки доимо ҳамроҳашон нон мехӯрд, сирқат намудааст. Зарур донистам, ки барои шиносоии пураи хонандагони арҷманд табъу нашр шудани осори ин шоиронро биёрам:  Шавкати Бухороӣ “Нури аср”, (Душанбе. Нашриёти “Ирфон”, 1986),  таҳиякунандагони матну луғот ва муаллифони пешгуфтор Амрияздон Алимардонов, Ҷобулқо Додалишоев, Асғар Ҷонфидо; Ғании Кашмирӣ”Мунтахабот” (Нашриёти “Ирфон” 1978),тартибдиҳанда ва муаллифи муқаддимаву тавзеҳот Абдуллоҷон Ғафоров; Клими Кошонӣ “Гули хурше”,(Нашриёти “Ирфон”, 1985), мураттиб ва муаллифи сарсухан Шамсиддин Нуриддинов; ва Толиби Омулӣ низ ба ҳамин тартиб сирқат карда шудааст. Дар шарҳи луғоти осри зикргардида тавзеҳоту шарҳи луғот ба тавзеҳоту шарҳи луғоти осори қаблан нашргардида мувофиқат намекунад. Гумон меравад, ки “олими мо” ин бахши осорашро стандартӣ барои ҳамаи китобҳояш қаролр додааст.

      Мутаасифона, А.М. Хуросонӣ дар ин майдони талаву тороҷи заҳматҳои олимони забардаст ва аз ҳаёт даргзаштаи мо танҳо нест. Соли 2019 “Тӯтинома”-и Зиёддини Нахшабӣ дар таҳияи Содиқи Завқӣ аз тарафи нашриёти “Адабиёти бачагона” ба нашр расид. “Таҳиягар” дар ягон ҷойи китоб манбаи истифодакардаашро нанавиштааст. Ин пурра аз рӯйи “Тӯтинома”-е, ки Шодравон Амрияздон Алимардонов таҳия намуда буд, рӯйбардор шудааст. Пеш аз он, ки ба чунин амал касе даст мезанад, оё аз Худо наметарсад, оё ин ному нони ҳалол аст? Дар кишвари осуда зидагӣ дорад, гумон намекунад, ки қонун рӯзе аз доманаш мекашад?  Маъмурияти нашарётҳо ба куҷо менигаранд? Агар маъмурияти нашриётҳо ио осорро бори дигар бознашр намуда муаллифони аслиро зикр кунанд, амри хайру кори савобест.

Барои пеши роҳи чунин амали номатлубро гирифтан мақомоти алоқаманд чораҳои бетаъхиру муассир бояд андешанду ноширони муҳтарам осори аллакай таҳқиқшуда ва қаблан нашргардидаро бо ном ва насаби муалифони аслиашон бознашр намоянд.

     Чунин аъмоли номатлуб ба ҷое расид, ки Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар 18 марти соли 2020 ба ҳамин мавзӯи асардуздӣ дахл карда, таъкид намуданд, ки ба мақсади пешгирӣ намудани асардуздӣ (сирқат) дар риёсатҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази миллии патент ва иттилоот харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор ва сабту нигоҳ доштани рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва  мавзӯъҳои илмии  таҳқиқшудаистода инчунин, ташкил намудани шабакаи махсус дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мақсад мувофиқ аст.

  Тамоми соҳаҳои зидахл бояд, ҳатман, тибқи пешниҳодоти Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал кунанд.

    Албатта, дар як мақола тамоми амалҳои номатлуберо, ки мутаасифона аз ҷониби як идда «аҳли таҳқиқ» сар задааст, фаро гирифтан хеле душвор аст. Тамоми осоре, ки барои «Китобхонаи мактаб» таҳия ва нашр шудаанд, низ ба ҳамин усул анҷом ёфтаанд.  Дар бораи китобҳои дигари таҳиянамудаи чунин “олими матншинос” агар зарурат бошад дар ҷавобномаҳои баъдӣ иттилоъ хоҳем дод.

         Алҳақ,

Дар соҳили дарё садафе дида тиҳӣ,

Лоф  аз таги дарёву гуҳар, яъне чӣ?!

Сайидхоҷа Ализода, номзади фанҳои филологӣ

                                                                                                                              бознашр аз "Адабиёт ва санъат" 18.06.2020 

                                                                                                                              №25(2048)

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан